Даҳ гуфтор – XXIII

Даҳ гуфтор – XXIII

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши бисту севвум

Хитоба ва минбар (1)

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

الرَّحْمَٰنُ. عَلَّمَ الْقُرْآنَ. خَلَقَ الْإِنْسَانَ. عَلَّمَهُ الْبَيَانَ

(Сураи Раҳмон, оятҳои 1 то 4) (“Худованди Раҳмон аст, ки Қуръонро таълим дод, инсонро офарид, баён ва сухан гуфтан ба вай омӯхт.”)

Мавзӯи сухан “хитоба ва минбар” аст. “Хитоба “яъне суханронӣ.

Бинобар ин мавзӯъи суханронӣ “суханронӣ” аст, яъне худаш мавзӯъи худаш аст ва суханронӣ ҳамон аст, ки аз лиҳози фаннӣ ва илмиӣ дар мантиқ “хитоба” мегӯянд. Хитоба яке аз фунуни панҷгонаи сухан ва калом аст. Дар мантиқ панҷ синоат, яъне панҷ ҳунари суханӣ қоил ҳастанд, ки ба онҳо “синоъоти хамса” мегӯянд ва аз Арасту расидааст, яъне табвиби онҳо аз Арасту аст. Яке аз онҳо фанни хитоба аст. Фурсате нест, ки дар таърихчаи хитоба ва дар бораи қисматҳои фаннӣ, ки роҷеъ ба хитоба гуфта шудааст сӯҳбат бикунам, хусусан баъзе аз мантиқийин хеле шарҳ додаанд. Агар танҳо хитобаи “Шифо”-и Бӯалиро дар назар бигирем, як китоби пурҳаҷме аст. Инҳоро намехоҳам баҳс кунам, зеро мехоҳам баҳсе карда бошем, ки танҳо ҷанбаи назарӣ надошта бошад, чун мавзӯъи сухан “хитоба ва минбар” аст ва минбар яъне суханронии динӣ. Бинобар ин сухани мо дар атрофи хитобаи динӣ аст, на соири ақсоми хитоба ва сухани имшаби ман роҷеъ ба пайванди суханронӣ бо ислом хоҳад буд.

Пайванди хитоба бо ислом

Пайванди хитоба бо ислом аз чанд назар астЕ аввалан аз ин назар, ки хитоба як фанн аст, яъне як ҳунар аст ва ҳунар мутлақан метавонад ба кӯмаки як фикр ва ақида ва ё ба ҷанги як фикр ва ақида биёяд, яъне як фикр, як фалсафа, як дин, як ойинро мешавад ба василаи ҳунар ё санъат тақвият кард ва ҳамчунин мешавад ба василаи ҳунар ё санъат тазъиф кард. Ҳоло фарқи ҳунар ва санъат чист бимонад. Шумо агар масҷиди Шоҳи Исфаҳон биравед ва агар гунбади масҷиди Шайх Лутфуллоҳро бибинед, мебинед, ки аз ҷоҳое аст, ки илм ва ҳунар ва санъат ба кӯмаки дин омадааст. Яъне эҳсосоти динӣ аз як тараф ва завқи ҳунарӣ аз тарафи дигар даст ба дасти ҳам додаанд ва як шиори мазҳабӣ дар либоси ҳунар ва санъат ба ҷилва даромадааст.

Худи “хатт“ як ҳунари синоӣ аст. Катибаҳои хеле олии қуръонӣ мисли катибае, ки Бойсунқур дар айвони мақсураи Машҳад навиштааст, аз он ҷоҳое аст, ки ҳунар ва санъат ба эҳсосоти мазҳабӣ ёрӣ кардааст.

Хитоба аз он ҷиҳат, ки як ҳунар ва як фанн аст ва ҳунар ва фанн маъмулан метавонад асари иҷтимоӣ дошта бошад ва омили иҷтимоӣ ба шумор равад, як фикр ва як ақидаро тақвият ва ё тазъиф кунад, аз бузургтарин омилҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ҳеч ҳунаре ба андозаи ҳунари хитоба наметавонад асари иҷтимоӣ дошта бошад. Агар аз ин назар ба хитоба нигоҳ кунем, робитаи ҳунари хитоба бо ислом мисли бисёре аз ҳунарҳо ва синоъоти дигар аст.

Дар ислом ҳамон тавре, ки ҳаҷҷорҳо ва ҳаҷҷориҳо пайдо шуда, ойинакорҳо ва ойинакориҳо пайдо шуда, кошикорҳо ва кошикориҳо пайдо шуда, меъморҳо ва меъмориҳо пайдо шудааст, ҳамин тавр ислом дар домани худаш хатибони бисёр забардаст парвариш додааст, ки бисёре ба номи “Хатиб” маъруф мебошанд. Шумо дар китобҳои риҷол ва тароҷум, ашхоси зиёдеро мебинед, ки ба номи “Хатиб” маъруф будаанд; яке ба номи Хатиби Розӣ, яке ба ном Хатиби Мисрӣ, яке ба номи Хатиби Димишқӣ, яке ба номи Хатиби Табрезӣ, яке ба номи Хатиби Ҳасфакӣ. Инҳо ҳама мардуме будаанд, ки шӯҳраташон дар замони худашон ва замонҳои баъд ба унвони сухансаро будааст. Хушбахтона имрӯз ҳам мо хатибони динии бузург дорем. Марҳум Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ илова бар соири фазоил, як хатиби забардасте буд, хитобаҳое дар Миср иншо мекард, ки мардумро мунқалиб мекард, мегирёнид, мардумро бар ҳоли худашон мегирёнид, на бар чизи дигар. Ислом хатибони бузурге дар домани худ парвариш дода ва ин ҳам худаш таърихчае дорад. Ҳамин қадр хостам ишорае карда бошам. Фурсати бештар аз ин нест.

Ба ҳар ҳол аз ин назар робитаи хитоба бо ислом мисли робитаи соири ҳунарҳост. Ислом дар домани худаш ақсоми ҳунармандҳо ва санъатгарҳо ба вуҷуд овардааст. Як табақаи онҳо ҳам табақаи хатибон ва сухансароён ва суханронон ҳастанд.

Таъсири ислом дар таҳаввул ва такомули хитоба

Назари дигар дар бораи пайванди хитоба ва ислом, аз ҷанбаи таъсири мустақиме аст, ки ислом дар таҳаввул ва пешрафти хитоба кардааст. Ислом дар фанни хитоба таъсир дошт, хитобаро боло бурд, ҷилав бурд. Араб аз фунуне, ки марбут ба забон аст, яъне шеър ва хитоба ва нависандагӣ, шеърро албатта дошт, араб шоир аст, араби ҷоҳилият шоир буда ва ҳарчанд аз лиҳози маъно маҳдуд будааст, чун фикр ва маълумот ва иттилооташ маҳдуд будааст, вале дар ҳудуди маъное, ки дар дасташ буда, хуб шеър мегуфтааст. Аммо араб дар хитоба он қадрҳо қавӣ набудааст. Бо ин ҳама ашъоре, ки аз ҷоҳилият дорем, хитоба хеле кам дорем. Дорем, вале кам дорем. Фанни севвумаш, ки нависандагӣ аст, аслан ҳеч аз араби ҷоҳилият асари китобат ва нависандагӣ боқӣ намондааст, китобе боқӣ намонда, ки асар ва навиштаи араби ҷоҳилият бошад.

Ислом, ки пайдо шуд, дар ҳар се қисмат таъсир кард; дар шеър таъсир кард, яъне ба маънои шеър вусъат дод. Ашъори исломӣ бо ашъори ҷоҳилӣ аз лиҳози маъно бисёр мутафовит аст. Дар хитоба таҳаввули азим эҷод кард ва китобат ва нависандагиро ибдоъ кард. Китобе ҳаст ба номи “Ҷамҳарату хутабил-араб”, маҷмӯае аст аз хутаби араб дар ҷоҳилият ва дар ислом. Агар ба хутбаҳои араби ҷоҳилӣ нигоҳ кунед аз лиҳози маъонӣ хеле содда ва басит мебинед, аммо ҳамин ки мерасид ба ислом, якмартиба як ҷаҳиш мебинед. Хутбаҳо ва калимоте аз давраи ҷоҳилият аз Аксам ибни Сайфӣ ва Азқас ибни Соъидаи Аёдӣ, хатиби маъруфи араб нақл шудааст. Вақте нигоҳ мекунед мебинед хеле басит аст. Ҳамин ки ворид мешавед ба ислом, хитобаҳои Расули Акрамро мебинед, мебинед таври дигаре аст, маъонии дигаре дар кор омадааст, маориф ҳаст, маънавият ҳаст, масоили иҷтимоӣ ҳаст, ҳикматҳои бузург аст, масоили ахлоқӣ ҳаст ва инҳо дар хитобаҳои ҷоҳилит вуҷуд надоштааст. Ислом дар ҳар се қисмат таъсир кард. Бадеҳӣ аст вақте, ки Қуръони Карим худ намунаи эъҷози баён ва фасоҳат ва балоғат бошад ва баёнро яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ бишуморад:

الرَّحْمَٰنُ. عَلَّمَ الْقُرْآنَ. خَلَقَ الْإِنْسَانَ. عَلَّمَهُ الْبَيَانَ

— ва вақте, ки дар аввалин оёти нозил бар Пайғамбар аз қаламу китобат ва нависандагӣ ном бибарад:

اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ. خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ عَلَقٍ. اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ. الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ. عَلَّمَ الْإِنْسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ

— хоҳ нохоҳ, ҳам дар хитоба ва баён таҳаввул ба вуҷуд меояд ва ҳам фанни китобат роиҷ ва шойеъ мегардад. Беҷиҳат набуд, ки мусалмонон, улуми забон ва билахасс илми фасоҳату балоғатро бо қоъидаҳои махсусаш ибтикор ва ибдоъ карданд. Ба илова шахси Расули Акрам (с) ва ҳамчунин Алӣ (а) аввал хатиб ба шумор мераванд. Феълан маҷол нест, ки ба унвони намуна, аз калимоти онҳо чизе бихонам ва махсусан бо калимоти араби ҷоҳилӣ муқоиса кунам.

Хитоба дар матни дин

Матлабе, ки имшаб мехоҳам дар атрофи он матлаб сӯҳбат кунам, як пайванди қурстар ва муҳкамтаре аст байни ислом ва хитоба. Ва он ин аст, ки дар як маврид, хитоба ва суханронӣ ҷузъи матни дин қарор гирифтааст. Агар аз шумо суол бикунанд, оё метавонед ҷавоб бидиҳед, ки он маврид куҷост ё на? Оре, дар як маврид, хитоба ва суханронӣ яке аз фароиз аст, назири намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, хумс, амсоли инҳо. Он дар намози ҷумъа аст.

Намози ҷумъа

Ислом як намози ҳафтагӣ дорад, ки номи он, намози ҷумъа аст. Дар худи Қуръони Маҷид аз ин намоз бахусус ёд шудааст ва он дар сураи Ҷумъа аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

(Сураи Ҷумъа, ояти 9) (“Эй касоне, ки имон овардаед! Чун дар рӯзи ҷумъа барои намоз нидо дода шавад, пас ба сӯйи зикри Худо биштобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед, ки ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.”) Ба иттифоқи тамоми муфассирини шиъа ва суннӣ, мақсуд намози ҷумъа аст.

Намози ҷумъа чист? Намози ҷумъа ҳамон намози зуҳри рӯзи ҷумъа аст, вале бо соири намозҳо ихтилоф дорад. Аввалан ҳама намози зуҳрҳо чаҳор ракъат аст, аммо намози зуҳри рӯзи ҷумъа, ки исмаш намози ҷумъа аст, ду ракъат аст. Ҳоло чӣ тавр шудааст ду ракъат шудааст, баъд арз мекунам. Сониян, воҷиб аст бо ҷамоат хонда шавад, вале соири намозҳо: намози аср ва намози зуҳр ва намози субҳ ва мағрибу ъишоъ, хонданашон бо ҷамоат воҷиб нест. Ва солисан, намози ҷумъа дар ҳар нуқтае, ки иқома шавад, то ду фарсах аз ҳамаи ҷавониб, бар мардум воҷиб аст, ки дар он ширкат кунанд, магар он ки узр дошта бошанд. Ва робеан дар ҳар нуқтае, ки намози ҷумъа иқома шуд, то шуоъи як фарсах ҳаром аст намози ҷумъа дигаре иқома бишавад, фақат ҳамон як намози ҷумъа бояд бошад.

Бибинед, агар ҳамчу намозе иқома бишавад, чӣ намозе мешавад?! Агар масалан дар ин нуқта, ки мо ҳастем яъне дар Теҳрон, як намози ҷумъае ташкил бишавад, аз шуоъи ду фарсах яъне аз ин ҷо аз тарафи шимол то Шамирон ва аз ҷануб то шаҳри Рай ва аз ҳама ҷавониби шарқу ғарб ва миёни инҳо то фосилаи 12 километр, ки тақрибан ду фарсахи шаръӣ аст дар он ширкат кунанд ва то шуоъи шашкилометр намози ҷумъаи дигаре иқома нашавад ва мунҳасир ба ҳамон як намоз бошад, бибинед чӣ иҷтимои азиме он вақт ташкил дода мешавад!

Ин намоз бояд ду ракъат хонда шавад, на чаҳор ракъат. Чаро? Дар аҳодис ва ахбор бисёр ворид шуда ва аз мусалламот аст, ки:

 وإنما جعلت الجمعة ركعتين لمكان الخطبتين

Яъне ин намози умумӣ; ин намозе, ки ҳама бояд дар як ҷо ҷамъ бишаванд ва мисли ин намози ҷамоатҳо мутафарриқ набошанд, фарз аст, ки қабл аз ин намоз ду хитоба иншо бишавад, ду хитоба эрод бишавад ва ҳамин ду хитоба ба ҷойи ду ракъат аст. Ин аст он матлабе, ки арз кардам, мо моддае дорем дар худи дини муқаддаси ислом, ки суханронӣ ҷузъи матни дин аст, ҷузъи намоз аст. Амирулмӯъминин мефармояд: хутба, намоз аст. Модоме, ки имом хитоба мехонад ва мардум гӯш медиҳанд, ҳамаи мардум бояд сукут бикунанд ва ҳарфи ӯро гӯш бикунанд ва модоме, ки ӯ аз курсӣ пойин наомадааст, ҳама мисли ин аст, ки дар ҳоли намоз мебошанд. Албатта бо як фарқҳое аз қабили ин ки рӯ ба қибла нишастан ва лоақал рӯ ба қибла будани худи имом, ки хутба мехонад, дар ин ҳол воҷиб нест. Ин ду хитобае, ки дар он ҷо фарз аст, ба ҷойи ду ракъат аз намози зуҳр аст.

Манзури аслӣ аз иҷтимои ҷумъа

Аз ин дастурҳои исломӣ, ки ё нашунидаед ва ё хеле кам ба гӯши шумо хӯрдааст, таъаҷҷуб хоҳед кард ва хоҳед пурсид, чӣ манзуре аз ин ҳама иҷтимоъ ва одоб ва ташрифот ҳаст? Бештар таъаҷҷуб хоҳед кард агар бишнавед, ки манзури умда аз ин ҳама иҷтимоъ, шунидани ҳамон хитобаҳост. Пас он хитобаҳо чӣ қадр бояд дорои аҳаммият бошад ва ҷанбаи ҳаётӣ дошта бошад. Он қадр аҳаммият дорад, ки он гоҳ, ки овози муаззин ба Аллоҳу Акбар баланд мешавад, ҳар кас дар ҳар ҷо ҳаст ва ҳар коре дар дасташ ҳаст, бояд бигузорад ва биштобад ба сӯйи намози ҷумъа ва он ду хитобаро бишнавад ва сипас ду ракъат намозро ба ҷамоат бихонад ва он вақт озод аст.

Дар сураи муборакаи Ҷумъа ҳамин матлаб баён шуда он ҷо, ки мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ. فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلَاةُ فَانْتَشِرُوا فِي الْأَرْضِ

Инро ҳам бигӯям, ки зуҳрҳо, аввал азон гуфта мешавад ва баъд аз азон намоз хонда мешавад ва дар рӯзи ҷумъа истисно, агар бино бошад намози ҷумъа хонда бишавад, азонро қабл аз зуҳр мешавад гуфт, мешавад азонро чунон бигӯянд, ки аввали завол, ду хитоба тамом шуда бошад. Садои муаззин, ки баланд шуд барои намози ҷумъа, муомила кардани ҳаром аст:

وَذَرُوا الْبَيْعَ

Ин ҷиҳат, насси Қуръон аст ва аз мусалламоти ислом аст. Шиъа ва суннӣ дар ин замина ихтилофе надоранд, ки агар намози ҷумъаи саҳеҳе ташкил шавад ва азонаш гуфта шавад, дар он ҳол масалан мағозадоре пушти тарозуи худаш нишаста ё истодааст ва муштарӣ омада ва аз ӯ масалан панир мехоҳад ва ӯ кордро бурда рӯйи панир, мехоҳад бибуррад ва дар он ҳол бонги муаззин баланд мешавад: Аллоҳу Акбар, воҷиб аст бар муштарӣ ва бар фурӯшанда, ки даст нигаҳ доранд ва биштобанд:

فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ

Яъне биштобед ба сӯйи намоз ва муомиларо раҳо кунед. Муомила дар он вақт ҳаром аст, бояд биштобанд ва ин хитобаҳо, ин суханрониҳоро гӯш кунанд. Дар намози ҷумъа ду хитоба хонда мешавад, на яке. Ба ин тартиб, ки имом як хитоба иншо мекунад, баъд менишинад ва мухтасаре сукут мекунад, думартаба баланд мешавад барои хитобаи дуввум.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кушта ва захмӣ шудани 12 низомии исроилӣ
Яҳудиёни ҳаридӣ: Ҳасан Насруллоҳ мӯъмин буд

Матолиби пурбоздид