Зиндагӣ кун, Модар!
Номи ту навишта бар болини парвонаҳост
Гулҳо ҳама ба номи ту машҳуранд
Оинаҳо аз инъикоси номи ту механданд
Ва ман танҳо барои ту мегӯям:
Зиндагӣ Модар!
Зиндагӣ кун, то зинда бимонам, Модар!
***
Муҳим нест, дар кадом синне ҳастам
Ҳар замон чизи ҷадиде ёд бигирам, дилам мехоҳад, фарёд бизанам:
Модар, маро нигоҳ кун!
Модар, бо вуҷуди ман ифтихор мекунӣ!
Модар!
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн