Дидори уламо ва бузургони аҳли суннати Эрон бо Сайидҳасан Хумайнӣ

Дидори уламо ва бузургони аҳли суннати Эрон бо Сайидҳасан Хумайнӣ

Дидори уламо ва бузургони аҳли суннати Эрон бо Сайидҳасан Хумайнӣ – набераи Имом Хумайнӣ(рҳ)

Сайидҳасан Хумайнӣ: “Набояд фақат ба бародарони аҳли суннат гуфт, ки шумо ваҳдат кунед, балки ҳамаи тарафҳо бояд ин масъаларо риоят кунанд.”

Ахбори ҷаҳони ислом

Сайидҳасан Хумайнӣ, устоди фиқҳ ва усул ва набераи Имом Хумайнӣ, дар дидор бо ҷамъе аз уламои аҳли суннати Гургони Эрон, бо ишора ба лузуми ҳамдилии мусалмонони шиъа ва аҳли суннат, гуфт: “Алҳамду лиллоҳ аҳли суннати Эрон хуб пешрафт кардаанд ва масоилро ҳам хеле хуб расад мекунанд. Аммо дар ду тараф (шиъа ва аҳли суннат) як идда одамҳое ҳастанд, ки ингор ҳеч фаҳме аз рӯзгори худашон надоранд. Тавҳинҳо ба муқаддасоти ҳамдигар ва такфирҳо, роҳро барои пешрафт бастааст; инҳо корҳои ғалате аст.” Вай афзуд: “Воқеият ин аст, ки набояд фақат ба бародарони аҳли суннат гуфт, ки шумо ваҳдат кунед, балки ҳамаи тарафҳо бояд ин масъаларо риоят кунанд.”

Ба гузориши хабаргузории Ҷаморон, Сайидҳасан Хумайнӣ, бо таъкид бар аҳаммияти болои шинохти мавзӯъ ва забони рӯз дар масири таблиғ ва мавонеъи он, ҳадафи таблиғро “тарвиҷи дини Худо” донист ва гуфт: “Имрӯз ҷомеаи исломӣ аз ҷиҳоти бисёр зиёде, бо даврони қабл фарқ кардааст. Имрӯз достони Ғазза қиссаи талхе аст, ки дар он як ҷаҳон, ки худашонро муддаии адолат, ҳуқуқи башар ва озодӣ медонанд, ба роҳатӣ чашмашонро бастаанд.”

Вай тасреҳ кард: “Як гурӯҳи маҳдуди саҳюнист одамкушӣ мекунанд, бемористонҳо ва хонаҳоро аз байн мебаранд ва Омрико ва Урупо ҳам ба роҳатӣ дифоъ мекунанд; мисли ин ки ҳеч шарме ҳам вуҷуд надорад ва ба таври аланӣ ин ҳимоятро эълом мекунанд. Аммо агар як садуми ин рафторро кишвари дигаре бо ҳар кишваре раво дорад, тамоми ниҳодҳои ҳуқуқи башарии дунё осмонро ба замин медӯзанд.”

Вай, бо баёни ин ки ин масъала абъоди хуб ҳам дорад, изҳор дошт: “Яке аз баҳсҳои динии мо “фалсафаи шурур” аст. Ҳатман ҳикмате дошта, ки Худованд “шарр”-ро халқ кардааст. Яке аз фалсафаҳои шарорати саҳюнистҳо ин аст, ки дунёро бедор кардааст. Яъне, воқеан қабл аз ҳодисаи 7 октябр, шояд ҷаҳон ба ин вусъат нисбат ба баҳси саҳюнизм ва саҳюнистҳо ҳассос набуд. Бояд қадри ин масъаларо донист; чаро ки ба масобаи бедорбош ва чароғе аст, ки равшан мешавад.”

Вай, бо таъкид бар ин ки ҷомеае, ки бедор шавад, роҳашро пайдо мекунад, идома дод: “Нафси корҳое, ки саҳюнистҳо дар Ғазза анҷом додаанд, бо ҳамаи осори талхе, ки дорад, як манфиати бузург ҳам дорад, ки то ҳудуде ҷомеаҳоро бедор кардааст. Албатта дар ҷомеаи исломӣ ҳам мо бояд дар ин росто талош кунем ва ҳар кадом аз мо сухан ё танаббуҳе, ки доремро бигӯем ва дар муқобил бо ҷавомеъи дигар ҳам ин матлабро такрор кунем.”

Сайидҳасан Хумайнӣ бо ишора ба ҳамлаи Омрико ба Яман, изҳор дошт: “Шумо асл ва решаи ин даъворо намебинед; ба ин ки як гурӯҳе доранд миллатеро ба қатл мерасонанд. Вақте як кишваре ё қавме ба дифоъ бармехезанд, ба ҷойи ин ки иллатулилал, ки саҳюнистҳо ҳастандро сари ҷояшон биншонанд, бо касоне, ки бо камтарин имконот меҷанганд, бархӯрд мекунанд.”

Вай идома дод: “Албатта инҳо талх аст, вале мутмаин бошед дилҳои мардуми дунёро бедор мекунад. Тазоҳуротҳо ва роҳпаймоиҳои васеъ метавонад омили хеле муҳимме бошад; бояд қадри ин шароитро донист.”

Сайидҳасан Хумайнӣ бо ишора ба ихтилофоти фирқаӣ ва мазҳабӣ изҳор дошт: “Алҳамду лиллоҳ аз печи бисёр ваҳшатноки ДОЪИШ убур кардем. Албатта ҳанӯз латамоти он ҳаст, вале вақте дар авҷи қудрат буданд медидем, ки иддае ба номи Паёмбар (с) одамкушӣ ё бардадорӣ мекунанд ва худашон филм мегирифтанд ва пахш мекарданд; ва савод ҳам надоштанд ва дар як фазои эҳсосӣ ин корҳоро анҷом медоданд. Албатта бетардид баъзе аз онҳо бо огоҳӣ хиёнат мекарданд ва як идда аз онҳо ҳам афроди авоме буданд, ки гирифтори эҳсосоти зудгузар шуданд.”

Вай таъкид кард: “Низоъҳои фирқаӣ байни мо бузургтарин масире аст, ки душманон метавонанд аз он вуруд пайдо кунанд. Албатта, муқобила бо ин масир мутаассифона, ҳам дар миёни шиъаён ва ҳам дар миёни аҳли суннат мухолиф дорад ва касоне ҳастанд, ки аз берун бар ин низоъ медаманд. Яъне маълум аст, ки онҳо аз берун хушашон меояд, ки ин даъвоҳо барқарор бошад.”

Сайидҳасан Хумайнӣ ёдовар шуд: “Алҳамду лиллоҳ аҳли суннати Эрон хуб пешрафт кардаанд ва масоилро ҳам хеле хуб расад мекунанд. Аммо дар ду тараф як идда одамҳое ҳастанд, ки ингор ҳеч фаҳме аз рӯзгори худашон надоранд.”

Вай афзуд: “Тавҳинҳо ба муқаддасоти ҳамдигар ва такфирҳо, роҳро барои пешрафти аҳли суннат дар ҳирами манзилати иҷтимоии Эрон бастааст; инҳо корҳои ғалате аст. Воқеият ин аст, ки набояд фақат ба бародарони аҳли суннат гуфт, ки шумо ваҳдат кунед, балки ҳамаи тарафҳо бояд ин масъаларо риоят кунанд.”

Вай таъкид кард: “Амирулмуъминин (а) дар “Наҳҷул-балоға” мефармояд, агар масире кам раҳрав дорад, муроқиб бошед, ки аз он натарсед. Баъд, дар идома таъбире доранд, ки мефармоянд: “Худованд мардумро ба ризо ва сахат азоб мекунад”. Ба хотири ин ки дар достони Самуд як иддаи маҳдуд буданд, ки шутурро куштанд, аммо Худованд ҳамаи онҳоро азоб кард; чун ба феъли онҳо розӣ буданд.”

Вай афзуд: “Касе, ки ба феъли қавме розӣ бошад, аз зумраи ҳамонҳо ҳисоб мешавад. Агар иттифоқе афтод ва мо ба он феъл розӣ будем, ба навъе муъини (кӯмаккунандаи) он ҳам ҳастем. Ҳадди ақалтарин ҳолати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар “нигоҳи талх” ё ин аст, ки инсон дар қалбаш нороҳат шавад ва ба ӯ бифаҳмонад, ки ин кор дуруст нест.”

Сайидҳасан Хумайнӣ ёдовар шуд: “Алҳамду лиллоҳ достони иттиҳод, яке будан, ҳамдилӣ ва бародарӣ тарафдорони зиёде дорад, вале ҳатто агар кам ҳам бошад, набояд нисбат ба он бетафовут бошем. Воқеан дар шароити сахте ҳастем ва омодагии ҷаҳони ислом барои як ҷаҳиши бузург ва як фурсати тиллоӣ пеши рӯйи мост; аз ин фурсатҳои тиллоӣ дар таърих кам пеш меояд ва иншоаллоҳ ин иттифоқ биафтад.”

Jamaran

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаришта ё даҷҷол
Шикасти шишаҳо

Матолиби пурбоздид