Ибни Сино ва мансаби вазорат

Таърих

Ибни Сино ва мансаби вазорат

Ибни Сино замоне вазир буд.

Ҳасудон аз ӯ ба амир хабарчинӣ карданд ва мағзуби амир шуд.

Рафт махфӣ шуд. Дар ҳамон махфигоҳ фурсати хубе барояш пайдо шуд. Шурӯъ кард ба таълифи китоб.

Иддае аз шогирдон маҳрамона меомаданд пеши вай ва ӯ барои онҳо тадрис мекард ва онҳо менавиштанд. Китобҳои маъруфи ӯ мисли “Шифо”, ҳосили ҳамин тадрисҳо буд.

Дар ҳамин байн, суитафоҳум байни ӯ ва амир бартараф шуд ва эълом карданд, ки Бӯалӣ ҳар куҷо ҳаст, берун биёяд ва сари мақоми худаш ҳозир шавад.

Бӯалӣ берун наомад.

Гуфт, барои ман ҳамин махфигоҳ ва ҳамин корам аз вазорат хеле беҳтар аст.

Дид агар берун биёяд, маҷбураш мекунанд, ки дубора кори вазоратро ба ӯҳда бигирад. Аз ин рӯ, аз берун омадан худдорӣ мекард. Як идда муфтхӯр, ки аз вазир будани Бӯалӣ баҳраманд буданд, исрор карданд, то берун биёяд. Аммо ӯ худдорӣ мекард. Билохира, ҳамонҳо махфигоҳи ӯро нишон доданд ва Бӯалиро ба зӯр аз онҷо берун оварданд.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Берунӣ ҳангоми марг
Ғаззолӣ ва роҳзанон

Матолиби пурбоздид