Додситони байналмилалӣ, ки хостори муҳокимаи Натонёҳу шуда буд, аз кор барканор шуд
Reuters: Додситони Гаага, ки хостори муҳокимаи Натонёҳу шуда буд, аз кор барканор ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми ҷинсӣ парванда кушода шуд
Ахбори байналмилал
Додситони Девони ҷиноии байналмилалӣ, ки хостори боздошти Натонёҳу ва Галлант шуда буд, ба иттиҳоми суирафтори ҷинсӣ, ба таври муваққат аз кор барканор ва алайҳи ӯ парванда кушода шуда ва таҳқиқот дар борааш оғоз шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, Карим Хон, додситони Девони ҷазоии байналмилалӣ (ICC), ки ахиран хостори судури қарори боздошти Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир ва Йоав Галлант, вазири дифои барканоршудаи Исроил шуда буд, ҳоло худаш бо иттиҳоми суирафтори ҷинсӣ мувоҷеҳ ва ба таври муваққат аз кор муаллақ шудааст.
Reuters
Қаламонлайн