Дузд

Адаб

Дузд

Дар “Тазкират-ул-авлиё” омадааст, ки дузде ба хонаи Аҳмади Хизравайҳ (аз урафои номдор) рафт ва бисёр бигашт, аммо чизе наёфт, ки қобили дуздӣ бошад. Хост, ки навмед бозгардад, ки ногаҳон Аҳмад ӯро садо зад ва гуфт:

– Эй ҷавон! Сатлро бардор ва аз чоҳ об бикаш ва вузӯ бисоз ва ба намоз машғул шав, то агар чизе аз роҳ расид, ба ту бидиҳам; мабод, ки ту аз ин хона бо дастони холӣ берун равӣ!

Дузди ҷавон обе аз чоҳ берун даровард, вузӯ сохт ва намоз хонд.

Рӯз шуд. Касе дари хонаи Аҳмадро зад. Дохил омад ва 150 динор назди шайх гузошт ва гуфт:

– Ин ҳадя ба ҷаноби шайх аст.

Аҳмад рӯ ба дузд кард ва гуфт:

– Динорҳоро бардор ва бирав. Ин подоши як шабест, ки дар он намоз хондӣ.

Ҳоли дузд дигаргун шуд ва ларза бар аъзояш афтод. Гирён ба шайх наздик‏тар шуд ва гуфт:

– То кунун ба роҳи хато ме‏рафтам. Як шабро барои Худо гузарондам ва намоз хондам, Худованд маро инчунин икром кард ва бениёз сохт. Маро бипазир, то назди ту бошам ва роҳи савоб (дурустӣ)-ро биёмӯзам.

Кисаи зарро баргардонд ва аз муридони шайх Аҳмад гашт.

(Тазкират-ул-авлиё, саҳ.351)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Бут насозед”
Имоми ҷамоат дар мактабҳо

Матолиби пурбоздид