Зи башар будани онҳо, ба Худо, шак дорам!

Адаб

Зи башар будани онҳо, ба Худо, шак дорам!

Пайрави Иқбол

Аз мусалмонии ин фирқа басо шак дорам,
Зи башар будани онҳо, ба Худо, шак дорам.
Ман аз ин аксари ҳукком, агар ҳам бошанд…
Соҳиби маърифату ақли расо, шак дорам.
Ман дар ин шаҳр аз оне, ки сухан мегӯяд.
Баҳри тадбиру мувосо ба шумо, шак дорам.
Ман ба он шоири ҳақгӯ, ки қаламро созад,
Сарф дар масъалату мадҳу сано, шак дорам.
Ман ба он роҳнамое, ки ба минбар биншаст,
Гуфт аз ришваю покиву риё, шак дорам.
Ман ба он бехираде, ки ба сари тахт нишаст.
Гар кунад марҳамати аҳли зиё, шак дорам.
Ва ба он ҳокими худкома, ки паймон бишкаст.
То дигарбора кунад аҳду вафо, шак дорам.
Ман ба он золими хунхор, ки бовар дорад…
Ба дурустии қиёмат ва Худо, шак дорам.
Пайрави Иқбол
Қаламонлайн
Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ як мавзеи низомии Исроилро ҳадаф қарор дод
“Исроил” 80-солагии умрашро нахоҳад дид

Матолиби пурбоздид