Депорти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Амрико
Ахбори байналмилал
Муҳимтарин ваъдаи Доналд Трамп, пеш аз интихобот, мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд. Баъди адои савганд, президенти Амрико ба ваъдаҳояш вафо намуда, депорти муҳоҷирони ғайриқонуниро оғоз кард.
Тайи ду-се ҳафтаи ахир ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ба кишварҳои дуввум ва севвум депорт шуданд. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони депортшуда ба воситаи ҳавопаймо ба кишварҳояшон баргардонида мешаванд.
Ҳуқуқшиноси ӯзбекистонӣ Акмал Элмуродов, ки дар як ширкати ҳуқуқӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кор мекунад, дар хусуси раванди оғозшудаи ихроҷи муҳоҷирон изҳори назар кардааст.
Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, раванди депорти муҳоҷирон бархе амрикоиҳоро низ ҳайратзада кардааст, аммо аксари онҳо аз ин барномаи Доналд Трамп пуштибонӣ мекунанд.
Бар асоси гузориши як ниҳоди назораи муҳоҷирони Амрико, дар марҳилаи аввал 1,5 миллион нафар аз ин кишвар бояд депорт шаванд. Таъкид мешавад, ки дар рӯйхати афроди депортшаванда 975 шаҳрванди Ӯзбекистон низ қарор доранд.
Доналд Трамп тасмим гирифтааст, ки аввал муҳоҷиронро ба кишварҳои Амрикои Лотин депорт кунад ва пасон ба воситаи ҳавопаймо ба кишварҳояшон баргардонад.
Акмал Элмуродов, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, ки муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ дар ин шабу рӯз бештар шудааст.
“Аксари муроҷиаткунандагони мо аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ мебошанд”- гуфт Акмал Элмуродов.
Ҳуқуқшиноси ӯзбекистонӣ мегӯяд, вақте Доналд Трамп расман ба кор оғоз кард, демократҳоро муттаҳам намуд, ки “дари Амрикоро барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ” боз гузоштаанд. Демократҳо ба ин иддаои Доналд Трамп наметавонанд посух диҳанд.
“Депортатсия ҳоло воқеан беэҳтиёт мегузарад. Баъзе амрикоиҳо дар ҳайрат мондаанд, вале бисёриҳо инро дастгирӣ мекунанд” – мегӯяд Акмал Элмуродов.
Гуфта мешавад, ки номи 975 ӯзбекистонӣ дар рӯйхати муҳоҷирони депортшаванда қарор гирифтааст ва дар ин хусус қарори суд содир шудааст. Бештарини ин муҳоҷирон ба воситаи Максика ба Амрико ворид шуда, талаби ҳаққи паноҳандагӣ кардаанд. Барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ шаҳрвандон бояд далелҳои қавӣ ва собит дошта бошанд.
“Дар рӯйхат одамоне ҳастанд, ки қоидаҳои иқоматро нақз карданд, корҳои ғайриқонунӣ мекунанд ё собиқаи ҷиноятӣ доранд” – шарҳ медиҳад Акмал Элмуродов.
Ӯ мегӯяд, ки дар ин масъала ниҳодҳои амрикоӣ бо мақомоти Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунанд: “Бисёре аз муроҷиаткунандагони мо ҳоло огоҳӣ мегиранд. Вале онҳо намедонанд, ки чи кор кунанд ва барои кумак ба ҳуқуқшиносон муроҷиат менамоянд. Агар даъватнома расид, бояд рафта иҷро кунанд. Амрико гарчи кишвари калон, вале ёфтани одамон осон аст” – мегӯяд Акмал Элмуродов.
Dialog
Қаламонлайн