Даҳ гуфтор
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши бисту ҳафтум
Мушкили асосӣ дар созмони руҳоният
(Ин мақола дар соли 1341 (мусодифи 1962 мелодӣ) дар китоби “Баҳсе дар бораи марҷаъият ва руҳоният “чоп ва мунташир шудааст.)
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ
Алоқа ва масъулият
Касоне, ки орзуи эътилоъи ойини мубини исломро дар сар доранд ва дар бораи иллатҳои тараққӣ ва инҳитоти мусалмонон дар гузаштаи дуру наздик меандешанд, наметавонанд дар бораи дастгоҳи раҳбарии он яъне созмони муқаддаси руҳоният наандешанд ва орзуи тараққӣ ва эътилоъи онро дар сар надошта бошанд ва аз мушкилот ва нобасомониҳои он ранҷ набаранд.
Зеро қадри мусаллам ин аст, ки ҳар гуна салоҳ ва ислоҳе дар кори мусалмонон рух диҳад, ё бояд мустақиман ба василаи ин созмон, ки симати расмии раҳбарии дини мусалмононро дорад сурат бигирад, ё лоақал ин созмон бо он ҳамоҳангӣ дошта бошад. Агар ба фарз, ҳаракати ислоҳӣ ва динӣ, аз ноҳияи фард ё афроде оғоз гардад ва созмони руҳоният омодагӣ ва ҳамоҳангӣ надошта бошад, гумон намеравад муваффақияти зиёде насиб гардад.
Аз хусусиёти дини муқаддаси ислом ин аст, ки масъулияти муштарак ба вуҷуд овардааст. Ҳама масъули ҳифз ва риоят ва роҳнамоӣ ва ҳидояти якдигаранд. Ҳар кас, ки худро дар баробари ислом масъул мешуморад, худ ба худ нисбат ба созмони раҳбарии он эҳсоси масъулият мекунад.
Бархе аз андешмандони иҷтимоии мо, ба воситаи адами алоқа ва эътиқод, мумкин аст ҳеч гоҳ дар бораи созмони руҳоният ва мушкилоти он ва роҳи ҳалли онҳо наандешанд, ҳамон тавре, ки ҳамаи алоқамандони кӯтоҳфикр ва бехабар низ ҳеч гоҳ ин гуна андешаҳо дар мағзи соддаашон роҳ намеёбад. Аммо алоқамандони равшанандеши ислом, яке аз муҳимтарин мавзӯъот, ки фикри онҳоро ба худ машғул медорад, ҳамин мавзӯъ аст.
Ин банда, ки ҳамаи ифтихораш ин аст, ки дар силки ин табақа мунсалик аст ва хӯшачине аз ин хирман ба шумор меравад ва дар хонаводае руҳонӣ рушду нумӯ ёфта ва дар ҳавзаҳои улуми динӣ умри хешро ба сар бурда, то он ҷо, ки ба ёд дорад, аз вақте, ки метавониста андаке дар масоили иҷтимоӣ биандешад, дар атрофи ин мавзӯъ фикр мекардааст.
Решаи аслӣ
Дар ҳудуди сездаҳ сол пеш, шабе дар Қум, дар як маҳфили дӯстона мураккаб аз гурӯҳе аз асотид ва фузало, ки инҷониб низ ифтихори ҳузур дар он ҷаласаро дошт, сухан аз мушкилот ва навоқиси созмони руҳоният ба миён омад.
Сухан дар ин буд, ки чаро дар гузашта ҳавзаҳои илмӣ ва руҳонии мо, аз лиҳози риштаҳои мухталифи улум аз тафсир, таърих, ҳадис, фиқҳ, усул, фалсафа, калом, адабиёт ва ҳатто тиб ва риёзӣ, ҷомеъ ва мутанаввеъ буд ва дар давраҳои ахир тадриҷан ба маҳдудият гароидааст ва ба истилоҳ, дар гузашта ба сурати ҷомеъ ва донишгоҳ буд ва ахиран ба сурати куллия ва донишкадаи фиқҳ даромада ва соири риштаҳо аз расмият афтодааст? Чаро афроди бекор ва музоҳим ва алафи ҳарза дар муҳити муқаддаси руҳоният зиёд аст, ба тавре, ки як заъими руҳонӣ маҷбур аст барои об додани як гул, хорҳо ва алафи ҳарзҳоеро ҳам об бидиҳад? Чаро асосан дар миёни мо сукуту сукун ва тамовуту мурдавашӣ, бар ҳуррият ва таҳаррук ва зиндасифатӣ тарҷеҳ дорад ва ҳар кас бихоҳад мақому мавқеъи худро ҳифз кунад, ночор забон дар ком мекашад ва пой дар доман мепечад? Чаро барномаҳои таҳсилии мо мутобиқи эҳтиёҷот танзим намешавад? Чаро таснифу таълифу нашрия ва маҷалла ба қадри кофӣ надорем? Чаро бозори алқобу ановин ва жесту қиёфа ва оростани ҳайкал дар миёни мо ин қадр роиҷ аст ва рӯз ба рӯз мутаассифона зиёдтар ва роиҷтар мегардад? Чӣ рамзе дар кор аст, ки зуъамои солеҳ ва равшанфикри мо ҳамин ки дар раъси корҳо қарор мегиранд, қудрати ислоҳ аз онҳо салб мегардад ва мисли ин аст, ки андешаҳои қаблии худро фаромӯш мекунанд ва ғайра?
Пас аз порае гуфтугӯҳо, сухан аз иллати асосии мушкилот ба миён омад. Қарор шуд, ки ҳар кас назари худро дар бораи иллати асосии ин мушкилот изҳор кунад. Ҳар кадом чизе гуфтанд, ин банда низ назари худро гуфт, вале яке аз дӯстон назаре иброз дошт, ки ман назари ӯро бар назари худам ва соири назарҳо тарҷеҳ додам ва акнун низ бар ҳамон ақидаам.
Ӯ гуфт, иллати аслӣ ва асосии навоқис ва мушкилоти руҳоният, низоми молӣ ва тарзи иртизоқи руҳониҳост. Иборате, ки ӯ адо кард ин буд: “Иллатул илали ҳамаи харобиҳо, саҳми имом аст”.
Албатта мақсуди ӯ ва мақсуди ман ин набуда ва нест, ки иллатул илали навоқиси мо вазъ ва ташреъи моддае дар дину мазҳаб ба номи саҳми имом аст. Ба ақидаи ман, вазъ ва ташреъи инчунин моддае барои чунон манзуре — яъне ибқо ва эҳёи дин ва эълои калимаи ислом — бисёр ҳакимона аст. Баъдан хоҳем гуфт, ин модда беҳтарин зомини қудрат ва истиқлоли созмони руҳоният аст. Ва низ мақсуд ин нест, ки мутасаддиёни он дар анҷоми вазифаи худ кӯтоҳӣ мекунанд.
Мақсуд, суннат ва равише аст, ки тадриҷан дар тарзи иҷро ва истифода аз ин модда маъмул шуда ва ба дастгоҳи руҳонияти мо созмони махсусе дода ва дар натиҷа, ин тарзи созмон, маншаъи мушкилот ва навоқиси фаровони шудааст.
Созмон ва низоми солеҳ
Ибтидо чунин ба назар мерасад, ки салоҳ ва фасоди иҷтимоъи бузург ё кӯчак, танҳо ба як чиз бастагӣ дорад: салоҳ ва адами салоҳи афроди он иҷтимоъ ва билахасс зуъамои онҳо. Яъне фақат афроданд, ки ҳамаи масъулиятҳо мутаваҷҷеҳи онҳост.
Бисёре аз афрод инчунин фикр мекунанд ва бар ин поя назар медиҳанд. Ин даста ҳангоме, ки мутаваҷҷеҳи бархе мафосиди иҷтимоӣ мешаванд, чораи корро заъими солеҳ медонанд ва ба истилоҳ, асолати фардӣ ҳастанд. Аммо касоне, ки бештар ва амиқтар мутолеа кардаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки таъсир ва аҳаммияти созмон ва ташкилот ва режими иҷтимоӣ аз таъсир ва аҳаммияти зуъамо бештар аст. Дар дараҷаи аввал, бояд дар бораи созмони солеҳ андешид ва дар дараҷаи дуввум дар бораи зуъамои солеҳ.
Афлотун назарияи иҷтимоии маъруфе дорад, ки ба номи ”Мадинаи фозилаи Афлотун” маъруф аст. Дар миёни ҳукамои исломӣ, ҳаким Абӯнасри Форобӣ аз Афлотун пайравӣ карда ва назариёте иброз доштааст. Ин ду ҳаким асоси назари худро салоҳияти афрод қарор додаанд ва асолати фардӣ андешидаанд. Тамоми таваҷҷӯҳи худро ба ин нукта маътуф кардаанд, ки зимоми умури иҷтимоъро чӣ афроде бояд дар даст бигиранд, он афрод бояд дорои чӣ фазоили илмӣ ва амалӣ буда бошанд.
Аммо ин ки ташкилот ва низомоти иҷтимоӣ бояд чӣ гуна буда бошад ва он афроди “идеол“ дар чӣ низомоте зимоми умурро дар даст бигиранд, чандон мавриди таваҷҷӯҳи ин ду ҳаким воқеъ нашудааст.
Бар ин назария, интиқодоте шуда, аз ҷумла ин ки таъсири шигарф ва азими созмон дар афкор ва аъмол ва руҳияи афрод (ва аз он ҷумла худи зуъамо) мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ нашудааст. Ин нукта мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта, ки агар низом солеҳ буд, камтар фарди носолеҳ қудрат тахаттӣ дорад. Ва агар носолеҳ буд, фарди солеҳ камтар қудрати амал ва иҷрои манвиёти худро пайдо мекунад ва аҳёнан манвиёт ва афкори худро мебозад ва ҳамранги созмон мешавад.
Яке аз донишмандон дар мақоми интиқоди назари Афлотун мегӯяд: ”Афлотун бо баёни масъалаи шуми “чӣ касе бояд бар ҷомеа ҳукумат кунад?“, як иштибоҳ ва хатари пурдавоме дар фалсафаи сиёсӣ эҷод кардааст. Масъалаи оқилонатар ва халлоқтар ин аст, ки: чӣ гуна метавонем созмонҳои иҷтимоиро чунон тартиб диҳем, ки зуъамои баду носолеҳ натавонанд асбоби зарару зиёни вай шаванд?”
Аҳаммияти зуъамои солеҳ фақат аз назари тарзи тафаккуре аст, ки дар мавриди ислоҳ ва беҳбуд ва тағйири созмонҳои иҷтимоӣ доранд. Ва аммо зуъамои солеҳе, ки тарзи тафаккурашон дар асос ва ташкилот бо носолеҳҳо яке аст ва тафовуташон аз лиҳози ахлоқӣ ва шахсӣ аст ва биност ҳамагӣ дар як қолаб кор кунанд, асари вуҷудиашон бо носолеҳҳо он қадр зиёд нест ва маншаъи таҳаввулоти иҷтимоии қобили таваҷҷӯҳ нахоҳанд гашт.
Агар бихоҳем назари Афлотун ва Форобиро тавҷеҳ кунем, бояд бигӯем: онҳо ба он афроди солеҳ аҳаммият додаанд, ки ҳоким бар созмонҳои иҷтимоӣ мебошанд, на маҳкуми онҳо. Ташкилот ва низомоти иҷтимоӣ нисбат ба афроди иҷтимоъ, ба манзилаи хиёбонҳо ва кӯчаҳо ва хонаҳои як шаҳр аст нисбат ба мардум ва васоили нақлияе, ки дар он шаҳр ҳаракат мекунанд. Ҳар шаҳре ба ҳар наҳв, ки хиёбонкашӣ ва кӯчасозӣ шуда бошад, мардуми шаҳр маҷбуранд аз печу хами ҳамон хиёбонҳо ва лобалои ҳамон кӯча-паскӯчаҳо ва аз ҳамон чаҳорроҳҳо ҳаракат кунанд. Ҳадди аксари озодии амали мардуми он шаҳр ин аст, ки дар миёни ҳамон хиёбонҳо ва ҳамон кӯчаҳо ҳар кадом, ки наздиктар ё хилваттар ё покизатар ва босафотар аст интихоб кунанд.
Агар фарз кунем, ки он шаҳр бидуни нақша ва ҳисоб тадриҷан тавсиъа пайдо карда бошад, на рӯйи усули шаҳрсозӣ, дар чунин шаҳре афрод чорае надоранд аз ин ки зиндагӣ ва рафту омади худро бо вазъи мавҷуд татбиқ диҳанд. Рафту омад ва ронандагӣ ва идораи умури чунин шаҳре душвор хоҳад буд. Бо вуҷуди чунин тартибе дар сохтмони он шаҳр, аз афрод, коре сохта нест. Танҳо коре, ки сохта ҳаст ин аст, ки тағйироте дар вазъи хиёбонҳо ва кӯчаҳо ва манзилҳои он шаҳр бидиҳанд ва худро роҳат кунанд.
Агар фарз кунем, зуъамои солеҳе дар раъси созмонҳое қарор бигиранд, ки дорои навоқисе мебошанд, ҳудуди тафовути кори онҳо бо дигарон ҳамон андоза аст, ки як нафар бихоҳад аз миёни хиёбонҳои пурпечу хам ва номуназзам ва кӯчаву паскӯчаҳои бетартиб, беҳтарин ва наздиктарини роҳҳоро интихоб кунад.
Имтиёзҳои ҳавзаҳои улумии динии мо
Муҳити ҳавзаҳои улуми динии мо имтиёзот ва мушаххасоти махсус ба худ дорад, ки дар соири муҳитҳо назири онро наметавон ёфт. Муҳити ҳавзаҳои улуми динӣ, муҳити сафо ва самимият ва ихлос ва маънавият аст. Яъне он руҳи умумӣ, ки бар ин ҳавзаҳо ҳукумат мекунад, ҳамин руҳ аст, афроди фоқиди ин хусусиёт афроди истисноӣ ва мухолифи руҳи ин ҳавзаҳо шумурда мешаванд. Имтиёзе, ки туллоб барои якдигар мешиносанд, ҷуз имтиёзи илмӣ ва тақвоӣ нест. Тақаддум ва эҳтироми воқеии як талаба нисбат ба дигарон, ҷуз бар мабнои таҳсилот ва қудс ва тақво наметавонад бошад. Дар миёни туллоб, фақир ва ғанӣ, деҳотӣ ва шаҳрӣ, баччаи амала ва тоҷирзода ва оқозода ҳаст, дар қадим аз табақоти ашроф ва шоҳзодагон ҳам буданд, аммо ҳама чиз арзиши худро аз даст медиҳад ва танҳо имтиёзоти таҳсилӣ ва маънавӣ аст, ки эҳтироми туллобро нисбат ба як фарди бахусус ҷалб мекунад ва арзиши ӯро дар назари онҳо боло мебарад.
Муҳити ҳавзаҳои улуми динӣ муҳити зуҳду қаноат аст, аз исроф ва айёшӣ ва маҷолиси шабнишинӣ, ки дар соири табақот аст ва аҳёнан донишҷӯёни ғайри риштаи улуми динӣ дар он маҷолис ширкат мекунанд, хабаре нест. Ва ҳатто андешаи ин гуна умур низ дар димоғи як муҳассили динӣ пайдо намешавад. Ва агар касе кӯчактарин тамоюле ба ин умур нишон бидиҳад, суқуташ қатъӣ аст. Рӯйи ҳам рафта, туллоб, мардуме қонеъ ва камхарҷанд ва таҳмиле бар будҷаи мардум ба шумор намераванд.
Равобити устод ва шогирд дар миёни туллоб, самимӣ ва эҳтиромомез аст. Шогирдон, эҳтироми устодони худро дар ҳузур ва ғиёб бо камоли адаб риоят мекунанд ва ҳатто баъд аз фавти онҳо ҳамвора онҳоро ба некӣ ва дуои хайр ёд мекунанд. Ин андоза ҳифзи ҳурмати устод, махсуси муҳассилини улум динӣ ва мавлуди таълимоте аст, ки аз авлиёи дин дар бораи қадосати илм ва эҳтироми муаллим расидааст.
Дар соири муҳитҳои таҳсилӣ — чунонки медонем — ин умур камтар вуҷуд дорад. Одати туллоб бар ин аст, ки рӯйи дарсе, ки аз устод мегиранд, баъд худашон фикр кунанд. Аз ин рӯ дарси худро аз рӯйи китоб мутолеа мекунанд. Ба илова, баъд бо яке аз ҳамдарсҳои худ он дарсҳоро мубоҳиса мекунанд. Дар дарсҳои олӣ он чиро аз устод дар маҷлиси дарс фаро мегиранд, ба зеҳн месупоранд ва шаб менависанд. Бинои туллоб бар ҳифз кардан ва тӯтивор ёд гирифтан нест, чунонки одати маъмулии муҳассилини ҷадид аст, бар таъаммуқу тафаккур ва таҷзияву таҳлил аст.
Ва чун ҳаққи тадрис, инҳисорӣ нест ва интихоби устод бо худи шогирдон аст, барои ҳар касе, ки истеъдоде дошта бошад, муяссар аст, ки китобҳои пойинтарро тадрис кунад. Аз ин рӯ як нафар донишҷӯи динӣ дар айни ҳол, ки донишҷӯст ва дарс мехонад, мумкин аст тадрис ҳам бикунад.
Имтиёзи методи таҳсилии туллоб нисбат ба соири методҳо ҳамин аст, ки туллоб, дарсеро, ки аз устод фаро мегиранд, дақиқан мутолеа мекунанд ва сипас мубоҳиса мекунанд ва менависанд ва дар ҳамон ҳоли дуруси дигарро тадрис мекунанд.
Ин ҷиҳот сабаб мешавад, ки туллоб дар ҳудуди таҳсилоти худ амиқ мегарданд. Ҳадафи туллоб таҳсили донишнома нест. Нумароти устод муаррифи мақоми шогирд нест. Маҷолиси мубоҳиса ва ишколу эроди шогирд дар ҳавзаи тадриси устод ва ҳавзаи тадриси худи ӯ ва таваҷҷӯҳи қаҳрии устодон ва туллоби пойинтар, беҳтарин муаррифи як донишҷӯи улуми динӣ аст.
Туллоби улуми динӣ мақомоти тадрисӣ ва устодиро хеле ба таври табиӣ тай мекунанд. Таъйини устод интихобӣ аст, на интисобӣ, яъне фақат худи туллоб ҳастанд, ки дар зимни озмоишҳо ва ихтиёрҳо устоди беҳтарро интихоб мекунанд. Бинобар ин як навъ озодӣ ва демукросӣ дар ҳавзаҳои улуми динӣ вуҷуд дорад, ки дар ҷоҳои дигар нест. Аз ин назар, дар миёни онҳо қонуни интихоби аслаҳ ҳукмфармост.
Дар муассисоти фарҳангии ҷадид таъйини устод барои килосҳо, аз тариқи интисоб аз тарафи мақомоти болост ва ба ҳамин далел бисёр иттифоқ меафтад, ки устоди марбут, мутаносиб бо килоси тадриси худ нест, лоиқи дарсе болотар ё пойинтар аст, шогирдҳои онҳо мумкин аст на розӣ бошанд ва на эҳтиром қоил бошанд, фақат ба хотири тарс аз нумра надодан ва мардуд шудан — дар айни адами ризоят — аз он устод тамкин ва итоат кунанд.
Ин гуна беназмиҳо ва беҳисобиҳо дар таҳсилоти килосик ба таври фаровон вуҷуд дорад, аммо дар таҳсилоти улуми динии мо асаре аз ин гуна беназмиҳо ва беҳисобиҳо вуҷуд надорад.
Рӯйи ин асл ҷилав афтодани афрод дар ҳавзаҳои улуми динӣ, тибқи номуси табиии интихоби аслаҳ сурат мегирад, ҳамон тавр, ки Алӣ алайҳис-салом дар васфи уламои илоҳӣ мефармояд:
فكانوا كتفاضل البذر ينتقي فيؤخذ منه ويلقی، قد ميزه التخليص، وهذبه التمحيص
(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 212) Яъне монанди базри интихобшуда ва тасфияшуда мебошанд, ки беҳтарин ва холистарини онҳо барои коштан интихоб мешаванд.
Туллоб, пилла-пилла рӯйи ҳамин номус боло мераванд то пиллаи моқабли охирин пилла, ки марҷаъият аст. То қабл аз пиллаи охир фақат завқ ва ақидаи туллоб аст, ки асотидро боло мебарад, вале ҳамин ки пиллаи охир расид, пойи вуҷуҳот ва саҳми имом ва тақсим ва шаҳрия ба миён меояд, фақат дар ҳамин ҷост, ки гоҳе ҳисобҳо баҳам мереазд ва дигар қонуни интихоби аслаҳ ҳукмфармо нест.
Инҳо имтиёзҳое аст, ки дар зиндагӣ ва тарзи таҳсили туллоби улуми динӣ ҳаст.
Зимнан навоқисе ҳам ҳаст, ки бояд гуфта шавад.
Идома дорад…
Қаламонлайн