Достони шоҳ ва ҳаким

Таърих

Достони шоҳ ва ҳаким

Носируддиншоҳ (яке аз шоҳони Қочор дар Эрон) дар сафари Хуросон, ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, тибқи маъмул тамоми табақот ба истиқбол ва диданаш мерафтанд ва мавқеи ҳаракат аз он шаҳр низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки вориди Сабзавор шуд.

Дар Сабзавор низ умуми табақот аз ӯ истиқбол ва дидан карданд. Танҳо касе, ки ба баҳонаи инзиво ва гӯшанишинӣ, аз истиқбол ва дидан худдорӣ кард, ҳаким ва файласуф ва орифи маъруф, Ҳоҷӣ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ буд. Аз қазо танҳо шахсияте, ки шоҳ дар назар гирифта буд дар тӯли роҳи мусофирати Хуросон ӯро аз наздик бибинад, ҳамин мард буд, ки тадриҷан шӯҳрати умумӣ дар ҳамаи Эрон пайдо карда буд ва аз атрофи кишвар уламо ва донишҷӯён ба маҳзараш шитофта буданд ва донишгоҳи азиме дар Сабзавор ташкил ёфта буд.

Шоҳ, ки аз он ҳама истиқболҳо ва диданҳо ва курнишҳо ва тамаллуқҳо хаста шуда буд, тасмим гирифт худаш ба дидани ҳаким биравад. Ба шоҳ гуфтанд:

— Ҳаким шоҳу вазир намешиносад.

Шоҳ гуфт:

— Вале шоҳ ҳакимро мешиносад.

Ҷараёнро ба ҳаким иттилоъ доданд. Вақт таъйин шуд ва як рӯз дар ҳудуди зуҳр шоҳ фақат ба иттифоқи як нафар пешхидмат ба хонаи ҳаким рафт. Хонае буд соддаву муҳаққар бо асбобу лавозими бисёр содда. Шоҳ зимни сӯҳбатҳо гуфт:

— Ҳар неъмате шукре дорад. Шукри неъмати илм тадрису иршод аст, шукри неъмати молу сарват, кӯмак ва дастгирӣ аст, шукри неъмати салтанат ҳам албатта анҷоми ҳоҷатҳост, аз ин рӯ ман майл дорам шумо аз ман чизе бихоҳед, то тавфиқи анҷоми онро пайдо кунам.

— Ман ҳоҷате надорам, чизе ҳам намехоҳам.

— Шунидаам шумо як замини зироатӣ доред, иҷоза бидиҳед дастур диҳам он замин аз молиёт муъоф бошад.

— Дафтари молиёти давлат мазбут аст, ки аз ҳар шаҳре чӣ қадр вусул шавад. Асоси он бо тағйироти ҷузъӣ ба ҳам намехӯрад. Агар дар ин шаҳр аз ман молиёт нагиранд, ҳамон маблағро аз дигарон зиёдтар хоҳанд гирифт, то маҷмӯе, ки аз Сабзавор бояд вусул шавад, такмил гардад. Шоҳ розӣ нашавад, ки тахфиф додан ба ман ё муъоф шудани ман аз молиёт, сабаби фишор бар ятимон ва бевазанон гардад. Ба илова, давлат, ки вазифа дорад ҳофизи ҷону моли мардум бошад, ҳазина ҳам дорад ва бояд таъмин шавад. Мо бо ризо ва рағбат, худамон ин молиётро медиҳем.

Шоҳ гуфт:

— Майл дорам имрӯз дар хидмати шумо ғизо сарф кунам ва аз ҳамон ғизои ҳар рӯзи шумо бихӯрам, дастур бифармоед ноҳори шуморо биёваранд.

Ҳаким бидуни он ки аз ҷо ҳаракат кунад, фарёд кард:

— Ғизои маро биёваред!

Фавран оварданд, табақе чӯбин, ки бар рӯи он чанд қурс нон ва чанд қошуқ ва як зарф дӯғ ва миқдоре намак дида мешуд. Ҷилави шоҳ ва ҳаким гузоштанд. Ҳаким ба шоҳ гуфт:

— Бихӯр, ки нони ҳалол аст, зироати он дастранҷи худам аст.

Шоҳ як қошуқ хӯрд, аммо дид ба чунин ғизое одат надорад ва аз назари ӯ қобили хӯрдан нест. Аз ҳаким иҷоза хост, ки миқдоре аз он нонҳоро ба дастмол бибандад ва таяммунан ва табаррукан ҳамроҳи худ бибарад.

Пас аз чанд лаҳза, шоҳ бо як дунё буҳту ҳайрат хонаи ҳакимро тарк кард.

(Манбаъ: Kemya.org, Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ситорашинос
Расонаи исроилӣ: Дар Ҷоми Ҷаҳонӣ фаҳмидем чӣ қадар манфурем

Матолиби пурбоздид