Даҳ гуфтор – ХXIY

 

Даҳ гуфтор – ХXIY

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши бисту чаҳорум

Муҳтавои хитобаҳои ҷумъа

Ҳоло, ки хитобаи намози ҷумъа ин қадр аҳаммият дорад, ки манзури умда аз ин иҷтимоъ шунидани ҳамон хитобаҳост, оё дар он хитобаҳо ва суханрониҳо чӣ ҳарфҳое бояд зада бишавад? Аввал ҳамду санои илоҳӣ, дуввум дуруд бар Хотамуланбиё ва имомони дин, севвум мавъиза ва як силсила матолиби лозим, ки баъд ташреҳ мекунам, чаҳорум қироати сурае аз Қуръон. Ин моддае аст, ки он ҷо ҳаст, моддае аст, ки мо дар ислом дорем.

Боз барои ин ки бифаҳмед чӣ қадр ҳузур дар ин иҷтимоъ аҳаммият дорад, дар ривоят дорад, ки ҳатто воҷиб аст зиндониҳоро пулисҳо ва маъмурини зиндон бо худашон биёваранд ва ба ин намози умумии ҳафтагӣ ширкат бидиҳанд, онҳоро таҳтулҳифз ва бо муроқибати ин ки фирор накунанд, бо худ биёваранд. Яъне бояд зиндониро аз зиндон берун кашид ва овард, то намози ҷумъаашро бо иҷтимоъ бихонад ва хитобаи лозимро гӯш кунад ва сипас баргардад ба маҳалли худаш.

Имоме, ки ҷумъа мехонад, одобе дорад. Аз он ҷумла ин ки аммомае ба сар мебандад. Мақсуд ин аст, ки як шоли кӯчак, ки ду село дошта бошад, ба сар бибандад, монанди аммомаи Пайғамбар.

Худо ҳифз кунад оқои Ҳоҷоқо Раҳими Арбоби Исфаҳониро! Шояд бисёре аз шумо эшонро бишносед. Эшон аз уламои тирози аввали мо дар фиқҳ ва усул ва фалсафа ва адабиёти араб ва қисмате аз риёзиёти қадим мебошанд, шогирди ҳакими маъруф марҳум Ҷаҳонгирхони Қашқоӣ будаанд ва мисли марҳум Ҷаҳонгирхон ҳанӯз ҳам кулоҳи пӯстӣ ба сар мегузоранд. Зийи (либоси) эшон аз ҳар лиҳоз монанди соири уламост, аз або ва қабо ва қиёфа, фақат кулоҳи пӯстӣ ба сар мегузоранд. Эшон аз касоне ҳастанд, ки мӯътақид ба намози ҷумъаанд ва худи эшон дар Исфаҳон иқомаи ҷумъа мекунанд, аммо чун мардум навъан мӯъмин ва мӯътақид ба намози ҷумъа нестанд, як намози ҷумъаи бошукӯҳе он тавр, ки манзури ислом аст ташкил намешавад. Эшон вақте, ки барои намози ҷумъа ҳозир мешаванд, як аммомаи кӯчак яъне як шоли ду селое ба сар мебанданд.

Ёдам ҳаст дар фарвардини 39 дар Исфаҳон хидмати эшон расидам ва мавзӯи намози ҷумъа ба миён омад. Эшон мегуфтанд, намедонам шиъа чӣ вақт мехоҳад ори тарки намози ҷумъаро аз гардани худ бардорад ва ҷилави шамотати соири фирақи исломиро, ки моро ба унвони торики ҷумъа маломат мекунанд бигирад. Эшон орзу мекарданд ва мегуфтанд, эй кош дар ин Масҷиди Аъзами Қум, ки чанд миллион тумон харҷаш мешавад, як намози ҷумъаи бошукӯҳе хонда шавад.

Дигар ин ки имом меояд ва ҳангоми хитоба меистад ва истода хитоба мехонад. Дар ояти карима он ҷо, ки мефармояд:

وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انْفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا ۚ قُلْ مَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ مِنَ اللَّهْوِ وَمِنَ التِّجَارَةِ ۚ وَاللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ

Яъне ин мардуми тарбиятнаёфта, ки ҳанӯз хӯю одоти ҷоҳилиятро доранд, ҳамин ки чашмашон ба молуттиҷора ё табл ва шайпуре меафтад, туро ҳамон тавр, ки истодаӣ, мегузоранд ва ба дунболи онҳо мераванд, ишора ба достоне аст, ки дар ҳоле, ки Пайғамбар истода буд хитобаи ҷумъа мехонд ва сӯҳбат мекард, ба овози табле, ки аломати вуруди як миқдор колои тиҷоратӣ буд, мардум аз тарси ин ки тамом бишавад, натавонанд таҳия кунанд, рафтанд ва даври Пайғамбарро раҳо карданд.

Ғараз, ишора ба ин нукта буд, ки фармуд:

وَتَرَكُوكَ قَائِمًا

Ҳамон тавре, ки истодаӣ, яъне дар ҳоли истода хитоба мехонӣ, туро танҳо мегузоранд.

Мегӯянд, нишастан ҳангоми хитоба бидъате аст, ки Муовия эҷод кард. Ин ки оё имоми ҷумъа ва хатиб бояд як нафар бошад ё мешавад яке хатиб бошад ва дигаре имоми ҷамоат?, ин худ масъалае аст. Аксар ё ҳама қоиланд, ки як нафар бояд ҳам хатиб бошад ва ҳам имоми ҷамоат ва ба ақидаи иддае, шарти аслии имоми намози ҷумъа ин аст, ки битавонад ва қодир бошад, ки хутба эрод кунад. Дар ривоятҳои зиёде унвони матлаб имом яхтуб (хитоба мехонад) аст. Дигар ин ки имом дар ҳоле, ки барои хитоба истодааст, ба шамшер ё найза ё асое такя мекунад ва дар ин ҳол ба иншои хутба мепардозад.

Ривояти имоми ҳаштум дар бораи хутбаи ҷумъа

Дар хутбаи ҷумъа илова бар ҳамду санои илоҳӣ ва зикри Расули Акрам ва имомони дин ва як сураи Қуръон, лозим аст хатиб мавъиза кунад ва ҳангоми лузум матолиби лозимеро барои мусалмонон бигӯяд. Роҷеъ ба ин ки он матолиби лозим чӣ навъ матолибе хуб аст бошад, аз як ривоят истифода мекунам. Дар ”Васоил-уш-шиа“ (ҷ.1, с.457) дар зимни аҳодиси марбут ба хутбаи ҷумъа, ҳадисе аз китоби “Илалуш-шаройеъ” ва “Уюн ал-ахборир-Ризо” нақл карда. Ин ҳадисро Фазл ибни Шозони Нишопурӣ, ки аз акобир ва сиқоти ровиёни мост, аз ҳазрати Ризо алайҳис-салом нақл мекунад. Дар он ҷо дорад:

وإنما جعلت خطبتين‏ ليكون واحدة للثناء علی الله والتحميد والتقديس لله عز وجل، والاخری‏ للحوائج والإعذار والإنذار والدعاء لما يريد أن يعلمهم من أمره ونهيه وما فيه الصلاح والفساد

Яъне иллати ин ки хутба дар рӯзи ҷумъа қарор дода шуда ин аст, ки рӯзи ҷумъа аз назари ислом рӯзи иҷтимоъи умумӣ аст ва ҳама бояд дар иҷтимоъи рӯзи ҷумъа ҷамъ шаванд.

فأراد أن يكون للأمير سبب الی‏ موعظتهم وترغيبهم في الطاعة وترهيبهم من المعصية

Худованд бо ташреи ин дастур хостааст, ки ин василае бошад барои раис ва пешвои ҷамъият, ки онҳоро мавъиза кунад, ба тоъат тарғиб кунад ва аз маъсият ва гуноҳ, онҳоро битарсонад.

وتوقيفهم علی ما أراد من مصلحة دينهم ودنياهم

Дигар ин ки мардумро огоҳ кунад ба маслиҳатҳои динӣ ва маслиҳатҳои дунёияшон, масолеҳи воқеии мардумро ба онҳо бигӯяд.

ويخبرهم بما يرد عليهم من الآفاق من الأحوال التي فيها المضرة والمنفعة

Дигар ин ки он чи дар офоқи дурдаст аз қазоёи хубу бад, ба ҳоли мусалмонон воқеъ мешавад, ба онҳо бигӯяд ва ба иттилои онҳо бирасонад ва онҳоро дар ҷараён бигузорад. Ҳаводисе барои олами ислом пеш меояд, як вақт аз навъи навид ва башорат аст, пешрафте ҳосил шуда барои ислом ва ифтихоре ба даст омадааст ва хуб аст мардум мутталеъ шаванд. Ва як вақт аст ҳодисаи суе барои олами ислом пеш омада, боз бояд мусалмонон аз ҳоли якдигар огоҳ бишаванд, масалан бидонанд, ки дар ин ҳафта бар сари бародаронашон дар Алҷазоир ё дар нуқтаи дигари дунё чӣ омадааст.

Ҳоло чаро бояд ду хитоба иншо бишавад? Чаро як хутба кофӣ нест? Ва оё фарқ аст байни он ду хутба? Дар ҳамин ҳадис зикр шуда:

وإنما جعلت خطبتين‏ ليكون واحدة للثناء علی الله والتحميد والتقديس لله عزوجل، والأخری‏ للحوائج والإعذار والإنذار والدعاء لما يريد أن يعلمهم من أمره ونهيه وما فيه الصلاح والفساد

Яъне иллати ин ки ду хутба фарз шуда ин аст, ки дар яке ба ҳамду сано ва тақдиси илоҳӣ пардохта шавад ва дар яке дигар ба зикри ҳавоиҷи мардум ва иршод ва мавъизаи онҳо пардохта шавад.

Аммо ҳамон тавре, ки соҳиби ”Васоилуш-шиъа“ гуфта ин ҷиҳат, ҳама вақт зарурат надорад. Имшаб ба муносибати баҳси хитоба ва минбар ва ишора ба ин ки мо дар ислом моддае дорем, ки ба ҳасби он модда, хитоба дар матни дин қарор гирифта вориди ин баҳс шудам ва аммо ин ки чаро дар шиъа хонда намешавад, матлаби дигаре аст. Ман худам шахсан аз касоне ҳастам, ки натавонистаам бовар кунам, ки ин намози пурбаракат ва боаҳаммият он қадр шароити сангин ва маҳдуде дошта бошад, ки натиҷааш ин бошад, ки амалан мансух ва матрук шавад.

Мавъиза дар ислом

Як матлаби дигар ҳам дорем ва он масъалаи мавъиза аст. Мавъиза бо хитоба фарқ дорад. Хитоба синоъат аст ва ҷанбаи фаннӣ ва ҳунарӣ дорад ва ба илова, ҳадафи хитоба таҳрики эҳсосот ва авотиф аст ба наҳве аз наҳвҳо, аммо мавъиза сирфан ба манзури таскини шаҳавот ва ҳавоҳои нафсонӣ аст ва бештар ҷанбаи манъу радъ дорад. Агар ҳадафи хитобаро мутлақи иқноъ (қонеъсозӣ) бидонем, ваъз ва мавъиза ҳам қисме аз хитоба аст.

Ба ҳар ҳол, мавъиза дар ҷойе гуфта мешавад, ки калимаҳое ва ҷумлаҳое илқо шавад ба манзури радъу манъ ва таскини шаҳват ва ғазаб дар мавориде, ки лозим аст таскин дода шавад. Роғиби Исфаҳонӣ мегӯяд:

الوعظ زجر مقترن بالتخويف

Яъне мавъиза манъе аст, ки мақрун бошад ба бим додан, яъне ба бим додан аз авоқиби кор. Он гоҳ аз Халил ибни Аҳмад — луғавии маъруф — нақл мекунад:

هو التذكير بالخير فيما يرق له القلب

Яъне мавъиза ёдоварии қалб аст нисбат ба хубиҳо дар умуре, ки мӯҷиби риққати қалб гардад. Мавъиза суханоне аст, ки мӯҷиби нармӣ ва риққати қалб бишавад. Манъи мардум аз ҳавопарастӣ ва шаҳватпарастӣ ва рибохорӣ ва риёкорӣ ва тазаккури марг ва қиёмат ва натоиҷи аъмол дар дунё ва охират, мавъиза аст.

Аммо хитоба ақсоме дорад, мумкин аст ҳамосӣ ва ҷангӣ бошад, мумкин аст сиёсӣ бошад, мумкин аст қазоӣ бошад, мумкин аст динӣ ва ахлоқӣ бошад, гоҳе ба манзури таҳрики ҳисси силаҳшӯрӣ ва сарбозӣ аст, ки дар ҷангҳо ва майдонҳои мубориза эрод мешавад, гоҳе ба манзури ошно кардани мардум аст ба ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоиашон ва гоҳе ба манзури барангехтан ҳисси тараҳҳум аст мисли хитобаҳое, ки аҳёнан вакилони додгустарӣ барои ҷалби тараҳҳуми қозиҳо нисбат ба муҷрим ва маҳкуме эрод мекунанд, барои тахфифи ҷурм ва истирҳом кӯшиш мекунанд, гоҳе хитоба ба манзури таҳрик ва бедор кардани шуъури динӣ ва ахлоқӣ ва виҷдони мардум аст.

Чаро дар миёни мо мавъиза аз хитоба роиҷтар аст?

Дар миёни мо мавъиза аз хитоба бештар роиҷ аст, бо ин ки дар ислом ҳамон тавре, ки арз кардам, анвоъи хитобаҳо вуҷуд доштааст. Ва шояд иллати ин ки дар миёни мо мавъиза тавониста ҷо боз бикунад ва роиҷ гардад ва маҷолиси мо бештар ҷанбаи мавъиза дорад ин аст, ки маҷолиси хитобаӣ, ки аз намози ҷумъа ношӣ мешавад ва метавонад ҷомеъи анвоъи хитобаҳо бошад, дар миёни мо матрук шуда.

Ин чизе, ки алъон дар миёни мо ба номи маҷолиси ваъз боқӣ аст, аз бақоёи маҷолисе аст, ки мутасаввифа ибтикор кардаанд. Яъне ин ки маҷлисе расман ташкил шавад ва иддае барои шунидан ҷамъ бишаванд ва як нафар ба унвони воъиз ва андарзгӯ расман барои мардум сӯҳбат бикунад, алаззоҳир аввалин бор ба василаи мутасаввифа ибтикор шуда ва кори хубе буда ва баъд дигарон ҳам назири он маҷолисро ташкил додаанд. Бинобар ин мо аз қарнҳо пеш китобҳое дорем ба унвони маҷолиси мавъиза, ки аз мутасаввифа боқӣ монда мисли маҷолисе, ки аз Саъдӣ дар даст аст ва маҷолиси Мавлоно ва ғайри онҳо. Ин, кори хубе буда ва баъд дигарон ҳам назири ин маҷолисро ташкил додаанд. Шиа махсусан дар маҷолиси расо ва азодории Сайидушшуҳадо ин корро шойеъ карданд ва чӣ хуб карданд! Гумон мекунам чун маҷолиси ваъз ибтидо аз мутасаввифа тақлид шуда ва бинои тасаввуф бар радъу манъ ва заҷри нафс ва таҳзиб ва тазкияи нафс аст ва бо ваъз созгортар аст, хатибони мо ҳам бо ин ки сӯфӣ нестанд, бештар ба каломи худашон ҷанбаи зуҳд ва тарк ва мубориза бо ҳавову ҳавас медиҳанд, бештар ба ин ҷанба мепардозанд.

Ваъз ва хитоба дар “Наҳҷулбалоға”

“Наҳҷулбалоға”, ки шомили қисмате аз хитобаҳои Амирулмӯъминин аст, анвоъи хитобаҳо дорад; ҳам мавъизаҳои балиғ дорад ва ҳам хитобаҳои ҳамосӣ ва иҷтимоӣ. Шайх Муҳаммад Абдуҳ, муфтии бузурги Миср, шарҳи мухтасаре дорад бар “Наҳҷулбалоға” ва муқаддимае бар он навишта. Дар он ҷо менависад, як тасодуф сабаб шуд, ки ман фароғате пайдо кунам ва ба мутолеаи “Наҳҷулбалоға” бипардозам. Вақте, ки ба мутолеаи ин китоб пардохтам, анвоъи суханон дар он ёфтам ва сахт маро таҳти таъсир қарор дод. Худро дар вақти мутолеаи ин китоб дар ҳоле медидам, ки доиман аз саҳнае вориди саҳнаи дигар мешавад, пардаҳо мураттаб иваз мешуд. Як вақт саҳнае дар баробарам муҷассам мешуд ва гӯиё мардонеро ҷилави чашми худ медидам, ки пӯсти шеру паланг ба тан кардаанд ва омодаи ҳамла ҳастанд. Худро дар ҳоле медидам, ки чунон таҳти таъсир ҳастам, ки моилам ба майдони ҷанг биравам, хуни душманро бирезам ва хунам рехта шавад. Боз медидам сафҳа ва саҳна иваз шуд бо як воъиз ва музаккир рӯ ба рӯ ҳастам, ки бо суханони худ ба дил нармӣ ва риққат ва латофат мебахшад, сафо медиҳад. Ҷойи дигар парда ва саҳна иваз мешуд чунин ҳис мекардам, ки як хатиби иҷтимоӣ ва сиёсӣ истода ва аз масолеҳи умумӣ сухан мегӯяд. Ҷойи дигар мисли ин буд, ки фариштаеро медидам аз олами боло даст дароз карда ва мехоҳад мардумро ба сӯйи олами боло бикашонад.

Бале, ин тавр аст “Наҳҷулбалоға”, анвоъи сухан ва анвоъи хитоба дар он ёфт мешавад. Мавъиза ҳаст, тавҳид ва маърифат ҳаст, хутбаи сиёсӣ ҳаст, ҳамоса ҳаст. Барои намуна, қисмати кучаке аз як хутбаи ҳамосӣ нақл мекунам. Дар вақте, ки лашкари Алӣ (а) ва лашкари Муовия дар Сиффин ба якдигар мерасанд, ба Алӣ хабар медиҳанд, ки Муовия пешдастӣ кардааст ва шариъа яъне маҳалли вуруд дар обро гирифта ва моро дар мазиқаи беобӣ гузоштааст, иҷоза бидиҳед фавран вориди ҷанг бишавем ва шариъаро пасбигирем. Фармуд, на, сабр кунед, балки битавонем бо музокира қазияро ҳал кунем. Номае навишт ба Муовия ва тавассути як нафар фиристод, ки мо ин ҷо омадаем балки битавонем бидуни ин ки эҳтиёҷи ба кор бурдани аслиҳа бошад, бо музокира ихтилофотро ҳал кунем ва ту қабл аз ҳар чиз пешдастӣ кардаӣ ва обро бар лашкариёни ман бастаӣ, дастур бидеҳ ҷилави онҳоро бозбигузоранд.

Аммо Муовия гӯш накард ва инро барои худ шонсе ба ҳисоб овард. Амр ибни Ос, ки вазири мушовири Муовия буд, ба ӯ гуфт, рост мегӯяд Алӣ. Дастур бидеҳ мухолифат накунанд ва ба илова, Алӣ марде нест, ки ташна бимонад ва натавонад шариъаро аз ту пасбигирад.

Муовия қабул накард. Билохира баъд аз чанд бор рафту омади пайкҳо, Алӣ (а) ночор шуд, ки дастур диҳад юриш бибаранд ва сипоҳи Муовияро ақиб биронанд. Ин ҷост, ки бояд хунҳоро ба ҷӯш овард ва ғайратҳо ва ҳамиятҳоро таҳрик кард. Омад дар муқобили сипоҳи худ истода ва бо се чаҳор ҷумла чунон ҷӯшу хурӯше ба вуҷуд овард, ки тӯле накашид Муовия ва ёронаш аз даври об ба каноре ронда шуданд. Ман ҳар вақт ба ин ҷумлаҳо мерасам, мисли ин аст, ки иртиъоше (ларзае) дар баданам пайдо мешавад. Он ҷумлаҳо ин аст:

قد استطعموكم القتال

Яъне ин ҷамъият пешқадам шудаанд ва монанди гуруснае, ки ғизо бихоҳад, хоҳони набарди шумоянд.

فاقروا علی مذلة، وتأخير محلة، أو رووا السيوف من الدماء ترووا من‏ الماء

Бинобар ин ду роҳ бештар нест: ё ба ин зиллат ва пастӣ ва таъаххур боқӣ бимонед, ё ин шамшерҳоро аз хуни ин нобакорҳо сероб кунед, то битавонед аз об сероб гардед.

فإن الحياة في موتكم قاهرين والموت في‏ حياتكم مقهورين

(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 51) Зиндагӣ дар ин аст, ки бимиред аммо ғолиб ва қоҳир ва пирӯз ва мурдан дар ин аст, ки зинда бошед аммо мақҳур ва мағлуб.

Ин чаҳор ҷумла ғайратҳо ва ҳамиятҳоро ба ҳаракат овард. Тӯле накашид, ки ёрони Муовия ба шиддат ба ақиб ронда шуданд.

Яке ду ҷумла аз хитобаҳои фарзанди азизи Алӣ, Ҳусайн ибни Алӣ (а) низ ба унвони намуна зикр мекунам. Мо ҳарчанд феълан хитобаи ҷумъа надорем, вале аз баракати вуҷуди Ҳусайн (а) хитобаҳо ва минбарҳо доир аст. Дар соири кишварҳои исломӣ ҳам хитоба ҳаст, аммо дар кишвари мо хитобаҳои динӣ рӯйи пояи азодории Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст.

Хитобаҳои ҳусайнӣ

Абӯабдуллоҳ (а) намунаи падари бузургвораш буд дар ҳар ҷиҳат, аз он ҷумла дар хитоба. Барои Абӯабдуллоҳ фурсате пеш наомад. Он андоза аз фурсати кам ҳам, ки барои Амирулмӯъминин дар давраи хилофат пеш омад, барои Абӯабдуллоҳ пеш наомад. Фурсате, ки барои Абӯабдуллоҳ пеш омад, ҳамон сафари кӯтоҳ буд аз Макка то Карбало ва дар он муддати ҳаштрӯзӣ, ки дар Карбало буд, ҷавҳари Ҳусайн ибни Алӣ дар ин муддати кӯтоҳ намоён шуд. Хитобаҳое ҳам, ки аз он ҳазрат боқӣ монд, бештар дар ҳамин муддат иншо шудааст. Хитобаҳои Ҳусайн ибни Алӣ намунае аст аз хитобаҳои падараш Алӣ. Ҳамон руҳ ва ҳамон маъонӣ дар инҳо мавҷ мезанад.

Худи Алӣ фармуд: забон олат ва абзоре аст барои руҳ. Агар маъонӣ ба тарафи забон сарозер нашавад, аз забон чӣ коре бармеояд ва агар ҳам маънӣ дар руҳ мавҷ бизанад, забон наметавонад ҷилавашро бигирад. Фармуд:

وإنا لأمراء الكلام، وفينا تنشبت عروقه، وعلينا تهدلت غصونه

(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 231) Амири сухан мойем, решаҳои сухан яъне маъонӣ ва матолиб дар замини вуҷуди мо давидааст ва шохҳҳои сухан бар сари мо соя афкандааст.

Аввалин хитобаи Ҳусайн ибни Алӣ, ки дар камоли фасоҳат ва балоғат эрод шуд ва рашодат ва шуҷоат ва баландназарӣ ва имон ба ғайб дар он мавҷ мезанад, хитобае аст, ки дар Макка ҳангоми азимат ба Карбало эрод кард. Тасмими қотеъи худро ба мӯҷиби ин хитоба эълом кард ва зимнан иттилоъ дод, ҳар кас бо мо ҳамфикр ва ҳамақида ва ҳамгом аст, озим буда бошад. Фармуд:

خط الموت علی ولد آدم مخط القلادة‏ علی جيد الفتاة، وما أولهني الی أسلافي اشتياق يعقوب الی يوسف

Марг бар фарзанди Одам навишта шуда ва зинат қарор дода шуда он андоза, ки гарданбанд барои зани ҷавон зинат аст. Марг дар роҳи Ҳақ мояи ифтихор ва мубоҳот аст. Ман чӣ қадр ошиқам ва волаҳам, ки мулҳақ шавам ба пешинёни бузургворам. Шавқ ва ишқи ман ба мулоқоти пешиниёни бузургворам он андоза аст, ки Яъқуб муштоқи мулоқоти Юсуф буд, то ки фармуд:

من كان باذلا فينا مهجته، موطنا علی لقاء الله نفسه فليرحل معنا، فإني‏ راحل مصبحا إن شاءالله

(Луҳуф, с.25 ва 26) Ҳар кас, ки тасмим дорад ва омода аст як чизи мухтасаре дар ин роҳ бибахшад, чӣ бибахшад? Ҳамон хуне, ки дар ҳуфраҳои қалбаш ҳаст. Ҳар кас, ки омода аст тир барои қалби худ бихарад ва тасмим дорад ба мулоқоти парвардигораш биравад, омода бошад, ки ман фардо субҳ ҳаракат хоҳам кард.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти босмачиҳо – ХIII
Маҳрум аз муноҷоти бо Худо

Матолиби пурбоздид