Дар орзуи ту бошам…

Адаб
Дар орзуи ту бошам…
Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошам
Бадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам
Ба вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам
Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам
Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам
Назар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошам
Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам
Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
Ҳадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯям
Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам
Майи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвон
Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам
Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
В-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Война в обмен на войну
Дар ҳошияи тарҳи Тромп дар мавриди Ғазза

Матолиби пурбоздид