Диндорӣ ва ахлоқ

Фарҳанг
Диндорӣ ва ахлоқ
Маърифат
Диндорӣ ба як маъно ҳамон боахлоқ будан аст. Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Барои такмили макорими ахлоқ фиристода шудаам”. Яъне барои комил кардани ахлоқи нек ва хуб.
Боахлоқ будан яъне ороста будан ба рафторҳои писандида мисли ростгӯӣ, вафодор будан, эҳтиром, амонатдорӣ ва ғайра ва дурӣ аз рафторҳои нописанд мисли дурӯғгӯӣ, бевафоӣ, такаббур, хиёнат ва ғайра…
Диндорӣ ва баахлоқӣ инҳо лозиму малзуми якдигаранд. Агар касеро дидед, ӯ бадахлоқ аст, пас бидонед ӯ диндор нест. Ва агар касеро дидед ӯ худро диндор мешуморад, вале бадахлоқ аст, масалан кибр меварзад, пас бидонед ӯ дурӯғ мегӯяд, ӯ диндор нест, ӯ мардумфиреб аст.
Дини мо асосаш ахлоқ аст. Шайтон ба хотири бадахлоқиаш аз даргоҳи Худо ронда шуд, на масалан Худонашносиаш. Ба ӯ Худо фармуд, дар баробари Одам (а) саҷдаи таъзим кунад, ӯ такаббур кард, саҷда накард. Худо аз ӯ пурсид, чаро фармонбардорӣ намекунад, гуфт, ман беҳтарам!
Ҳамин “ман беҳтарам”, ӯро аз ҳама чиз маҳрум сохт, Худо ӯро аз даргоҳаш ронд. Ӯ муаллими фариштагон буд, ӯ ба истилоҳ нозпарвардаи (эркаи) Худо буд. Аммо бо “ман” ҳама чизро бар бод дод.
“Ман” лузуман чизе нест, ки ба забон ҷорӣ шавад, балки як хӯю хислат аст. Масалан, агар шумо таҳаммули ин ки касе аз шумо бартар бошад надошта ва худдорӣ кунед аз ин ки ба бузургии тараф эътироф намоед, (ки ин хислати бад бо камоли таассуф назди баъзе муллоҳо дида мешавад), шумо “ман” гуфтаед, шумо мисли шайтон “ман беҳтарам” гуфтаед, ҳарчанд ба забон нагуфтаед. Шумо такаббур варзидаед, ки хислати шайтонист.
Хулоса, диндор будан дар навбати аввал ин хушахлоқ будан ва боахлоқ будан аст. Диндорӣ ва ахлоқ инҳо лозиму малзуми якдигаранд. Ҳар ҷо ахлоқ ҳаст, он ҷо дин ҳаст, ва ҳар ҷо ахлоқ нест, он ҷо дин нест.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Диндорӣ ва сиёсат
Ҳар гоҳ фурӯмоягон ҳоким шаванд…

Матолиби пурбоздид