Достони Адий ибни Ҳотам

Таърих

Достони Адий ибни Ҳотам

Баргҳое аз торих

Қабл аз тулӯи ислом ва ташкил ёфтани ҳукумати исломӣ, расми мулкутавоифӣ дар миёни арабҳо ҷорӣ буд. Мардуми араб ба итоат ва фармонбардории руасои худ одат карда буданд ва аҳёнан ба онҳо боҷу хироҷ мепардохтанд. Яке аз руасо ва мулкутавоифи араб, саховатманди маъруф Ҳотами Тоӣ буд, ки раис ва пешвои қабилаи Тай ба шумор мерафт. Баъд аз Ҳотам писараш Адий ҷонишини падар шуд, қабилаи Тай тоати ӯро гардан ниҳоданд. Адий солона як чаҳоруми даромади ҳар касеро ба унвони боҷу молиёт мегирифт.

Риёсат ва пешвоии Адий мусодиф шуд бо зуҳури Расули Акрам (с) ва густариши ислом. Қабилаи Тай бутпараст буданд, аммо худи Адий кеши насронӣ дошт ва онро аз мардуми хеш пӯшида медошт.

Мардуми араб, ки мусалмон мешуданд ва бо таълимоти озодибахши ислом ошноӣ пайдо мекарданд, хоҳ нохоҳ аз зери бори руасо, ки тоати худро бар онҳо таҳмил карда буданд, озод мешуданд. Бо ҳамин ҷиҳат Адий ибни Ҳотам, монанди ҳамаи ашрофу руасои дигари араб, исломро бузургтарин хатар барои худ медонист ва бо Расули Худо (с) душманӣ меварзид.

Аммо кор аз кор гузашта буд, мардум фавҷ-фавҷ ба ислом мегаравиданд ва кори ислом ва мусалмонӣ боло гирифта буд. Адий медонист, ки рӯзе ба суроғи ӯ низ хоҳанд омад ва басоти ҳукумат ва оқоии ӯро бархоҳанд чид. Ба пешкори махсуси хеш, ки ғуломе буд, дастур дод, гурӯҳе шутури чоқу роҳвор ҳамеша наздики харгоҳи ӯ омода дошта бошад ва ҳар рӯз иттилоъ пайдо кард сипоҳи ислом наздик омадаанд, ӯро хабар кунад.

Як рӯз он ғулом омад ва гуфт:

— Ҳар тасмиме мехоҳӣ бигирӣ, бигир, ки лашкариёни ислом дар ҳамин наздикиҳо ҳастанд.

Адий дастур дод, шутуронро ҳозир карданд, хонадони худро бар онҳо савор кард ва аз асбобу асос, он чӣ қобили ҳамл буд, бар шутурҳо бор кард ва ба сӯи Шом, ки мардуми он ҷо низ насронӣ ва ҳамкеши ӯ буданд фирор кард. Аммо дар асари шитобзадагии зиёд, аз ҳаракат додани хоҳараш Саффона ғофил монд ва ӯ дар ҳамон ҷо монд.

Сипоҳи ислом вақте расиданд, ки худи Адий гурехта буд. Саффона хоҳари вайро ба Мадина бурданд ва достони фирори Адийро барои Расули Акрам (с) нақл карданд. Дар беруни масҷиди Мадина як чаҳордеворӣ буд, ки деворҳои кӯтоҳ дошт. Асиронро дар онҷо ҷой доданд. Як рӯз Расули Акрам (с) аз ҷилави он маҳал мегузашт, то вориди масҷид шавад. Саффона, ки зане фаҳмида ва забоновар буд, аз ҷо ҳаракат кард ва гуфт:

— Падар аз сарам рафта, сарпарастам пинҳон шуда, бар ман миннат бигузор, Худо бар ту миннат бигузорад!

Расули Акрам (с) аз вай пурсид:

— Сарпарасти ту кист?

Гуфт:

— Адий ибни Ҳотам.

Фармуд:

— Ҳамон, ки аз Худо ва расули ӯ фирор кардааст?!

Расули Акрам (с) ин ҷумларо гуфт ва бедиранг аз он ҷо гузашт.

Рӯзи дигар омад аз он ҷо бигзарад, боз Саффона аз ҷо ҳаракат кард ва айни ҷумлаи рӯзи пешро такрор кард. Расули Акрам (с) низ айни сухани рӯзи пешро ба ӯ гуфт. Ин рӯз ҳам тақозои Саффона бенатиҷа монд. Рӯзи севвум, ки Расули Акрам (с) омад аз он ҷо убур кунад, Саффона дигар умеди зиёде надошт тақозояш пазируфта шавад, тасмим гирифт ҳарфе назанад, аммо ҷавоне, ки пушти сари Пайғамбар (с) ҳаракат мекард, ба ӯ бо ишора фаҳмонд, ки ҳаракат кунад ва тақозои хешро такрор намояд. Саффона ҳаракат кард ва монанди рӯзҳои пеш гуфт:

— Падар аз сарам рафта, сарпарастам пинҳон шуда, бар ман миннат бигузор, Худо бар ту миннат бигузорад!

Расули Акрам (с) фармуд:

— Бисёр хуб, мунтазирам афроди мавриди эътимоде пайдо шаванд, туро ҳамроҳи онҳо ба миёни қабилаат бифиристам. Агар иттилоъ ёфтӣ, ки ҳамчу ашхосе ба Мадина омадаанд, маро хабар кун.

Саффона аз ашхосе, ки он ҷо буданд пурсид:

— Он шахсе, ки пушти сари Пайғамбар ҳаракат мекард ва ба ман ишора кард, то ҳаракат кунам ва тақозои хешро таҷдид намоям, кист?

Гуфтанд:

— Ӯ Алӣ ибни Абӯтолиб аст.

Пас аз чанде, Саффона ба Пайғамбар хабар дод, ки гурӯҳи мавриди эътимод аз қабилаи мо ба Мадина омадаанд, маро ҳамроҳи инҳо бифирист. Расули Акрам ҷомае нав ва маблағи харҷӣ ва як маркаб ба ӯ дод, ва ӯ ҳамроҳи он ҷамъият ҳаракат кард ва ба Шом назди бародараш рафт.

То чашми Саффона ба Адий афтод, забон ба маломат гушуд ва гуфт:

— Ту зану фарзанди хешро бурдӣ ва маро, ки ёдгори падарат будам, фаромӯш кардӣ?

Адий аз вай маъзарат хост. Ва чун Саффона зани фаҳмидае буд, Адий дар кори худ бо вай машварат кард, ба ӯ гуфт:

— Ба назари ту, ки Муҳаммадро аз наздик дидаӣ, салоҳи ман дар чист? Оё биравам назди ӯ ва ба ӯ мулҳақ шавам, ё ҳамчунон аз ӯ канорагирӣ кунам?

Саффона гуфт:

— Ба ақидаи ман, хуб аст ба ӯ мулҳақ шавӣ, агар ӯ воқеан пайғамбари Худост, зиҳӣ саодату шарофат барои ту, ва агар ҳам пайғамбар нест ва сари мулкдорӣ дорад, боз ҳам ту дар он ҷо, ки аз Яман зиёд дур нест, бо обрӯ ва эътиборе, ки дар миёни мардуми Яман дорӣ, хор нахоҳӣ шуд ва иззату шавкати худро аз даст нахоҳӣ дод.

Адий ин назарро писандид. Тасмим гирифт ба Мадина биравад ва зимнан дар кори пайғамбар борикбинӣ кунад ва бибинад, оё воқеан ӯ пайғамбари Худост, то монанди яке аз уммат аз ӯ пайравӣ кунад, ё мардест дунёталаб ва сари подшоҳӣ дорад, то дар ҳудуди манофеи муштарак бо ӯ ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ намояд.

Пайғамбар дар масҷиди Мадина буд, ки Адий ворид шуд ва бар пайғамбар салом кард. Расули Акрам пурсид:

— Кистӣ?

— Адий писари Ҳотами Тоиям.

Пайғамбар ӯро эҳтиром кард ва бо худ ба хона бурд.

Дар байни роҳ, ки пайғамбар ва Адий мерафтанд, пиразане лоғару фартут ҷилави Пайғамбарро гирифт ва ба суолу ҷавоб пардохт. Муддате тӯл кашид ва Пайғамбар бо меҳрубонӣ ва бо ҳавсала ҷавоби пиразанро медод.

Адий бо худ гуфт: ин як нишона аз ахлоқи ин мард, ки пайғамбар аст. Ҷабборон ва дунёталабон чунин хулқу хӯйе надоранд, ки ҷавоби пиразанеро ин қадр бо меҳрубонӣ ва ҳавсала бидиҳанд.

Ҳамин ки Адий вориди хонаи Пайғамбар шуд, басоти зиндагии Пайғамбарро хеле содда ва бепироя ёфт. Он ҷо фақат як тушак буд, ки маълум буд Пайғамбар рӯи он менишинад.

Пайғамбар онро барои Адий андохт. Адий ҳар чӣ исрор кард, ки худи Пайғамбар рӯи он биншинад, Пайғамбар қабул накард. Адий рӯи тушак нишаст ва Пайғамбар рӯи замин.

Адий бо худ гуфт: ин, нишонаи дуввум аз ахлоқи ин мард, ки аз навъи ахлоқи пайғамбарон аст, на подшоҳон.

Пайғамбар рӯ кард ба Адий ва фармуд:

— Магар мазҳаби ту, мазҳаб ракусӣ (яке аз шохаҳои насроният) набуд?

— Бале.

— Пас, чаро ва ба чӣ муҷаввиз як чаҳоруми даромади мардумро мегирифтӣ? Дар дини ту, ки ин кор раво нест.

Адий, ки мазҳаби худро аз ҳама ҳатто наздиктарини хешовандонаш пинҳон дошта буд, аз сухани Пайғамбар сахт дар шигифт монд. Бо худ гуфт: ин, нишонаи севвум аз ин мард, ки пайғамбар аст.

Сипас Пайғамбар ба Адий фармуд:

— Ту ба фақру заъфу буняи молии имрӯзи мусалмонон нигоҳ мекунӣ ва мебинӣ, ки мусалмонон бар хилофи соири миллатҳо, нодоранд. Дигар ин ки мебинӣ, имрӯза анбӯҳи душманон бар онҳо иҳота карда ва ҳатто бар ҷону моли худ эмин нестанд. Дигар ин ки мебинӣ, ҳукумату қудрат дар дасти дигарон аст. Ба Худо қасам, тӯле нахоҳад кашид, ки ин қадр сарват ба дасти мусалмонон бирасад, ки фақире дар миёни онҳо пайдо нашавад. Ба Худо қасам, ончунон душманонашон саркӯб шаванд ва ончунон амнияти комил барқарор гардад, ки як зан битавонад аз Ироқ то Ҳиҷоз ба танҳоӣ сафар кунад ва касе музоҳими вай нагардад. Ба Худо қасам, наздик аст замоне, ки кохҳои сафеди Бобил дар ихтиёри мусалмонон қарор мегирад.

Адий аз рӯи камоли ақида ва хулуси ният ислом овард ва то охири умр ба ислом вафодор монд. Солҳо баъд аз Пайғамбари Акрам (с) зинда буд. Ӯ суханони Пайғамбарро, ки дар аввалин бархӯрд ба ӯ фармуда буд ва пешбиниҳое, ки барои ояндаи мусалмонон карда буд, ҳамеша ба ёд дошт ва фаромӯш намекард, мегуфт:

— Ба Худо қасам, намурдам ва дидам, ки кохҳои сафеди Бобил ба дасти мусалмонон фатҳ шуд. Амният чунон барқарор шуд, ки як зан ба танҳоӣ метавонист аз Ироқ то Ҳиҷоз сафар кунад, бидуни он ки музоҳимате бибинад. Ба Худо қасам, итминон дорам, ки замоне хоҳад расид фақире дар миёни мусалмонон пайдо нашавад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Сираи Ибни Ҳишом”)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баррасии андешаҳои сиёсии Имом Абуҳанифа – III
Талафоти артиши Исроил

Матолиби пурбоздид