Занҳо ва мансабҳо

Адаб

 

 

Занҳо ва мансабҳо

Ҳикоя

Антон Чехов

Баргардон Обид Шакурзода

Федор Петрувич, директори омӯзишгоҳи мардумии N, ки эътиқод дошт, марди мунсифу баландҳиммат аст, рӯзе дар дафтари кораш муаллим Веременискиро ба ҳузур пазируф.

– Не, ҷаноби Веремениски, – гуфт ӯ, – истеъфо ногузир аст. Бо ин садое, ки шумо доред, дигар омӯзгор будан мумкин нест. Охир чӣ шуд, ки садоятонро аз даст додед?

– Пивои ях нӯшидам, гармогарм, арақкардагӣ будам… – бо садои ҳиш-ҳиш гуфт омӯзгор.

– Ай вой, афсус! Як кас чордаҳ сол хидмат мекунаду баъд ногаҳ, ин гуна бадбахтӣ! Бало занад ин зиндагиро, ки одам ба хотири кадом як амали ночиз ночор ба ҳама кору хидматҳои пешинааш хатти бутлон мекашад. Акнун шумо чӣ кор карданӣ?

Муаллим ҳич посух надод.

– Муҷаррад, ки нестед? – пурсид директор.

– Зану ду фарзанд дорам, олиҷаноб… – ҳиш-ҳиш кард муаллим.

Сукуте ҳукмфармо шуд. Директор аз пушти миз бархост ва ошуфтаҳол аз ин гӯша ба он гӯшаи ҳуҷра қадам зад.

– Ҳич ба ақлам рост намеояд, ки бо шумо чӣ кунам! – гуфт ӯ. – Дигар муаллимӣ кардан наметавонед, то нафақаатон ҳанӯз фурсат аст… ва дуруст ҳам нест, ки шуморо ба дасти тақдир бисупорему ба чор тараф раҳо кунем. Шумо барои мо одами худӣ, чаҳордаҳ соли тамом хидмат кардед, табъан вазифаи мост, ки ба шумо ёрӣ диҳем… Аммо чӣ тавр? Аз дасти ман чӣ коре сохта аст бароятон? Вазъияти маро бояд фаҳмед: чӣ коре сохта аст аз ман?

Боз хомушӣ; директор қадам мезаду ҳамчунон фикр мекард, аммо Веремениски низ ғарқи андуҳи хеш, дар лаби курсӣ андешаманд менишаст. Ногаҳ чеҳраи директор дурахшид ва ҳатто ангуштонашро қарсоқарс ба садо овард.

– Аҷаб, охир чиро пештар ба ёдам наомадааст! – аҷулона гуфт ӯ. – Гӯш кунед, ман метавонам шуморо чунин пешниҳод кунам… Ҳафтаи оянда муншии парваришгоҳамон бознишаста мешавад. Агар хоҳед, ин вазифа дар ихтиёри шумо! Марҳамат!

Чеҳраи Веремениски низ, ки чунин лутферо интизор надошт, барқ зад.

– Хеле олӣ, – гуфт директор. – Ҳамин рӯз дархост нависед…

Федор Петрувич Веременискиро рухсат фармуду иҳсоси осудагӣ кард ва ҳатто вуҷудашро лаззате фаро гирифт: дигар дар пеши назараш пайкари хамзадаву ҳиш-ҳиш садозаданҳои омӯзгор наменамуд; ҳоло дарки ин ҳақиқат барои ӯ гуворо буд, ки бо пешниҳод кардани Веремениски ба ин пости холӣ, вай, ҳамчун инсони накӯкору комилан хушкирдор, адлу инсоф нишон дод. Аммо ин табъи хуш дер напоид. Ҳамин ки ба хона бозгашту пеши суфраи чошт нишаст, завҷааш Настасиё Ивонувно ногаҳон ёдовараш шуд:

– Оҳ, наздик буд, ки фаромуш кунам! Дирӯз Нино Сиргиевно омад ва барои марди ҷавоне илтимос кард. Мегӯянд, дар парваришгоҳамон як ҷой холӣ мешавад…

– Бале, – гуфт директор абрӯ чин карда, – лекин ин ҷой аллакай ба дигаре ваъда шудагӣ. Худат хулқи маро медунӣ, ман касеро бо супориши ягон пуштибон ба кор намегирам.

– Медонам; вале ба назарам, Нино Сиргиевноро мешавад истисно кард. Ӯ моро ҳамчун азизони худ дӯст медорад, дар иваз ягон некияш накардаем то ин дам. Федия, намешавад радд кард! Бо ин якравиҳоят ҳам ӯрову ҳам маро меранҷонӣ.

– Ӯ киро тавсия мекарда бошад?

– Ползухинро.

– Кудум Ползухин? Ҳамуне, ки дар нишасти шаби Соли нав нақши Чатискиро бозида буд? Ҳамун ҷелтемен? Ба ҳич ваҷҳ!

Директор аз таъом даст кашид.

– Ба ҳич ваҷҳ! – такрор кард ӯ. – Худо паноҳ диҳад!

– Аммо чиро охир?

– Гӯш кун, азизам, вақте марди ҷавоне худ на мустақиман, балки бо подармиёнии занҳо вориди амал мешавад, ҳатман ӯ як пасту касиф аст! Чиро худаш пеши ман намеояд?

Пас аз таъом директор дар ҳуҷраи кораш рӯйи кат дароз кашиду ба мутолаъаи рӯзномаҳову номаҳои расида саргарм шуд.

«Федор Петрувичи азиз! –навишта буд ба ӯ ҳамсари мири шаҳр. – Боре шумо фармуда будед, ки ман қалбшиносаму дар шинохти мардум хубра. Акнун вақти он расидааст, ки инро амалан санҷед. То чанд рӯзи дигар нафаре, бо номи К. Н. Ползухин, ки ман ҳамчун ҷавони фавқулода хубе мешиносамаш, назди шумо қадам ранҷа хоҳад кард, ба нияти муншӣ шудан дар парваришгоҳи мо. Ҷавони ситорагармест. Бегумон, шумо бо пазируфтани ӯ, бовар хоҳед кард ки…», ва ғайраву ину он.

– Ба ҳич ваҷҳ! – зери лаб гуфт ӯ. – Худо паноҳ диҳад!

Сипас, рӯзе набуд, ки директор дар мавриди пешбарии Ползухин номаҳое дарёфт накунад. Саранҷом, як саҳар, худи Ползухин пайдо шуд – марде ҷавону расо, ришаш пок тарошидаву шабеҳи чопандозҳо, костуми сиёҳи нав бар тан…

– Ман дар хусуси кор муроҷиъинро дар хонаам не, дар идора мепазирам, –гуфт директор бо лаҳне хушк, чун дархости ӯро шунид.

– Бибахшед, олиҷаноб, вале шиносҳои муштараки мо машвара доданд, ки маҳз ба ин ҷо муроҷаъат кунам.

– Ҳм!.. – директор ба кафшҳои нӯгтези ӯ бо нафрат нигариста, мад кашид. – То ҷое медонам, – гуфт ӯ, – падарҷони шумо соҳибмилку сарватманд аст ва шумо дастнигар нестед; пас, лузуман чӣ ҳоҷат ки талабгори ин симат бошед? Охир маошаш ҳам ночиз аст!

– Ман барои маош не, ҳамин тавр… Ба ҳар ҳол, ин як кори давлатӣ…

– Ху-уб… Гумон мекунам, як моҳ нашуда, дилбазан мешавед ва аз баҳри кор мебароед, ҳол он ки номзадҳои дигаре ҳастанд, ки ин шуғл барояшон – пешаи якумрӣ. Ҳастанд бенавоҳое, ки барои онҳо…

– Дилбазан намешавам, олиҷаноб! – пеши сухан парид Ползухин. – Қасам ба виҷдонам, ки саъйу кӯшиш мекунам!

Директор соф хашмгин шуд.

– Гӯш кунед, – суол кард вай, лабханди нафратборе карда, – шумо чиро якбора ба худи ман руҷуъ накардед, балки лозим донистед, ки занҳоро пешакӣ ба заҳмат андозед?

– Ман фикр намекардам, ки аз ин корҳо шумо нороҳат мешавед, – посух дод Ползухин ва аз шарм сурх шуд. – Вале олиҷаноб, агар аз тавсияномаҳои дӯстонамон хушатон наояд, ман метавонам гувоҳиномаи маълумотамро ҳам пешниҳод кунам…

Ӯ аз ҷайбаш коғазе бароварду ҷониби директор дароз кард. Дар поёни сатрҳои гувоҳинома, ки бо сабку сиёқи идорӣ навишта шуда буд, имзои губернатор меистод. Аз ҳама чиз аён мешуд, ки губернатор гувоҳиномаро нохонда имзо кардааст, магарам, танҳо ба хотири он ки аз кадом як хонуми шилқин раҳоӣ ёбад.

Директор гувоҳиномаро хонда, оҳе кашид ва гуфт:

– Чораи дигар нест, сар фуруд меорам… итоат мекунам-м… Пагоҳ дархост нависед… Чорае нест…

Ва ҳамин ки Ползухин рафт, тамоми вуҷуди директорро иҳсоси нафрат фаро гирифт.

– Русво! – фиш-фиш мекарду аз ин гӯша ба он гӯша қадам мезад. – Билохира, кори худашро кард, бадсирати сифла, чоплӯси пеши занҳо! Касофат! Ноҷинс!

Директор ба тарафи даре, ки Ползухин берун рафта буд, бо садои баланд туф кард, аммо якбора хиҷолат кашид, зеро ин лаҳза ҳамсари мудири идораи амлоки давлатӣ вориди ҳуҷраи корияш мешуд…

– Ман фақат як дақиқа, як дақиқаяку тамом… – шуруъ кард хонум. – Бишинед, падари таъмидӣ ва гӯш кунед маро бо диққат… Ху-уш, мегӯянд, ки идораи шумо ҷойи холие дорад… Фардо ё ҳамин рӯз ҷавоне меояд, бо номи Ползухин назди шумо…

Хонум гунҷишквор вирроҷӣ мекард, аммо директор бо чашмони хоболуд, мисли одаме ки наздик аст, аз ҳуш равад, карахту кадар ба ӯ менигарист, менигаристу бо тақозои риъояти адаб, лабханд мезад.

Рӯзи дигар, вақте директор Веременискиро дар утоқи корияш ба ҳузур мепазируфт, то хеле вақт натавонист, ки ҳаққи гапро ба ӯ гӯяд. Директор дудила буд, саргум шуда буд, намедонист аз чӣ шуруъ кунаду чӣ бигӯяд. Мехост, аз муаллим пӯзиш пурсад, ҳақиқатро барояш гӯяд, вале забонаш ҳамчун як каси маст гираҳхӯрда буд, гӯшҳояш дар мегирифтанд ва ногаҳон иҳсоси ғуссаву алам кард, ки ночор аст, чунин нақши зишту бемаъниеро бозӣ кунад – дар маҳалли кори хеш, дар баробари кормандони худ. Ҳамин дам ба рӯйи миз муште заду ҷаҳиду бархест ва оташинона бонг зад:

– Ман барои шумо ҷойи холӣ надорам! Надорам! Мефаҳмед, надорам! Маро ором гузоред! Азобам надиҳед! Билохира, даст бардоред аз ман, монед ба ҳоли худам маро!

Ва аз дафтари корияш берун рафт.

Баргардони Обиди Шакурзода

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шатранҷ саҳнае аз зиндагист!
Маод – ХYI

Матолиби пурбоздид