Имонуел Конт

Таърих

 

Имонуел Конт

Зиндагӣ ва шахсияти Имонуел Конт (Immanuel Kant)

Саргузашти файласуфон нишон медиҳад, ки зиндагиашон ҳамвора бе фарозу нишеб набудааст. Афлотун, кам монда буд ба унвони барда фурӯхта шавад. Декорт, рӯзе, дар тӯли як сафар, ночор шуд бо аслиҳа аз хеш дифоъ кунад, чаро ки қоиқронон мехостанд ӯро лухт карда, сипас ба қатл бирасонанд. Зиндагии Имонуел Конт (Immanuel Kant, 1724-1804), файласуфи шаҳири олмонӣ, намунае зарбулмасалгуна аст.

 

Муҳити хонаводагӣ ва иҷтимоии Конт

Конт дар як хонаводаи мазҳабӣ бузург шуд ва бовари мазҳабӣ ва парҳезгории хонавода таъсири муҳимме бар шаклгирии фикрӣ ва фалсафии ӯ ниҳод. Ӯ фарзанди як зинсози тангдаст буд. Даврони кӯдакӣ ва ҷавонии машаққатборе дошт, аммо тавонист ин душвориҳоро ба як нерӯи муҳаррики фавқулъода мусбат табдил кунад ва аз он на руҳияи хашму интиқом ва яъсу ноумедӣ, балки дарси раҳоӣ, таҳаррук ва булуғи фикрӣ бигирад.

Конт аз волидайни худ чун намунаҳои шоиста аз сафо ва парҳезгорӣ ёд мекунад ва дар бораи модараш менависад: “Ман ҳеч гоҳ модари худро аз ёд намебарам. Ӯ буд, ки нахустин базри некиро дар ман кошт ва парвариш дод. Ӯ қалби маро ба рӯйи табиат гушуд, андешаамро бедор кард ва густариш дод. Омӯзишҳои вай ҳамвора дар зиндагонии ман таъсире басазо ва поянда доштааст.”

Ба назар мерасад, ки ҳеч чиз дар зиндагии Конт (аз ҷумла зоҳири худи ӯ) ҳаргиз бидуни таваҷҷӯҳ ва иттифоқӣ набудааст. Конт бо ҷуссаи кучак ва наҳифаш, барои пинҳон кардани айбҳои зоҳирӣ, аз хайёт ва салмонӣ мадад меҷӯяд. Ӯ ҳамвора ороста ва пайрави мӯди рӯз аст, ҳарчанд онро бесамар ва сатҳӣ қаламдод мекунад. Ӯ ба гузиниши рангҳо ҳатто таваҷҷӯҳ дорад. Мегӯяд: “Хуб аст аз гулҳои помчол иқтибос карда ва ҷалиқае зард бо як куту шалвори қаҳваӣ бипӯшам!”

 

Шахсияти Конт дар зиндагии рӯзмарра

Конт зиндагиро бидуни мушорикати фаъол дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва фориғ аз табу тобҳои берунӣ гузаронд. Дағдағаи аслии Конт олами тафаккур, шинохт ва таъаммул буд. Ӯ зиндагии фавқулъода шоққ, пуркор ва муназзаме дошт. Дар бораи назм ва диққат ва шеваи зиндагии Конт, ба унвони мисол метавон аз пиёдаравии рӯзона ва ба диққат барномарезишудаи ӯ ёд кард; ба тавре ки мегӯянд, ӯ барои аҳолии шаҳри Кунигзберг (Königsberg) – зодгоҳи ӯ, ки ҳаргиз аз он хориҷ ҳам нашуд — нақши як соатро доштааст.

Дар ин замина, худаш эътироф мекунад, ки дар сурати ниёз ба ҳароҷи амвол ба сабаби эҳтиёҷи молӣ, соаташ танҳо метавонист охирин чизе бошад, ки ба маърази фурӯш гузошта мешавад. Яке аз наздикони Конт ба номи Фун Ҳипел (Von Hippel) дар соли 1760 бо иқтибос аз ин мавзӯъ, намоише кумидӣ бо унвон «Марде бо соати мучӣ» ба рӯйи саҳна бурд.

Дар воқеъ, ҳар рӯз, чӣ дар тобистон ва чӣ дар зимистон, хидматкораш Ломп (ки як низомии қадимӣ буд) соати 4:55 дақиқаи субҳ вориди утоқи хоби файласуф мешуд ва фарёд мезад: “Вақташ аст!” Конт ба ӯ суфориш карда буд, ки нагузорад арбобаш хоби шабро идома диҳад ва дар ин замина аз ҳар гуна гузашт бипарҳезад. 5 дақиқа баъд, Конт пушти мизи кораш нишастааст. Сари соати 12:45 дақиқа, аз пушти мизи таҳрир баланд шуда ва хитоб ба ошпаз мегӯяд: “Соат як рубъ ба 1 аст!” Ин ҷумла ба мафҳуми дастури кашидани ғизо аст.

Дар мавриди гардиши рӯзона ҳам, одоби собите ҳоким аст ва чунон ки нақл кардаанд, танҳо ду омил тавониста дар ин раванд вақфа эҷод кунанд: яке, мутолеаи китоби «Эмил» (Emile)-и Жон Жок Русу дар соли 1792, ва дигаре эъломи Инқилоби Фаронса дар соли 1789. Конт ҳар шаб, раъси соати 10 барои хоб ба бистар мерафт.

Бе шак, ҳосили ин назми беҳадду андоза дар равиши зиндагӣ, тадовуми кор ва андешае аст, ки чизе наметавонад монеъаш шавад. Гӯӣ Конт аз пеш аз арзиш ва кайфияти осораш огоҳӣ дорад. Ба таври куллӣ, набояд ҳаргиз оромиши файласуфро ба ҳам зад.

Зиндониёни зиндони Кунигзберг низ — ки дар муҷовирати манзили Конт қарор дошт — аз зиёни ин ҳамсоягӣ бебаҳра намонданд. Дар яке аз рӯзҳои тобистон Конт дар бораи овоз хондани зиндониён канори панҷараҳои боз ба пулис шикоят кард ва гуфт, ки осоишашро салб мекунанд. Аз он пас зиндониёнро водор карданд, ки ба вақти хондани суруд, панҷараҳоро бибанданд.

 

Гузари умр, замон ва саломатӣ, дағдағаҳои зиндагии Конт

Аммо сабаби ин якнавохтӣ ва назми васвосгуна, илова бар нигаронӣ барои аз даст додани замони гаронқимат, асле аст, ки Конт ба унвони як ҳунар дунбол мекунад ва шиораш «Дароз кардани муддати зиндагӣ ва на лаззат бурдан аз он аст.»

Дар воқеъ, яке аз дилмашғулиҳои Конт пир шудан то ҳадди имкон аст. Ӯ феҳристе аз мусинтарин афроди шаҳри Кунигзберг таҳия карда ва доиман ба хотири «пеш будан» дар ин феҳрист, ба худ офарин мегӯяд. Ӯ, ки лоғарандом ва аз назари саломати ҷисмӣ заъиф аст, бовар дорад, ки умри баланди худро ба кӯмаки назми пайгираш, аз чанголи табиат берун кашидааст.

 

Одоби мусоҳибат

Ҳамчунин бояд афзуд, ки рафтори Конт ҳамвора хушк ва зоҳидона набуд. Бар сари суфрааш ағлаб чанд меҳмон дошт, ва шавоҳид аз диққати ӯ дар меҳмондорӣ ҳикоят мекунанд ва ин ки аз муошират лаззат мебарад. Ӯ ғизоҳоро ба хубӣ мешинохт, аз хӯроки хуб таъриф мекард ва ҳатто замоне тасмим гирифта буд “Нақди ҳунари ошпазӣ”-ро бинависад. Аммо барномаи сарфи ғизо низ монанди корҳои дигари зиндагӣ, тобеъи назми собите буд. Шумори меҳмонон, албатта ҳама мард, миёни 3 ва 9 қобили тағйир буд.

Конт бидуни бим аз малолангезӣ, раванди сӯҳбатро худ ҳидоят мекард. Ӯ дар ин замина менависад: “Мавқеияте беҳтар аз замони сарфи ғизо бо дӯстон, барои лаззат аз ҳамроҳӣ ва фаҳми мутақобил ва мустамир вуҷуд надорад. Мавқеияте қобили такрор.”

Ӯ бар ин бовар аст, ки «агар мутамаддин кардани инсон бо таваҷҷӯҳ ба мавқеияте, ки дар ҷомеа дорад, дар хуб шуданаш аз манзари ахлоқӣ комилан муассир набошад, аммо кӯшиш дар хушнуд сохтани дигарон, ӯро барои ин амр омода мекунад.» Ба баёни дигар, одоб ва русуми нишастан бар сари як мизи ғизохурӣ ва гуфтугӯ, гарчи танҳо нишонгари ахлоқ ва парҳезгорӣ аст, аммо нақше ба нисбат асосӣ дар раванди таҳзиби ахлоқӣ дорад. Ба илова, Конт фикр мекунад, ки ғизо хӯрдан дар танҳоӣ, мӯҷиби саргаштагии инсон дар миёни андешаҳояш мешавад ва пуркории мағз аз нерӯи меъда барои ҳазм мекоҳад. Баръакс ба ҳангоми гардиш ва роҳпаймоӣ, бояд танҳо буд, чун ҳарф задан (ки боз кардани даҳонро эҷоб мекунад) дар чунин шароите боиси танаффуси ҳавои сард ва дар натиҷа румотизм (rheumatism) мешавад. Чунон ки гуфтем, Конт алоқаманд ба умри тӯлонӣ буд ва дар найл ба ин ҳадаф, бовар дошт, ки мардони муҷаррад беш аз бақия зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, Конт ду бор тасмим ба издивоҷ гирифт, аммо даст ба ин кор назад ва гуфт: “Замоне ки метавонистам ба зане ниёз дошта бошам, наметавонистам харҷашро бидиҳам ва вақте ки аз ӯҳдаи ин кор бармеомадам, дигар эҳтиёҷе ба он надоштам.”

 

Тадриси хусусӣ ва ҳирфаӣ

Конт ҳамонанди бисёре аз мутафаккирон ва нухбагони ҳамасраш, ки зиндагиро аз роҳи тадриси хусусӣ мегузаронданд, чанд соле муаллими хусусӣ буд. Пас аз чанд сол тадрис, устоди фалсафаи донишгоҳ шуд ва аз ҳамин рӯ аз нахустин мутафаккироне аст, ки онҳоро “файласуфи ҳирфаӣ” меноманд.

Ҳирфаи Конт ҳамчун файласуф ва низ як фалсафашинос, ӯро ба таъаммуқ дар торихи фалсафа ва андеша кашонд ва ба ӯ ин фурсатро дод, ки на танҳо нисбат ба осори фалосифаи даврони бостон, балки андешамандони ҳамасри худ монанди Декорт, Эспинузо, Лок, Ҳобз, Русу ва Ҳюм шинохт ва таҳлили низомманд биёбад. Таҷзия ва таҳлили осори ҳамасрон, ба Конт фурсат дод, ки натоиҷи муҳимтарин бардоштҳои онҳоро такомул диҳад ва бархе аз ҷанбаҳои нодурусти онҳоро низ ба диққат ибтол кунад.

Конт ба унвони устоди донишгоҳ мавзӯъҳои гуногуне назири риёзӣ, физик, фалсафа, илоҳиёт, ситорашиносӣ ва инсоншиносиро тадрис мекард ва ҷаласоти суханронӣ ва баҳси ӯ ҳамвора бо истиқболи зиёде рӯ ба рӯ мешуд.

Ҳердер (Herder) — файласуфи олмонӣ, яке аз касоне, ки борҳо дар ҷаласоти суханронии Конт ширкат ҷуста буд, дар ин бора навиштааст: “Ӯ шодобии ҷавононро дошт ва ман бар онам, ки дар кӯҳансолӣ низ онро ҳифз кардааст. Симои гушода ва саршор аз андешаи ӯ ҷойгоҳи шодӣ ва оромиш буд. Аз даҳонаш гуфторе саршор аз андеша ҷараён дошт… Бо ҳамон нубуғе, ки андешаи Лойбнитс ва Ҳюмро нақд мекард ва қонунҳои Нютон ва Кеплерро баён мекард, ба навиштаҳои Русу ва кашфҳои тозаи табиат мепардохт… Ӯ ба ҳеч мавзӯи дар хӯри донистан, бе эътино набуд. Дар баробари равшангарӣ ва шинохти ҳақиқат, ҳеч ҳизб, ҳеҷ шӯҳратҷӯӣ ё судҷӯӣ, камтарин ҷозибае барояш надошт. Ӯ ба дигарон ҷуръат медод ва ононро ба андешидани мустақил бармеангехт. Ба ҳеч рӯ бар он набуд, ки бар онон чира шавад. Ин мард, ки ман бо сипос ва эҳтироми бисёр аз ӯ ном мебарам, Имонуел Конт аст. Марде, ки тасвири меҳрубонашро пеши рӯйи худ дорам.”

Манобеъ:

  1. Торихи фалсафа аз Вулф то Конт, Фредерик Копилстун, мутарҷимон Исмоили Саодат ва Мануҷеҳри Бузургмеҳр
  2. Конт, Эштефон Корнер, мутарҷим Иззатуллоҳ Фулодванд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикоят
Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб

Матолиби пурбоздид