Даҳ гуфтор – ХХУI

Даҳ гуфтор – ХХУI

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши бисту шашум

Зарурати ислоҳи вазъи марсияхонӣ

Бояд касоне, ки марсияхонӣ мекунанд, таваҷҷӯҳ дошта бошанд ба фалсафаи қиёми Сайидушшуҳадо ва ба фалсафаи дастуроте, ки имомони атҳор дар бораи азодорӣ додаанд. Беҷиҳат дастуре надодаанд. Бояд фалсафаи қиёми Сайидушшуҳадо ва ҳам фалсафаи азодории он ҳазратро ба мардум бигӯянд ва мардумро огоҳ кунанд. Бояд мукаррар ин матлабро бигӯянд, на як бор ва ду бор ва даҳ бор ва сад бор, ҳамеша бояд ба гӯши мардум хонда шавад.

Бояд гӯяндагони басире бошанд, то битавонанд ҳақоиқи наҳзати ҳусайниро бигӯянд, на ин ки маълумоташон мунҳасир бошад ба ҷанги оқо, ё маъхаз ва мадракашон — ба истилоҳи худи аҳли минбар — лисонуззокирин ва садрулвоъизин бошад; ҳарфҳое бошад, ки аз якдигар шунидаанд. Мегӯянд, фалонӣ ин матлабро аз куҷо нақл мекард? Ҷавоб медиҳанд, аз лисонуззокирин ё аз садрулвоъизин. Мақсудашон ин аст, ки дар китобе надида, аз забони ину он шунидааст. Достонҳо дар ин замина ҳаст ва агар тӯл намекашид, баъзе аз онҳоро имшаб барои шумо нақл мекардам, ки чӣ гуна як дурӯғ, ки як нафар дар як ҷо ҷаъл карда, ба суръат ривоҷ гирифта ва аз ин ба он расида ва кам-кам аз шаҳре ба шаҳре ва аз минтақае ба минтақае рафтааст. Қазоёи таърихиро бояд аз китобҳои мӯътабари таърих ва аз қавли муаррихини мӯътабар нақл кард.

Ҳамин Оятӣ як муаррихе аст нисбат ба таърихи садри ислом. Ман ба ҷуръат метавонам бигӯям, дар ҳамаи Теҳрон ва шояд ҳамаи кишвар касе надорем, ки ба таърихи садсолаи аввали ислом мисли Оятӣ иҳота дошта бошад. Касе мисли ӯ нест, ки ба ҷузъиёти ин қисмат аз таърих иҳота ва иттилоъ дошта бошад. Ин мард бар тамоми мутуни таърихии ин қисмат мусаллат аст ва ҷузъиёташро медонад. Агар масалан аз ҷанги Бадр бипурсед, як-як одамҳояшро мешиносад. Ҳатто гоҳе мегӯяд, падараш кист, модараш кист, хешу табораш кистанд. Ҳарфе, ки ин мард бигӯяд, санад аст.

Шумо, мардуми Теҳрон одат накардаед, ки ҳарфи таҳқиқӣ бишнавед, чӣ бояд кард?! Эшон охирин асаре, ки таълиф кардаанд ва донишгоҳ чоп кардааст, китобе аст дар таърихи Андалус ба номи ”Таърихи Андалус”. Китоби бисёр хубе аст ва дар бораи ҳодисаи исломии бузурге аст, ки мо мусалмонон ва билахасс эрониҳо дар мавзӯъи ин ҳодиса хеле тақсир кардаем. Ин таърихро бигиред ва бихонед.

Ба ҳар ҳол бояд фалсафаи қиёми ҳусайнӣ мукаррар дар манобир гуфта шавад, фалсафаи азодориҳо гуфта шавад, ҳамон асар ва манзур ҳосил шавад, ки Имом Зайнулобидин ва Имом Боқир ва Имом Содиқ ва Имом Козим тавсия мекарданд ва Кумайтҳо ва Диъбили Хузоъиҳо ба вуҷуд меомад ва осоре бар марсиягӯиҳои онҳо мутараттиб буд. Набояд коре кард, ки эҳсосоти мардум дар ин замина хомӯш шавад, бояд тундтар ва тезтар кард, бояд коре кард, ки эҳсосоти мардум ва ишқу алоқаи мардум нисбат ба ҳақ тезтар шавад ва нисбат ба ботил мутлақан эҳсосоти нафратомез дошта бошанд. Муборизаи ҳаққу ботил ҳамеша дар дунё буда ва ҳаст.

Мӯсо ва Фиръавн ҳамеша дар дунё ҳаст, Иброҳим ва Намруд ҳамеша дар дунё ҳаст, Муҳаммад ва Абӯҷаҳл ҳамеша дар дунё ҳаст. Алӣ ва Муовия ҳамеша дар дунё ҳаст, Ҳусайн ва Язид ҳамеша дар дунё ҳаст. Манзур ин нест, ки ҳамеша дар дунё ашхосе ба мақом ва дараҷаи Иброҳим ва Мӯсо ва Исо ва Муҳаммад ва Алӣ ва Ҳусайн ҳастанд. Мақсуд ин аст, ки ҳамеша ҳаққу ботил дар баробари якдигар ҳастанд, ҷомеа ҳамеша бар сари дуроҳии ҳаққу ботил аст. Ин ҷанбаи аввал ва қисмати аввал яъне марсияхонӣ ва равзахонӣ.

 

Зарурати ислоҳи амр ба маъруфҳо

Аммо қисмати дуввум яъне иршод ва ҳидоят ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Дар ин ҷо бояд чӣ кард ва чӣ гуна амал кард? Ба назари ман, бояд ба ҳамон дастуре, ки дар бораи хитобаи ҷумъа расида ва дишаб ривояте дар ин замина аз ҳазрати Ризо (а) нақл кардам, амал кард. Бисёр дастури ҷомеъе аст. Мо, ки намози ҷумъа надорем, ки он дастурро дар хитобаи ҷумъа мавриди истифода қарор диҳем, пас лоақал дар ҳамин манобир ва хитобаҳо, ки аз баракати Ҳусайн ибни Алӣ (а) бапост, ба он дастур амал кунем.

 

Вазоифи хатиб

Ривояте, ки дишаб аз ҳазрати Ризо (а) хондам, вазифаи хатибро дар се қисмат баён карда буд. Дар қисмати аввал фармуд:

إنما جعلت الخطبة يوم الجمعة لأن‏ الجمعة مشهد عام فأراد أن يكون للأمير سبب الی موعظتهم وترغيبهم في الطاعة وترهيبهم من المعصية

Яъне дар рӯзи ҷумъа ҳама ҳозир мешаванд ва як маҷмаъи умумӣ аз мусалмонон ташкил мегардад. Ислом мехоҳад, ки ин барои пешво ва заъими мусалмонон василае бошад, ки мардумро мавъиза кунад, ба тоъати Худо ташвиқ ва аз гуноҳон барҳазар дорад.

 

Мавъиза

Яке аз вазоифи хитоба ва минбар, мавъиза аст. Мавъиза ҳамон тавр, ки дишаб арз кардам, каломе аст, ки ба дил нармӣ ва риққат медиҳад, қасватро аз дил мебарад, хашму шаҳватро фурӯ менишонад, ҳавоҳои нафсониро таскин медиҳад, ба дил сафо ва ҷило медиҳад. Ҳеч кас нест, ки аз мавъиза бениёз бошад ва ҳеч ҷомеае ҳам нест, ки эҳтиёҷ ба мавъиза надошта бошад. Мавъизаи воқеӣ, ки ростӣ дар дил асар кунад, ҷуз ба василаи дин мумкин нест. Мавоъизи дин аст, ки метавонад бар рӯйи дилҳо асар бигузорад ва ба дилҳо хушӯъ бидиҳад. Албатта гузашта аз ин ки мавъиза бояд аз забони дин гуфта шавад, худи воъиз низ бояд аз суханони худ мутаассир бошад ва аз дил мавъиза кунад.

Ҳеч фарде аз мавъиза бениёз нест. Мумкин аст фарде аз таълими шахси дигаре бениёз бошад, аммо аз мавъиза ӯ бениёз нест. Зеро донистан, як матлаб аст ва мутазаккир шудан ва таҳти таъсири талқини як нафар воъизи мӯъмини муттақӣ қарор гирифтан, матлаби дигар аст. Мегӯянд, Алӣ (а) ба яке аз асҳобаш мефармуд:

عظني

Маро мавъиза кун ва мефармуд, дар шунидан асаре ҳаст, ки дар донистан нест. Бояд ҳамеша гурӯҳе шоиста мардумро мавъиза кунанд, ба ёди Худо биёваранд, аз ғафлате, ки аз марг доранд берун биёваранд, мардум мутаваҷҷеҳи осори гуноҳонашон бошанд ва чанд калима аз мавоъиз бидонад, метавонад мавъиза кунад ва мавъизааш то ҳамон ҳадд муфид бошад. Дар мавъиза агар худи шахс аҳли амал бошад ва ихлос дошта бошад, ҳамон бозгӯ кардани калимоти бузургон кофӣ аст ва аммо ин ки шахс бихоҳад масолеҳи олияи динӣ ва дунёии мардумро бигӯяд ва онҳоро ба он масолеҳ огоҳ кунад, хеле мушкил аст.

Ду ишкол дар ин кор ҳаст. Яке ин ки илму иттилоъи зиёд мехоҳад. Дигар ин ки ихлоси бисёр лозим аст, ки он чиро аз масолеҳи олияи динӣ ва дунёъӣ мефаҳмад, ҳамонҳоро ба мардум бигӯяд.

 

Огоҳии динӣ ва огоҳии иҷтимоӣ

Аммо илму иттилоъ: аввалан бояд илму иттилоъаш ба мабонии дин кофӣ бошад, бояд исломро комилан бишносад, ба руҳи таълимоти исломӣ огоҳ бошад, зоҳири ислом ва ботини ислом, пӯстаи ислом ва ҳастаи ислом, ҳамаро дар ҳадди худ ва ҷойи худ бишносад, то бифаҳмад маслиҳати дин яъне чӣ?

Сониян, танҳо донистан ва шинохтани дин барои маслиҳатгӯӣ кофӣ нест, ҷомеаро бояд бишносад, ба авзоъи дунё бояд огоҳ бошад, бояд бифаҳмад, ки дар дунё чӣ мегузарад ва имрӯз маслиҳати ҷомеаи исломӣ дар баробари ҷараёнҳои мавҷуди дунё чӣ иқтизо мекунад ва мардумро ба он ҷараёнҳо ва масолеҳи воқеии онҳо огоҳ бикунад.

Мутаассифам, ки бояд бигӯям, мо аз ин ҷиҳат заъифем. Мо дар ҷанбаи мавъиза заъиф набудаем ва нестем ва лоақал хеле заъиф нестем, аммо дар ин қисмат хеле заъифем, дар ин ҷиҳат камтар мутолеа дорем.

Ин каломи Имом Ризо (а) хеле қимат дорад. Фармуд, мардумро ба маслиҳати дин ва дунёи онҳо огоҳ бикунед. Одаме, ки сару кораш фақат бо чанд китоби муайян дар як илми бахусус масалан фиқҳ, адабиёт, фалсафа ва ғайра бошад ва дар кунҷи мадраса ба сар барад, наметавонад бифаҳмад дар ҷомеа чӣ мегузарад ва чӣ бояд кард. Инсон дар кунҷи мадраса наметавонад масолеҳи ҷомеаро ташхис бидиҳад. Илму иттилоъ ба авзоъи ҷорӣ ва мутағайири ҷаҳон лозим аст. Шоммаи тез мехоҳад, ки ҳатто ҳаводисе, ки дар оянда воқеъ мешавад, аз ҳоло пешбинӣ кунад ва ҷомеаро тавре аз он ҳодиса убур диҳад, ки бо хатаре мувоҷеҳ нашавад. Ҳидоят бидуни қудрати пешбинӣ имконпазир нест.

 

Ҳидоят яъне чӣ?

Ҳидоят яъне чӣ? Ҳидоят яъне роҳнамоӣ. Қофилае дар роҳе ба сӯйи мақсаде ҳаракат мекунад, аз як нафар мепурсанд, роҳи фалон мақсад куҷост ва ӯ нишон медиҳад; мегӯяд, аз ин тараф бирав ё аз он тараф. Ин, роҳнамоӣ аст, ки фаръ бар роҳбаладӣ аст. Чӣ касе метавонад роҳнамои қофила бошад? Касе, ки бифаҳмад, қофила чӣ масире дорад ва ба куҷо меравад.

Ҷомеа монанди қофилаи ҳамеша дар ҳоли ҳаракат аст. Мо чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем ин қофила дар ҳаракат аст. Мо бояд бифаҳмем, ки ин қофиларо чӣ гуна савқ бидиҳем, монанди як ронандаи автомобил, ки пушти автомобил менишинад ва автомобилро ҳидоят мекунад, фармон бояд дар дасташ бошад, мотор дар ихтиёраш бошад, як ҷо бояд мошинро хомӯш кунад ва мутаваққиф созад, ҷойи дигар баръакс бояд газ бидиҳад ва бар суръат биафзояд, як ҷо бояд фармонро бипечад, як ҷо бояд данда иваз кунад ва як ҷо тормоз кунад.

Ҳамаи инҳо дар ҳидоят падид омада, бар сари як печ қарор гирифта, дар баробари як дастандоз қарор гирифта ва бояд ба роҳатӣ ва бехатар аз он бигузарад. Бояд андаке фармонро печ дод, то аз хатар бираҳад. Деворе дар баробари мо қарор гирифта ва бояд аз он девор бипечем ва бигузарем ва ба роҳи худамон идома диҳем. Набояд чашмбаста рӯйи ҳамон хатте, ки ҳаракат мекардем, ҳаракат кунем. Собиқан девор набуд, ҳоло деворе дар ҷилави мо ҳаст, дастандозе набуд, ҳоло дастандоз пайдо шуда, ба рӯдхона расидаем, ба дара ва кӯҳ расидаем.

Ба ҳар ҳол, ҳодии иҷтимоъ бояд бифаҳмад дар куҷо ҷомеаро бипечад ва дар масири ҷадиде биандозад ва ба сӯйи мақсади аслии худ ҳаракат кунад.

Ҳамчунин бояд бидонем куҷо газ бидиҳем ва бар суръат биафзоем. Як ҷо майдони мусобиқа аст ва ҳама кӯшиш мекунанд, ки мусобиқаро бибаранд ва пеш бифтанд. Бояд бар нерӯ ва суръат афзуд. Имрӯз дунё майдони мусобиқаи илму санъат шудааст. Ҳоло, ки чунин мусобиқае дар дунё ҳаст, бояд кӯшиш кард ва ҷомеаро ба ҳаракат овард, ки дар ин мусобиқа ақиб намонад.

Бинобар ин, нишастан ва мудом интиқод кардан ва эрод гирифтан; ин корро накун, он корро накун, исмаш ҳидоят нест. Як рӯз дар мадрасаи Марвӣ бо чанд нафар аз оқоёни туллоб ҳамин матлабро дар миён гузошта будам ва мегуфтам: оқоён! Маънии ҳодии қавм будан ин нест, ки мо танҳо ҳолати манъ ва таваққуф ба худ гирифтаем, ба ҳар коре, ки мерасем, мегӯем инро накун, онро накун ва мардумро гирифтор кардаем. Як ҷо ҳам бояд мардумро ташвиқ кард ва ба ҳаракат овард. Ҳамин мисоли автомобилро зикр кардам ва гуфтам, ки мо бояд мисли ронандаи автомобил бошем, як ҷо ба автомобил газ бидиҳем, як ҷо фармонро бипечем, як ҷо тормоз кунем, як ҷо кори дигар, масалан чароғ бидиҳем, ҳар мавқеияте иқтизои дорад. Баъд шӯхӣ кардам ва гуфтам, мо, ки набояд ҳамеша “оқо шайх! Тормоз“ бошем, ҳама ҷо тормоз бикунем. Танҳо тормоз кардан кофӣ нест, як ҷо ҳам бояд “оқо шайх! Фармон“ бошем, як ҷо “оқо шайх! Мотор“ бошем. Яке аз туллоб гуфт, мо ҳеч кадом нестем, мо “оқо шайх! Данда ақаб“ ҳастем.

Ба ҳар ҳол, хеле илму иттилоъи васеъе мехоҳад, ки мавоқеъи мухталифро бишавад ташхис дод. Шахс бояд бифаҳмад, куҷо сангар ҳаст, сангарро бигирад, чӣ фурсате пеш омада, аз фурсат истифода кунад. Расули Акрам — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ – фармуд:

إن لربكم في أيام دهركم نفحات ألا فتعرضوا لها

Яъне насимҳои раҳмати илоҳӣ гоҳ бегоҳ мевазад. Раҳмати илоҳӣ мисли насим аст, хабар намекунад, ки кай ва чӣ соате меойем. Ҳушёр бошед, ки аз он насимҳо истифода кунед. Фурсатҳо мисли насим зудгузар аст, агар аз даст рафт, ба чанг намеояд.

Мутаассифона мо дар ҳоле ҳастем, ки рӯз ба рӯз фурсатҳоро аз даст медиҳем.

Моддимаслакҳо дар кишвари мо, ё он дастаи гумроҳе, ки номи мазҳаб рӯйи маслаки худашон гузоштаанд, чӣ қадр ҳушёранд, ки постҳо ва сангарҳои иҷтимоиро аз дасти мо мегиранд ва мураттабан ин ҷо ва он ҷоро аз дасти мо мегиранд, марокизи ҳассосро мегиранд ва ба ҳадафи худашон мерасанд ва мо нишастаем ва дилхушем доиман бигӯем ин корро накун, он корро накун, мудом тормоз, тормоз, тормоз. Ин ҷумлаи:

وتوقيفهم علی ما أراد من مصلحة دينهم ودنياهم

— ки манзур ин аст: мардумро ба масолеҳи дин ва дунёи онҳо огоҳ кунем, ҳамон тавре, ки арз кардам, ду шарт дорад: илм ва ихлос. Илму иттилоъ ҳам дар ду қисмат, ҳам дар бораи худи дин, ки воқеан исломшинос бошад ва ҳам дар бораи авзоъи дунё ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва сайру таҳаввуле, ки табъан дар олам ҳаст.

 

Ихлос

Аммо ихлос: Ҳоҷӣ Нурӣ — Алайҳир-раҳма — китобе навиштаанд ба номи “Луълуъ ва марҷон”, ки ман исми ин китобро шунида будам ва то имсол нахонда будам. Ин китоб роҷеъ ба марсияхонҳо ва марсияхонӣ аст, марбут ба ваъзу воъиз ва хутба ва хатиб нест. Эшон дар он китоб ду мавзӯъро шарти аввали марсияхонӣ зикр мекунанд: яке ихлоси ният, дигаре сидқ ва ростгӯӣ ва дар атрофи ҳар ду матлаб бисёр олӣ баҳс мекунанд.

Инсоф ин аст, ки ман имсол, ки ин китобро хондам, хеле хушам омад ва бар иродатам бар марҳум Ҳоҷӣ Нурӣ, ки марди муҳаддиси бисёр мутатаббеъи муттақӣ буда ва устоди марҳум Ҳоҷӣ шайх Аббоси Қумӣ – Аълаллоҳу мақомаҳумо — будааст афзуда шуд. Ҳоҷӣ марди бисёр мутатаббеъе буда ва худи марҳум Ҳоҷӣ шайх Аббос ва касони дигар эътироф доранд, ки пояи татаббӯъашон ба устодашон намерасад. Ман китобҳои муҳимми эшонро хонда будам ва аз собиқ ба эшон иродатманд будам, аммо инсофан хондани ин китоби кӯчак ба иродати ман афзуд.

Дар муқаддимаи ин китоб аз яке аз уламои Ҳинд бо таҷлил ном мебаранд ва менависанд, эшон ба ман номае навишта ва шикоят карда аз вазъи равзахонӣ дар Ҳиндустон, ки равзахонҳои ин ҷо зиёд дурӯғ мехонанд ва аз ман хостаанд, китобе дар ин замина бинависам, ки ҷилави дурӯғгӯиҳои онҳо гирифта шавад. Баъд Ҳоҷӣ изофа мекунанд ва менависанд, ин олими ҳиндӣ гумон карда, ки фақат дар Ҳинд равзахонҳо дурӯғ мехонанд ва дар Атабот (Ироқ) ва Эрон хабаре аз ин дурӯғҳо нест, дар ин ҷо ҳама равзаи саҳеҳ ва мӯътабар мехонанд! Намедонад, ки маркази пахши равзаи дурӯғ ин ҷоҳост ва аз ин ҷо ба Ҳинд рафтааст. Ин ҳарфе аст, ки Ҳоҷӣ Нурӣ мегӯяд.

Баъд мегӯяд, ин ҳам тақсири уламост, ки интиқод ва эътироз намекунанд ва ”агар аҳли илм мусомеҳа намекарданд ва муроқиби тамйизи саҳеҳу сақим ва сидқу кизби гуфтор ин тоифа мешуданд ва аз гуфтани акозиб наҳй мекарданд, кори харобӣ ба ин ҷо намерасид ва ба ин ҳадд бебок ва мутаҷаррӣ намешуданд ва ба ин қисм акозиби возеҳаи маълума нашр намекарданд ва мазҳаби ҳаққаи имомия ва аҳлаш ба ин дараҷа мавриди сухрия ва истеҳзо намешуданд ва ин маҷолиси шарифа ба ин андоза беравнақ ва баракат намешуд. “ (Айни иборати Ҳоҷӣ Нурӣ дар муқаддимаи китоби “Луълуъ ва марҷон”)

Ба ҳар ҳол, китоби бисёр хубе аст дар мавзӯъи худаш ва ман таъаҷҷуб мекунам, ки чаро ин китоб он тавр, ки шоиста аст, маъруф ва роиҷ нашудааст. Дар ин китоб ду шарт зикр мекунад: ихлос ва сидқ. Дар бораи ҳар ду хуб баҳс мекунад, махсусан роҷеъ ба сидқу ростӣ ва дар бораи анвоъу ақсоми дурӯғ хеле хуб баст медиҳад ва мерасонад, ки ин мард чӣ андоза ба ахбор ва аҳодис иҳота дошта.

Ман то кунун дар ҷойе надидаам дар бораи ин мавзӯъ ба ин тафсил баҳс шуда бошад.

Эшон дар бораи ихлос, ки баҳс кардаанд, мавзӯъи уҷрат ва пул гирифтанро пеш кашидаанд. Ихлос яъне ин ки амал фақат барои Худо бошад ва ағрози дигаре ворид нашавад. Ҳоло барои ғайри Худо бошад, чанд ҷур аст. Як ҷураш ин аст, ки барои пул бошад. Ҷурҳои дигар ҳам ҳаст. Ман ҷурҳои дигаршро зикр мекунам.

Ва ба назари ман, имрӯз аҳаммияти инҳо аз аҳаммияти масъалаи уҷрат ва пул хеле бештар аст, хатараш бисёр зиёдтар аст.

 

Даллолии шахсиятҳо

Яке аз инҳо ин ки касе, ки рӯйи курсии хитоба, рӯйи курсии Ҳусайн ибни Алӣ қарор мегирад, ба ҷойи ин ки ҳодии дин ва мубаллиғи дин бошад, даллоли шахсиятҳо бошад, минбарро василаи даллолӣ барои шахсиятҳо қарор диҳад.

Мутаассифона якчунин чизе дар ҷомеаи мо ҳаст ва чунин истифодаҳое аз минбарҳо мешавад. Даллолии шахсиятҳо, ки гуфтам, фарқ намекунад, ки он шахсиятҳо чӣ шахсиятҳое бошанд, шахсиятҳои сиёсӣ бошанд ё руҳонӣ ё шахсияти дигар, даллоли соҳиби маҷлис ва бонии маҷлис бошад ё даллоли пешнамоз бошад ё даллоли болотар аз пешнамоз бошад. Тамоми инҳо бар хилофи шуъун ва ҳайсиёти минбар аст. Албатта ҳар касе, ки коре мекунад, метавонад як тавҷеҳу таъвиле ҳам барои кори худаш битарошад, аммо бидонед яке аз чизҳое, ки курсии хитобаи моро заъиф ва камарзиш ва хароб кардааст, ҳамин даллолиҳо аст, ҳамин аст, ки курсии даллолии шахсиятҳо шуда. Бояд минбар аз ин олудагӣ пок шавад.

 

Мизоҷгӯӣ

Яке дигар ин ки агар бино бошад ба мисдоқи:

وتوقيفهم علی ما أراد من مصلحة دينهم ودنياهم

— маслиҳатгӯӣ бишавад, бояд бидонем, ки маслиҳатгӯӣ ғайр аз мизоҷгӯӣ аст, ғайр аз ин аст, ки чизе бигӯем, ки мардум хушашон биёяд ва моро таҳсин кунанд ва баҳ-баҳ бигӯянд. Ҳеч медонед чаро мардум бо пайғамбарони замони худашон мухолиф будаанд? Чаро ҳар пайғамбаре, ки пайдо мешавад, зиёд мухолиф пайдо мекунад? Чаро пайғамбарҳо дар замони худашон аз мо камтар мурид доштаанд? Ин қазия, рамзе дорад.

Рамзаш ин аст, ки онҳо бо нуқоти заъфи мардум мубориза мекарданд ва мо аз нуқоти заъфи мардум баҳрабардорӣ мекунем. Онҳо мехостанд, он айбҳо ва он нуқоти заъфро ислоҳ кунанд ва аз байн бибаранд ва мо маъмулан мехоҳем аз ҳамон айбҳо ва ҳамон нуқоти заъф баҳрабардорӣ кунем. Барои ин ки бонии маҷлисро розӣ кунем, барои ин ки мустамеъинро розӣ кунем, мутобиқи майлашон ҳарф мезанем, на мутобиқи маслиҳаташон. Мо мефаҳмем фалон қисса дурӯғ аст ва ба илова, сабаби гумроҳӣ ва залолат ва ғурури беҷойи мардум мешавад, аммо чун фикр мекунем, агар бигӯем, назари мустамеъинро ҷалб мекунем, мегӯем.

Масалан, бо ин ки медонем, ин ҳикоят афсона аст ва афсонасозҳо сохтаанд, нақл мекунем, ки фалон насронӣ гунаҳкор буд, чунину чунон карда буд. Иттифоқ афтод, ки дар асари ҳодисае бо зоирони Карбало ҳамроҳ шуд ва дар беруни дарвоза, зоирон пойин омаданд ва рафтанд ба зиёрат ва насронӣ чун мусалмон набуд, вориди шаҳр нашуд, беруни дарвоза монд ва рӯйи асосия хобид. Қофилаҳои зоирон меомаданд ва мерафтанд ва ғубори қофила рӯйи бадани ин насронӣ менишаст. Насронӣ хоб мебинад, ки рӯзи қиёмат аст ва мардум даста-даста аз ҳазрати Сайидушшуҳадо бароти озодӣ мегиранд, малоика меоянд ва даста-даста муаррифӣ мекунанд, ки инҳо масалан дастаи синазанҳо, инҳо занҷирзанҳо ҳастанд, инҳо қаҳвачии маҷолиси равзахонӣ будаанд, инҳо чӣ будаанд ва чӣ будаанд ва Сайидушшуҳадо ба инҳо даста-даста бароти озодӣ медиҳад, то тамом мешаванд ва сурате пеши малоика боқӣ намемонад. Баъд ҳазрат мефармояд, як нафар аз қалам афтода, шумо ӯро муаррифӣ накардед. Арз мекунанд: хайр, касе боқӣ намонда, мо малоика ҳастем, иштибоҳ намекунем, дафтарҳои мо мазбут аст. Мефармояд: хайр, иштибоҳ кардаед, як нафар насронӣ дами дарвоза хобида ва дар вақте, ки хоб буд, қофилаи зоирон убур кардаанд ва бар рӯйи либосҳои ӯ гарду ғубори зоирони ман нишаста ва касе, ки гарду ғубори зоирони ман рӯйи либосаш ё баданаш биншинад, набояд ба ҷаҳаннам биравад. Як бароти озодӣ ҳам ба насронӣ медиҳанд! Аз ин қабил қиссаҳо.

Инҳо ҳамон тавре, ки арз кардам, баҳрабардорӣ аз нуқтаи заъф ва аз ҷаҳолат ва авоммии мардум аст, кӯмак кардан ба гумроҳии мардум ва ғурурҳои беҷойи мардум аст. Пайғамбарон ин тавр намекарданд, сахт бо нуқоти заъфи мардум меҷангиданд, маслиҳати мардумро риоят мекарданд, на майл ва ризои онҳоро. Ин буд, ки дар замони худашон камтар мурид пайдо мекарданд.

Хулосаи ин қисмат ин шуд, ки маслиҳатгӯии мардум ба ҳукми:

وتوقيفهم علی ما أراد من مصلحة دينهم ودنياهم

— ду чиз мехоҳад: яке илму иттилоъ ва дигаре ихлос. Илму иттилоъ ҳам дар ду қисмат бояд бошад: яке илму иттилоъи комил аз худи дин, дигар илму иттилоъ аз авзоъи ҷаҳон ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ. Дар боби ихлос ҳам ду матлаб зикр кардам, ки мавриди эҳтиёҷи рӯз мо аст: яке ин ки минбар курсии даллолӣ барои шахсиятҳо қарор нагирад, дигар ин ки василаи мубориза бо нуқоти заъфи иҷтимоъ бошад, на василаи баҳрабардорӣ аз нуқоти заъфи он.

 

Хатиб бояд мардумро дар ҷараёни вақойеъ бигузорад

Қисмати севвуми дастури Имом Ризо алайҳис-салом ин буд:

ويخبرهم بما ورد عليهم من الآفاق من الأحوال التي فيها المضرة والمنفعة

Яъне онҳоро огоҳ кунад ба ҷараёнҳои хуб ё баде, ки дар офоқи дурдаст барои олами ислом иттифоқ меафтад. “Офоқ“ ҷамъи уфуқ аст, мақсуд нуқтаи дурдаст аст. Ҷараёнҳое дар нуқоти дурдасти ҷомеаи исломӣ воқеъ мешавад ва мардум бехабаранд ва намедонанд чӣ гузашта аст, хатиб бояд онҳоро ба мардум бигӯяд.

Хулосаи калом, авзоъи хориҷӣ ва дохилии дурдастро ба мардум бигӯяд.

Оё шумо иттилоъ доред, ки дар дунё бар сари мусалмонон чӣ меояд? Оё аз сиёсати хориҷии олами ислом як калима бохабаред? Ҳамаи инҳоро бояд хатиб ба мардум бигӯяд.

Масалан, ҳодисаи Алҷазоир пеш омада, ин ҳодисаро аввалин бор хатибон бояд ба иттилоъи мардум бирасонанд, на ин ки хатибон сукут кунанд ё агар ҳам бигӯянд, баъд аз ин бошад, ки дунёро пур карда ва рӯзномаҳо ҳар рӯз менависанд. Онҳо бояд намояндаи махсус ба Алҷазоир бифиристанд ва ахбори дасти аввалро бигиранд. Лоақал онҳо бояд дасти аввали хабарҳоро аз хабаргузориҳо бигиранд. Ҷиноёти артиши сиррии Фаронсаро бигӯянд. Артиши сиррӣ мисли лашкари Язид аст, чӣ фарқ мекунад?! Ҷиноёти лашкари Язидро, ки мегӯянд, ҷиноёти инҳоро ҳам бояд бигӯянд.

Инҳо дар шақоват аз онҳо камтар нестанд. Инҳо ҳам бар ҳеч чизе ибқо накарданд, ба зану бачча ибқо накарданд, китобу китобхона оташ заданд, ободиҳоро вайрон карданд, киштҳоро аз байн бурданд, наслро аз байн бурданд, ҳамон тавре, ки Қуръон дар бораи баъзеҳо фармуд:

وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي الْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ الْحَرْثَ وَالنَّسْلَ

(Сураи Бақара, ояти 205) (“Ва чун пушт кунад, кӯшиш мекунад, ки дар замин фасод кунад ва зироъат ва наслро нобуд созад…”)

Достони Имом Ҳусайн, ки мо бояд онро зинда нигаҳ дорем, дар ҳақиқат ҳушёрбош ва бедорбоше аст, ки оҳ! Дидӣ чӣ бар сари ислом омад! Мо бояд дар асари таҷдиди ёдбуди ин қазия ҳамеша ҳушёр бошем, ки мабодо дигар аз ин мусибатҳо бар ислом ворид шавад. Ва мо баръакс чунин истифодае накардаем.

Мусибатҳои бузургтар аз Алҷазоир бар ислом ворид шуда ва аҳаде аз мо “ох “нагуфтааст.

 

Фоҷеаи Андалус

Чанд вақт пеш бо яке аз уламои бузург, ки аз мароҷеъи тақлид ҳастанд, роҷеъ ба фоҷеаи Андалус сӯҳбат мекардам, ба эшон гуфтам, 500 сол пеш чунин фоҷеаи бузурге бар ислом ва мусалмонон ворид шуд. Дар ҳудуди санаи 900. Дар соли 898 хотима пайдо кард. Яке аз марокизи тамаддуни исломӣ аз онҳо гирифта шуд. Ин ҳама одам кушта ва сӯзонида шуд. Масеҳиҳо якҷо 3 ҳазор нафарро сӯзонданд ва оташ заданд. Аз як иддаи 200 ҳазор нафарии мусалмон, ки мехостанд муҳоҷират кунанд ва худи масеҳиҳо ба онҳо иҷозаи муҳоҷират дода буданд, 100 ҳазор нафарашонро дар байни роҳ куштанд. Гюстав Лебон, ки худаш масеҳӣ аст мегӯяд: ҷиноёте, ки дар Испания масеҳиҳо ба мусалмонҳо карданд, дар таърихи дунё назир надорад. Ҷинояте ба ин азамат рух медиҳад ва аз он тараф дар тамоми китобҳое, ки аз он замон то имрӯз эрониҳо навиштаанд, чӣ арабӣ ва чӣ форсӣ, дар ҳар қисмате, ки китоб навиштаанд, як нафар исм набурда, ки чунин ҳодисае бар олами ислом ворид шуд, то чӣ расад ба ин ки ҳамдардӣ шуда бошад ва изҳори таассуфе шуда бошад. Як нафар набуд, ки мардумро дар ҷараёни ин хабар бигузорад. Зоҳиран аввалин китобе, ки дар таърихи Андалус дар Эрон навишта шуда, ҳамин китоби ”Таърихи Андалус” аст, ки ахиран оқои Оятӣ таълиф кардаанд ва донишгоҳ чоп кардааст.

 

Бародарони мусалмон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон

Бояд дар манобир, ин гуна қазоё ба иттилоъи мардум расонда шавад. Оё алъон шумо медонед, ки бар сари бародарони мусалмони шумо дар шаҳрҳое, ки собиқан ҷузъи Эрон буд ва имрӯз ҷузъи кишварҳои коммунистӣ аст чӣ мегузарад? Оё медонед, дар Туркистони Шарқӣ бар мусалмонон чӣ мегузарад? Оё медонед, вазъи мусалмонон дар Кашмир чӣ гуна аст? Оё аз оворагони Фаластин иттилоъе доред? Оё медонед, ки Исроил имрӯз чӣ хатари бузурге барои олами ислом аст?

Мо имрӯз ду хатари бузург дорем; ду хатари бузург мутаваҷҷеҳи олам ислом аст. Қазияи Алҷазоир бо ҳамаи аҳаммияте, ки дорад, ҷанбаи маҳаллӣ дорад, аммо ин ду хатар, ки арз мекунам, умумӣ аст ва аз лиҳози сиёсати хориҷии олами ислом фавқулъода аҳаммият дорад. Он ду хатар яке коммунизм аст ва дигар саҳюнизм, яъне хатари ҷуҳуд, яке куфри сареҳ аст ва дигаре нифоқ. Ин ду дар тамоми кишварҳои исломӣ басоти ҷосусии худро паҳн кардаанд. Худо медонад, ки дар сол чанд миллион доллар барои ин кор сарф мешавад. Ин ду то шоҳраги исломро мезананд, мисли ду теғаи қайчӣ ба кор афтодаанд, ки решаи исломро бибурранд. Мусалмонон бояд комилан ҳушёр бошанд ва ба ин ду хатар таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Шумо мешунавед, дар кишварҳои арабӣ равобити фалон давлат бо фалон давлат чӣ шуд, Сурия бо Миср чӣ тавр, Ӯрдун бо Сурия чӣ тавр, Арабистони Саудӣ чӣ тавр, бидонед, ки дар ҳамаи ин қазоё ангушти Исроил дар кор аст. Ин хатарро бояд ба мардум гуфт. Бояд мардумро ҳушёр ва огоҳ кард.

Кӣ бояд бигӯяд? Оё давлат бояд бигӯяд? Давлат, ки вазифаи худ намедонад. Оё аҳзоби сиёсӣ бигӯянд? Онҳо, ки чунин чизҳо дар маромномаҳо ва асосномаҳояшон нест. Инҳоро бояд хатибон бигӯянд; онҳое бояд бигӯянд, ки сухангӯи ислом ба шумор мераванд.

 

Хатиб, сухангӯи ислом

Ҳар давлате ва мақоме сухангӯе дорад. Мегӯянд, имрӯз сухангӯи давлат чунину чунон гуфт, ё сухангӯи Кохи сафед ин тавр гуфт. Дини ислом ҳам бояд сухангӯ дошта бошад. Сухангӯи дин, хатибон ва аҳли минбаранд. Имом Ризо фармуд:

ويخبرهم بما ورد عليهم من الآفاق من الأحوال التي فيها المضرة والمنفعة

Он чи дар нуқоти дурдаст, он чи дар зери парда мегузарад, ба мардум бигӯянд. Каломи Имом Ризо ҷиддӣ аст. Мо бояд бидонем, материалисм чӣ фаъолиятҳо дорад, саҳюнизм чӣ фаъолиятҳо дорад. Иттилоъ ва огоҳӣ аз инҳо ва гуфтан ва бозгӯ кардани инҳо воҷиб аст. Курсии Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом агар ин тавр бошад, метавонад ҳофизи ислом бошад. Фалсафаи азодории Ҳусайн ибни Алӣ инҳост, вагарна чӣ фоидае ба ҳоли Ҳусайн ибни Алӣ, ки барояш гиря бикунем? Ӯ чӣ эҳтиёҷе дорад ба гиряи мову шумо? Ҳусайн ибни Алӣ мехоҳад номи ӯ, мактаби ӯ зинда бошад, дар мактаби ӯ бо ҳар ботиле биҷангем, бо коммунизм биҷангем, бо зулм, бо беадолатӣ, бо фасод, бо фаҳшо, бо қимор, бо мускирот мубориза кунем.

أشهد أنك قد أقمت الصلاة، وآتيت الزكاة، وأمرت بالمعروف، ونهيت عن المنكر، وجاهدت في‏ الله حق جهاده

Боз ҳам магар зикри ту ва номи ту ва ёди ту моро ба ҳаракат дароварад.

يا ليتنا كنا معكم، فنفوز معكم

Орзуи ширкат дар ҳодисае, ки аз он 1320 сол гузашта, маънӣ надорад, инҳо барои ин аст, ки мо ҳамеша ба худамон талқин кунем ва Ҳусайн ибни Алиро ба сурати як мактаб зинда ҳифз кунем. Агар шахси Ҳусайн ибни Алӣ мурд, мактаби ӯ зинда аст, дар мактаби Ҳусайн ва дар зери ливои Ҳусайн мубориза кунем, дар сояи Ҳусайн дар роҳи ҳақ қадам бардорем.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саккокӣ
Саргузашти босмачиҳо – ХУ

Матолиби пурбоздид