Иддаои аҷиби Эрдуғон: “Ман ва Путин раҳбарони воқеии ҷаҳон ҳастем!”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши пойгоҳи олмонии Berliner Zeitung
Раиси ҷумҳури Туркия муддаӣ шуд, ки худаш ва Владимир Путин танҳо ду раҳбари ботаҷрибаи ҷаҳон ҳастанд.
Эрдуғон дар таъкид бар ин иддаои худ мегӯяд: “Инро барои ин намегӯям, ки яке аз онҳо худам ҳастам, аммо ман 22 сол аст, ки тақрибан ба андозаи оқои Путин дар қудрат ҳузур дорам, бақия ҳама рафтаанд ва мо хоҳони идомаи гуфтугӯ ҳастем”.
Қаламонлайн