Дар нигористони сухан
Матлаъ ва вижагиҳои он
Обид Шакурзода
МАТЛА́Ъ مطلع лафзи арабист – маҳалли тулуъ; ҷойи баромадани Офтоб, хостгоҳ ва сароғоз. Дар истилоҳи бадеъ ба нахустин байти шеър (маъмулан қасида ё ғазал) гуфта мешавад, ки бояд ҳар ду мисраъи он ҳамқофия бошанд, монанди ин байти қасидаи маъруфи Рӯдакӣ:
Маро бисӯду фурӯ рехт ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал, чароғи тобон буд.
Дар баъзе аз китобҳои балоғӣ байти аввали ғазал ва қасида ва ба таври куллӣ, оғози каломро матлаъ дар назар гирифтаанд. Ба эътиқоди олимони балоғат матлаъ бояд дар лафзу маънӣ дилнишин бошад, то шунавандаро ба рағбату нишоте оварад, ки аз боқии ашъор дил наканад. Агар хилофи ин бошад, гӯш онро радд мекунад ва қалб онро меафканад, агарчи боқии калом дар ниҳояти зебоӣ бошад.
Матлаъро дар илми бадеъ «ҳусни матлаъ» (бароату-л-матлаъ) ё «ҳусни ибтидо» низ гуфтаанд, ки дар китобҳои балоғии гузашта бештар бо унвони «ҳусни ибтидо» матраҳ буда, яке аз орояҳои адабӣ ва аз мавзуъҳои нақди адабии қадим ба шумор меравад. Ҳусни ибтидо он аст, ки суханвар дар оғози каломаш аз назари назму сабк зеботарин, нозуктарин, салистарину некутарин алфозро ва аз назари сохт саҳеҳтарини онҳоро ва аз назари маънӣ возеҳтарини онҳоро холӣ аз ҳашв ва сустию печидагӣ бармегузинад. Аз ин рӯ бархе аз мунаққидон онро дар гурӯҳи санъатҳои лафзӣ-маънавӣ овардаанд.
Ба эътиқоди адабиётшиносон шоир бояд дар матлаъ аз овардани калимоте, ки ба ҳасби тафаъул нек набошад, парҳез кунад. Ҳамчунин мутакаллим суханаро бояд ба калимоти мустакраҳу нописанд ибтидо накунад, магар ки марсия ё ҳаҷв бошад. Дар матлаъ, ба таъбири Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Муъҷам», бояд аз алфози зебо истифода шавад ва маънии байт ба зикри абёти баъдӣ вобаста набошад ва миёни ду мисраъ муносибати комил вуҷуд дошта бошад, ба гунае ки лафзу маънӣ бо якдигар бегона набошанд. Ба таври умум, матлаъ бояд ба наҳве барҷаста бошад, ки «шунаванда бидонад, ки ин байти аввал аст» (Муҳаммади Родуёнӣ, «Тарҷумону-л-балоға»).
Дар «Ҳадоиқу-с-сеҳр»-и Рашидуддини Ватвот омадааст, ки Шиблуддавла (Муқотил ибни Атия – шоири асри 12) ба Кирмон назди Мукрам ибну-л-Ъало (аз вазирони маъруфи Салҷуқиён) рафт ва дар мадҳи ӯ қасидае гуфт, ки матлаъи он ба ғоят неку буд. Мукрам чун матлаъро шунид, Шиблудавларо гуфт, ки даст аз иншои боқии ин қасида бидор. Ва ба Шиблуддавла ҳазор динор доду гуфт, ки «агар ҳамаи абёти ин қасида ҳамчунин аст, ки матлаъ, ҳар байтро ҷоиза ҳазор динор аст ва дар хизона чандин зар нест» (Рашиди Ватвот).
Муаллифи «Ҳақоиқу-л-ҳадоиқ» (Шарафуддини Ромӣ) ҳусни матлаъро ба 5 қисм бахш кардааст, ки аввал: матлаъ бояд «ба ҷиҳати юмн бо алиф оғоз шавад»:
Эй қиблаи мулуки ҷаҳон остони ту,
Фахри ҷаҳони пир ба бахти ҷавони ту.
Дувум, исм ё куня, ё лақабу нисбати мамдуҳ ба беҳтарин иборат зикр шавад:
Алорағми аъодӣ шуд муайяд,
Алоуддин Абулфорис Муҳаммад.
Сеюм, шоир толеъи мамдуҳи худро неку васф кунад:
Рафт ба бурҷи ҳамал хусрави сайёрагон,
Матлаи Хуршед шуд толеи шоҳи ҷаҳон.
Чаҳорум, аз қофияи душвор дурӣ кунад ва қофияҳое биёварад, ки ба ҳасби лафз, ба якдигар наздик бошад:
Бахти ҷавон дорад, он ки бо ту қарин аст,
Пир нагардад, ки дар биҳишти барин аст.
Саъдӣ
Панҷум, ҳар ду қофия ба лафз муттафиқ ва ба маънӣ мухталиф бошанд:
Ту, ки хуршедсифат бар ҳамагон метобӣ,
То чӣ кардам, ки чунин рӯй зи ман метобӣ?!
Ромии Табрезӣ
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Обид Шакурзода
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: