Зан ва зебоӣ дар андешаи Ибни Арабӣ

Зан ва зебоӣ дар андешаи Ибни Арабӣ

Маҳфили андеша

Нигоҳи Ибни Арабӣ аз назари ирфонӣ, комилтарин ва амиқтарини оро дар миёни урафои пеш ва ҳатто пас аз худ аст.

Аз назари Шайхи Акбар, инсон – чӣ зан ва чӣ мард – аз ишқи илоҳӣ ва аз исми ҷамили илоҳӣ сарчашма гирифта ва ҳамаи мавҷудот мазҳари ҷамоли Худованд ҳастанд, аммо зан муҳимтарин ва комилтарин мазҳари ин ҷамол аст.

Аз назари вай, зану мард дар асли инсоният бо ҳам баробаранд ва инсонияти ҳақиқӣ миёни ин ду гурӯҳи инсонӣ, ҷомеъ ва муштарак аст. Зукурату унусат амре оризӣ буда ва ҳар камоли мумкин барои мард, барои зан низ мумкин аст. Занон аз ҳеч камолу мартибае маҳҷур набуда, балки ҳатто дар мартибаи волои вилоят ва қутбият, ки дар назари Ибни Арабӣ дар мартибае варои нубувват аст, мебошанд.

Аз назари Шайхи Акбар, зан, ойинае аст, ки мард дар он худро мебинад ва бо ишқ ба ӯ, ба Ҳақ ишқ меварзад ва ин ишқ ӯро ба мабдае, ки аз он халқ шуда ва ҳамон аслу ҳастии ӯст мерасонад.

Ибни Арабӣ ҳузур ва вуҷуди занонро дар низоми иршодӣ ва ирфонии худ лозим дониста ва бидуни вуҷуди занон ин низоми ирфониро ноқис мешуморад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҷриба ва ақл дар фалсафаи Ибни Сино
Зиндагиномаи Корл Моркс

Матолиби пурбоздид