Даҳ гуфтор – II
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши дуввум
Тақво (2)
Тақво дар “Наҳҷулбалоға”
Дар осори динӣ, хусусан дар “Наҳҷулбалоға”, ки фавқулъода рӯйи калимаи тақво такя шудааст, ҳама ҷо тақво ба маънои он малакаи муқаддас, ки дар руҳ пайдо мешавад ва ба руҳ қувват ва қудрату нерӯ медиҳад ва нафси аммора ва эҳсосоти саркашро рому мутеъ месозад ба кор рафта. Дар хутбаи 112 мефармояд:
إِنَّ تَقْوَى اللَّهِ حَمَتْ أَوْلِيَاءَ اللَّهِ مَحَارِمَهُ وَأَلْزَمَتْ قُلُوبَهُمْ مَخَافَتَهُ، حَتَّى أَسْهَرَتْ لَيَالِيَهُمْ وَأَظْمَأَتْ هَوَاجِرَهُمْ
Яъне тақвои Худо дӯстони Худоро дар ҳимояти худ қарор дода ва онҳоро аз таҷовуз ба ҳарими муҳаррамоти илоҳӣ нигаҳ доштааст ва хавфи Худоро мулозими дилҳои онҳо қарор додааст, то он ҷо, ки шабҳои онҳоро зинда ва бедор нигаҳ дошта ва рӯзҳои онҳоро қарини ташнаги (ташнагии рӯза) кардааст.
Дар ин ҷумлаҳо, бо сароҳати комил тақворо ба маънои он ҳолати маънавӣ ва руҳонӣ зикр карда, ки ҳофиз ва нигаҳбон аз гуноҳ аст ва тарс аз Худоро ба унвони як асар аз осори тақво зикр карда. Аз ҳамин ҷо метавон донист, ки тақво ба маънои тарс нест, балки яке аз осори тақво ин аст, ки хавфи Худоро мулозими дил қарор медиҳад. Дар оғози сухан арз кардам, ки маънои:
اتقوا الله
— ин нест, ки аз Худо битарсед.
Дар хутбаи 16 “Наҳҷулбалоға” мефармояд:
ذِمَّتِي بِمَا أَقُولُ رَهِينَةٌ وَأَنَا بِهِ زَعِيمٌ، إِنَّ مَنْ صَرَّحَتْ لَهُ الْعِبَرُ عَمَّا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ الْمَثُلَاتِ حَجَزَتْهُ التَّقْوَى عَنْ تَقَحُّمِ الشُّبُهَاتِ
Яъне зиммаи худро дар гарави гуфтори худ қарор медиҳам ва сиҳҳати гуфтори худро замонат мекунам. Агар ибратҳои гузашта барои шахсе ойина оянда қарор гирад, тақво ҷилави ӯро аз фурӯ рафтан дар корҳои шубҳанок мегирад… то он ҷо, ки мефармояд:
أَلَا وَإِنَّ الْخَطَايَا خَيْلٌ شُمُسٌ حُمِلَ عَلَيْهَا أَهْلُهَا وَخُلِعَتْ لُجُمُهَا فَتَقَحَّمَتْ بِهِمْ فِي النَّارِ، أَلَا وَإِنَّ التَّقْوَى مَطَايَا ذُلُلٌ حُمِلَ عَلَيْهَا أَهْلُهَا وَأُعْطُوا أَزِمَّتَهَا فَأَوْرَدَتْهُمُ الْجَنَّةَ
Яъне масали хилофкорӣ ва зимомро ба кафи ҳавас додан, масали аспҳои саркаш ва чамуше аст, ки лаҷомро пора карда ва ихтиёрро тамоман аз кафи он, ки бар ӯ савор аст гирифта ва оқибат онҳоро дар оташ меафкананд ва масали тақво масали маркабҳои раҳвор ва мутеъу ром аст, ки маҳори онҳо дар ихтиёри он касоне аст, ки бар онҳо саворанд ва онҳоро вориди биҳишт месозад.
Дар инҷо дуруст ва бо сароҳати комил тақво як ҳолати руҳӣ ва маънавӣ, ки мо аз он ба забти нафс ва ё моликияти нафс таъбир мекунем, муаррифӣ шуда. Зимнан дар инҷо ҳақиқати бузурге баён шуда. Он ин ки лозимаи мутеъи ҳавову ҳавас будан ва ъинонро ба нафси саркаш вогузордан, забунӣ ва заъф ва бешахсият будан аст. Инсон дар он ҳол нисбат ба идораи ҳавзаи вуҷуди худаш монанди савораи забуне аст, ки бар аспи саркаше савор аст ва аз худ ирода ва ихтиёре надорад. Ва лозимаи тақво ва забти нафс, афзоиши қудрати ирода ва шахсияти маънавӣ ва ақлӣ доштан аст, монанди савори моҳир ва мусаллате, ки бар аспи тарбиятшудае савор аст ва бо қудрат фармон медиҳад ва он асп бо суҳулат итоат мекунад. Он кас, ки бар маркаби чамуши ҳавову ҳавас ва шаҳват ва ҳирсу тамаъ ва ҷоҳталабӣ савор аст ва такягоҳаш ин умур аст, зимоми ихтиёр аз дасти худаш гирифта шуда ва ба ин умур супурда шуда, девонавор ба дунболи ин умур медавад, дигар ақл ва маслиҳат ва маоландешӣ дар вуҷуди ӯ ҳукумате надорад ва аммо он ки такягоҳаш тақвост ва бар маркаби забти нафс савор аст, ъинони ихтиёр дар дасти худаш аст ва ба ҳар тараф, ки бихоҳад, дар камоли суҳулат фармон медиҳад ва ҳаракат мекунад.
Дар хутбаи 189 мефармояд:
فَإِنَّ التَّقْوَى فِي الْيَوْمِ الْحِرْزُ وَالْجُنَّةُ
Яъне тақво дар имрӯзаи дунё барои инсон ба манзилаи як ҳисор ва ба манзила як сипар аст ва дар фардои охират роҳи биҳишт аст.
Назири ин таъбирот зиёд аст, мисли таъбир ба ин ки:
أَنَّ التَّقْوَى دَارُ حِصْنٍ عَزِيزٍ، وَالْفُجُورَ دَارُ حِصْنٍ ذَلِيلٍ، لَا يَمْنَعُ أَهْلَهُ وَلَا يُحْرِزُ مَنْ لَجَأَ إِلَيْهِ
(Хутбаи 155), ки тақворо ба паноҳгоҳе баланд ва мустаҳкам ташбеҳ фармудааст.
Ин миқдор, ки гуфта шуд, барои намуна буд, ки маънои воқеӣ ва ҳақиқати тақво аз назари ислом шинохта шавад ва маълум шавад, ки воқеан чӣ касе шоиста аст, ки ба ӯ муттақӣ ва бо тақво гуфта шавад. Маълум шуд, ки тақво ҳолате аст руҳӣ дар инсон, ки барои руҳ ҳолати ҳисн ва ҳисор ва ҳирз ва аслиҳаи дифоъӣ ва маркаби рому мутеъро дорад ва хулоса, як қуввати маънавӣ ва руҳӣ аст.
Тақво ва озодӣ
Гуфтем, ки лозимаи ин ки инсон аз зиндагии ҳайвонӣ хориҷ шавад ва як зиндагии инсонӣ ихтиёр кунад ин аст, ки аз усуле муайян ва мушаххас пайравӣ кунад ва лозимаи ин ки аз усули муайян ва мушаххасе пайравӣ кунад ин аст, ки худро дар чаҳорчӯби ҳамон усул маҳдуд кунад ва аз ҳудуди онҳо таҷовуз накунад ва он ҷо, ки ҳавову ҳавасҳои онӣ ӯро таҳрик мекунад, ки аз ҳудуди худ таҷовуз кунад, худро “нигаҳдорӣ“ кунад. Номи ин “худнигаҳдорӣ”, ки мусталзими тарки умурест тақво аст.
Набояд тасаввур кард, ки тақво аз мухтассоти диндорӣ аст аз қабили намоз ва рӯза, балки тақво лозимаи инсоният аст. Инсон агар бихоҳад аз тарзи зиндагии ҳайвонӣ ва ҷангалӣ хориҷ шавад, ночор аст, ки тақво дошта бошад. Дар замони мо мебинем, ки тақвои иҷтимоӣ ва сиёсӣ истилоҳ кардаанд. Чизе, ки ҳаст, тақвои динӣ як улувв ва қадосат ва истеҳкоми дигаре дорад ва дар ҳақиқат танҳо рӯйи пояи дин аст, ки метавон тақвои мустаҳкам ва бомабно ба вуҷуд овард. Ва ҷуз бар мабнои муҳками имон ба Худо, наметавон бунёни мустаҳкам ва асосӣ ва қобили эътимод ба вуҷуд овард. Дар ояте, ки аввали сухан қироат кардам, мефармояд:
أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى تَقْوَى مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى شَفَا جُرُفٍ هَارٍ
Оё он кас, ки бунёни хешро бар мабнои тақвои илоҳӣ ва ризои ӯ бино карда беҳтар аст ё он ки бунёни хешро бар партгоҳи сусти мушриф бар оташ қарор додааст?
Ба ҳар ҳол тақво аъамм аз тақвои мазҳабӣ ва илоҳӣ ва ғайра, лозимаи инсоният аст ва на худ ба худ мусталзими тарк ва иҷтиноб ва гузаштҳое аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин матлаб хусусан бо дар назар гирифтани ин ки дар забони пешвоёни бузурги дин, аз тақво ба ҳисор ва ҳисн ва амсоли инҳо таъбир шуда, мумкин аст касоне, ки бо номи озодӣ хӯ гирифтаанд ва аз ҳар чизе, ки бӯйи маҳдудият бидиҳад фирор мекунанд, чунин тасаввур кунанд, ки тақво ҳам яке аз душманони озодӣ ва як навъ занҷир аст барои пойи башар.
Маҳдудият ё масуният
Акнун ин нуктаро бояд тавзеҳ диҳем, ки тақво маҳдудият нест, масуният аст. Фарқ аст байни маҳдудият ва масуният. Агар ҳам номи онро маҳдудият бигузорем, маҳдудияте аст, ки айни масуният аст. Мисолҳое арз мекунам: башар, хона месозад, утоқ месозад бо дар ва панҷараҳои муҳкам, ба даври хонааш девор мекашад. Чаро ин корҳоро мекунад? Барои ин ки худро дар зимистон аз газанди сармо ва дар тобистон аз осеби гармо ҳифз кунад, барои он ки лавозими зиндагии худро дар муҳити амне, ки фақат дар ихтиёри шахси худи ӯст бигузорад. Зиндагии худро маҳдуд мекунад ба ин ки ғолибан дар миёни як чаҳордевории муайян бигузарад.
Ҳоло номи инро чӣ бояд гузошт? Оё хона ва маскан, барои инсон маҳдудият аст ва мунофии озодии ӯст ё масуният аст?
Ва ҳамчунин аст либос. Инсон пойи худро дар кафш ва сари худро дар кулоҳ ва тани худро ба анвоъи ҷомаҳо маҳсур мекунад ва мепечад ва албатта ба василаи ҳамин кафш ва кулоҳ ва ҷома аст, ки назофати худро ҳифз мекунад, ҷилави сармо ва гарморо мегирад. Ҳоло номи инро чӣ бояд гузошт? Оё метавон номи ҳамаи инҳоро зиндон гузошт ва изҳори таассуф кард, ки по дар кафш ва сар дар кулоҳ ва тан дар пероҳан зиндонӣ шуда ва орзуи озод шудани инҳоро аз ин зиндонҳо кард?! Оё метавон гуфт, хона ва маскан доштан, маҳдудият аст ва мунофии озодӣ аст?
Тақво ҳам барои руҳ, монанди хона аст барои зиндагӣ ва монанди ҷома аст барои тан. Иттифоқан дар Қуръони Маҷид аз тақво ба ҷома таъбир шуда. Дар сураи муборакаи Аъроф, ояти 26 баъд аз он ки номе аз ҷомаҳои тан мебарад, мефармояд:
وَلِبَاسُ التَّقْوَىٰ ذَٰلِكَ خَيْرٌ
Яъне тақво, ки ҷомаи руҳ аст, беҳтар ва лозимтар аст.
Он вақт метавон номи маҳдудият рӯйи чизе гузошт, ки инсонро аз мавҳибат ва саодате маҳрум кунад, аммо чизе, ки хатарро аз инсон дафъ мекунад ва инсонро аз хатарҳо сиёнат мекунад, ӯ масуният аст, на маҳдудият. Ва тақво чунин чизе аст.
Таъбир ба масуният, яке аз таъбироти амирулмӯъминин аст. Дар яке аз калимоташ мефармояд:
أَلَا فَصُونُوهَا وَتَصَوَّنُوا بِهَا
(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 189) Яъне тақворо ҳифз кунед ва ба василаи тақво барои худ масуният дуруст кунед.
Амирулмӯъминин таъбире болотар аз ин ҳам дорад, ки на танҳо тақворо маҳдудият ва монеъи озодӣ намедонад, балки иллат ва мӯҷиби бузурги озодиро тақвои илоҳӣ мешуморад. Дар хутбаи 228 мефармояд:
فَإِنَّ تَقْوَى اللَّهِ مِفْتَاحُ سَدَادٍ وَذَخِيرَةُ مَعَادٍ، وَعِتْقٌ مِنْ كُلِّ مَلَكَةٍ وَنَجَاةٌ مِنْ كُلِّ هَلَكَةٍ؛ بِهَا يَنْجَحُ الطَّالِبُ وَيَنْجُو الْهَارِبُ وَتُنَالُ الرَّغَائِبُ
Яъне тақво калиди дурустӣ ва андӯхтаи рӯзи қиёмат аст, озодӣ аст аз қайди ҳар риққият, наҷот аст аз ҳар бадбахтӣ, ба василаи тақво инсон ба ҳадафи хеш мерасад ва аз душман наҷот пайдо мекунад ва ба орзуҳои хеш ноил мегардад.
Тақво дар дараҷаи аввал ва ба таври мустақим аз ноҳияи ахлоқӣ ва маънавӣ ба инсон озодӣ медиҳад ва ӯро аз қайди риққият ва бандагии ҳавову ҳавас озод мекунад, риштаи ҳирсу тамаъ ва ҳасад ва шаҳват ва хашмро аз гарданаш бармедорад, вале ба таври ғайримустақим дар зиндагии иҷтимоӣ ҳам озодибахши инсон аст. Риққиятҳо ва бандагиҳои иҷтимоӣ натиҷаи риққияти маънавӣ аст. Он кас, ки банда ва мутеъи пул ва ё мақом аст, наметавонад аз ҷанбаи иҷтимоӣ озод зиндагӣ кунад. Бинобар ин дуруст аст, ки бигӯем:
وَعِتْقٌ مِنْ كُلِّ مَلَكَةٍ
— яъне тақво ҳама гуна озодӣ ба инсон медиҳад. Пас тақво танҳо на ин аст, ки қайду маҳдудият нест, балки айни ҳуррият ва озодӣ аст.
Ҳиросати тақво
Мумкин аст он чи дар бораи тақво гуфта шуд, ки ҳирз ва ҳисн ва ҳофиз ва ҳорис аст, мӯҷиби ғурур ва ғафлати баъзе гардад ва хаёл кунанд, ки одами муттақӣ маъсум аз хатост ва таваҷҷӯҳ ба хатароти мутазалзилкунанда ва бунёнкан тақво нанамоянд. Вале ҳақиқат ин аст, ки тақво ҳам ҳар андоза олӣ бошад, ба навбаи худ хатароте дорад. Одамӣ дар айни ин ки бояд дар ҳимоят ва ҳиросати тақво зиндагӣ кунад, бояд худ ҳофиз ва ҳориси тақво буда бошад ва ин, ба истилоҳ “давр “нест. Монеъе надорад, ки як чиз василаи ҳифз ва нигаҳдории мо бошад ва дар айни ҳол мо ҳам муваззаф бошем ӯро ҳифз кунем. Дуруст мисли ҳамон ҷома, ки мисол задам. Ҷома ҳофиз ва ҳорис ва нигаҳбони инсон аст аз сармо ва гармо, инсон ҳам ҳофиз ва ҳориси ҷомаи хеш аст аз дузд. Амирулмӯъминин (а) дар як ҷумла ба ҳар ду ишора карда он ҷо, ки мефармояд:
أَلَا فَصُونُوهَا وَتَصَوَّنُوا بِهَا
Яъне тақворо ҳифз кунед ва ҳам ба василаи ӯ худатонро ҳифз кунед. Пас агар аз мо бипурсанд, оё тақво моро ҳифз мекунад ва ё мо бояд ҳофизи тақво бошем? Мегӯем, ҳар дуто. Назири ин ки агар бипурсанд, оё аз тақво бояд кӯмак гирифт барои расидан ба Худо ва мақоми қурби илоҳӣ, ё аз Худо бояд кӯмак хост барои таҳсили тақво? Мегӯем: ҳар дуто; ба кӯмаки тақво бояд ба Худо наздик шуд ва аз Худо бояд мадад хост, ки барои тақвои бештар моро муваффақ бифармояд.
Ва ҳам аз калимоти амирулмӯъминин аст:
أُوصِيكُمْ بِتَقْوَى اللَّهِ، فَإِنَّهَا حَقُّ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَالْمُوجِبَةُ عَلَى اللَّهِ حَقَّكُمْ، وَأَنْ تَسْتَعِينُوا عَلَيْهَا بِاللَّهِ وَتَسْتَعِينُوا بِهَا عَلَى اللَّهِ
(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 189) Яъне шуморо ба тақвои илоҳӣ суфориш мекунам, тақво ҳаққи илоҳӣ аст бар ӯҳдаи шумо ва мӯҷиби субути ҳаққе аст аз шумо бар Худо ва ин ки аз Худо барои расидан ба тақво кӯмак бихоҳед ва аз тақво барои расидан ба Худо кӯмак бигиред.
Ба ҳар ҳол бояд таваҷҷӯҳ ба хатароте, ки бунёни тақворо мутазалзил мекунад дошт.
Дар муқаррароти динӣ мебинем, ки тақво зомин ва васиқаи бисёре аз гуноҳон шинохта шуда, вале нисбат ба баъзе дигар аз гуноҳон, ки таъсир ва ҷозибаи қавитаре дорад, дастури ҳарим гирифтан дода шуда.
Масалан, дар муқаррароти динӣ гуфта нашуда, ки хилват кардан бо василаи дуздӣ ё шаробхорӣ ё қатли нафс ҳаром аст. Масалан, монеъе надорад, ки касе шаб дар хонаи хилвате ба сар барад, ки агар бихоҳад — Алъаёзу биллоҳ! — шароб бихӯрад, ҳеч родеъ ва монеъи зоҳирӣ нест. Ҳамон имон ва тақво зомини инсон аст. Вале дар масъалаи ҷинсият ба ҳукми таъсири қавӣ ва таҳрики шадиде, ки ин ғариза дар вуҷуди инсон дорад, ин замонат аз тақво бардошта шуда ва дастур дода шуда, ки хилват бо василаи беиффатӣ мамнӯъ аст, зеро ин хатар, хатаре аст, ки метавонад аҳёнан дар ин ҳисор ҳар андоза манеъ ва мустаҳкам бошад, нуфуз кунад ва ин ҳисорро фатҳ намояд.
Ҳофиз дар яке аз ғазалҳои маъруфаш байте дорад, ки ман ҳар вақт ба он байт мерасам, ҳамин матлабе, ки гуфтам дар назарам муҷассам мешавад ва мисли ин ки Ҳофиз бо забони ширине, ки махсуси худи ӯст, хоста ин ҳақиқати руҳиро бигӯяд. Ғазал ин аст:
Нақдҳоро бувад оё, ки иёре гиранд,
То ҳама савмаъадорон пайи коре гиранд.
Маслиҳатдиди ман он аст, ки ёрон ҳама кор
Бигузоранду хами турраи ёре гиранд.
Хуш гирифтанд ҳарифон сари зулфи соқӣ,
Гар фалакшон бигузорад, ки қароре гиранд.
Байте, ки аз ин ғазал мавриди назар буд ин байт аст:
Қуввати бозуи парҳез ба хубон мафурӯш,
К-андар ин хайл ҳисоре ба саворе гиранд.
Дар ин байт тақво ва парҳезкориро ба ҳисор ташбеҳ карда ҳамон тавре, ки дар калимоти амирулмӯъминин (а) айни ин ташбеҳ омада буд. Баъд ба шиддат таъсир ва қудрати фатҳи хайли хубон ҳисори тақворо таваҷҷӯҳ пайдо карда, ки ин ҳисорро ба рухи ин тоифа наметавон кашид. Дар ин сипоҳ ҳар як савор ба танҳоӣ қодир аст, ки ҳисореро фатҳ кунад, эҳтиёҷе ба иҷтимоъ ва юриши дастаҷамъӣ нест.
* * *
Идома дорад…
Қаламонлайн