Дониши андак беҳтар аз ибодати бисёр

Фарҳанг

Дониши андак беҳтар аз ибодати бисёр

Паёмбари Акрам(с) дар мавриди дониш ва донишмандон фармудаанд:

“Андаке дониш беҳтар аз бисёре ибодат аст.”

“Хоби ҳамроҳ бо илму дониш беҳтар аз намози ҳамроҳ бо нодонӣ аст.”

“Ҳамоно бартарии олим бар обид монанди бартарии хуршед аст бар ситорагон ва бартарии обид бар ғайри обид монанди бартарии моҳ аст ба ситорагон.”

“Як соат такя задани олим бар бистари хеш ва нигаристан дар кору илмаш, беҳтар аз ҳафтод сол ибодати обид аст.”

“Олим бар обид ҳафтод дараҷа бартарӣ дорад, ки фосилаи ҳар дараҷа аз дигарӣ ба андозае аст, ки як асп ҳафтод сол бидавад. Иллати ин бартарӣ он аст, ки шайтон дар миёни мардум бидъате мегузорад ва олим бар он пай мебарад ва мардумро аз он наҳй мекунад, аммо обид саргарми ибодати худ аст ва ба бидъат на диққате дорад ва на онро мешиносад.”

“Савганд ба он ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст, ҳар оина вуҷуди як олим барои иблис сахттар аз ҳазор обид аст, зеро обид дар фикри худ аст ва олим дар андешаи дигарон.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳодисаи Карбало (11)
Ҳодисаи Карбало (10)

Матолиби пурбоздид