Инсон ва озодихоҳӣ – VI

Инсон ва озодихоҳӣ
Бахши шашум
Оё диндорӣ худ навъе асорат нест?
Маърифат
Эроди дигар ин аст, ки: пойбандӣ ба шариат оё худ навъе қайду банд ва асорат нест? Дар ҳоле, ки иддао кардем, озодихоҳӣ танҳо дар сояи динмадорӣ қобили тасаввур аст.
Дар ин қисмат – ва шояд қисмати баъдии ёддошт – ин мавзӯъро баррасӣ хоҳем кард. Аз дӯстони алоқаманд ба ин мавзӯъ, хоҳиш мешавад, камоли диққатро ба харҷ диҳанд, ки мавзӯе хеле муҳим ва калидӣ аст.
Озодӣ яъне чӣ?
Аввалин матлабе, ки бояд хуб даркаш кунем, ин худи озодӣ ва озод будан аст.
Озодӣ яъне ин ки ту вақте дар сари як дуроҳӣ ё чандроҳӣ қарор мегирӣ, дар интихоби роҳ озод бошӣ; ҳам дар ташхиси роҳ озод бошӣ ва ҳам дар паймудани он.
Пас, озод касе аст, ки аввалан, дар ташхиси роҳи дуруст аз нодуруст ва роҳ аз чоҳ, асиру побанди ҳеч кас ва ҳеч чиз ҷуз ақлу хирадаш набошад; ақлаш ҳар роҳеро, ки дуруст ташхис медиҳад, ҳамонро интихоб кунад. Ва сониян, пас аз ташхиси роҳ, дар паймудани он низ озод бошад ва бо монеъаҳои сари роҳ мубориза кунад. Ин аст озодӣ ва озод будан.
Бинобар ин, агар ақли одамӣ ташхис бидиҳад, ки роҳи дуруст роҳи анбиёст ва аз он пайравӣ кунад, якчунин инсоне на асир, балки озоди воқеист ва аз назари Қуръон хирадманд аст:
فَبَشِّرْ عِبَادِ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُولَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُولَئِكَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ
“Он бандагони маро мужда бидеҳ, ки суханонро мешунаванд сипас аз некӯтарини онҳо пайравӣ мекунанд; онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва онҳо хирадмандонанд.” (Зумар/17 ва 18)
Ва бар хилофи ӯ, дар Қуръон аз касе, ки дар интихоби роҳ, роҳнамои ӯ на ақлу хирадаш, балки омиле дигар масалан роҳу расми ниёкон ва аҷдодаш ва ё фарҳанги роиҷи қавмаш ё сухани устодаш ва хулоса, ҳар чизе ба ҷуз ақлу хирадаш бошад, ба шиддат тақбеҳ ва сарзаниш шуда. Дар воқеъ, ӯ дар паймудани роҳ асири суннатҳо ва тақолид аст, на ҳукми ақл:
بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُهْتَدُونَ… قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ
“Ва мухолифони паёмбар гуфтанд: мо падарони худро ба ақоид ва ойине ёфтем ва албатта мо ҳам, ки дар пайи онҳо равем, бар ҳидоят ҳастем… Паёмбари мо ба онон гуфт: агарчӣ ман ба ойине беҳтар аз дини падаронатон шуморо ҳидоят кунам, боз ҳам падаронро тақлид мекунед? Онҳо посух доданд: ба ҳар тақдир, мо ба он чи шумо ба он фиристода шудаед кофирем.” (Зухруф/22-24)
Суннатҳо ва тақолид ва одоти роиҷ, дар воқеъ ҳамчун ғиллу занҷир одамҳоро асири худ карда буд ва ин паёмбарон буданд, ки инсонҳоро аз ин банду асорат озод сохтанд. Қуръон ба сароҳат яке аз вазифаҳои паёмбар, ҳазрати Муҳаммад (с)-ро озод кардани одамҳо аз ин бандагӣ медонад:
يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ
“(Паёмбар касе аст, ки) онҳоро ба корҳои некӯ дастур медиҳад ва аз корҳои бад бозмедорад, покизаҳоро барои онҳо ҳалол мешумурад, нопокиҳоро ҳаром медонад ва борҳои сангин ва занҷирҳоеро, ки бар гардани онҳост, аз дӯшашон бармедорад.” (Аъроф/157)
Табарӣ дар таърихи худ (3/32-33) баҳсу гуфтугӯеро, ки миёни фиристодаи ҳазрати Муҳаммад (с), Зуҳра ибни Абдуллоҳ ва фармондеҳи сипоҳи Эрон Рустами Фаррухзод шудааст нақл мекунад. Вақте ки Рустам аз вай хост, ки дар бораи дини ислом тавзеҳоте ба ӯ бидиҳад, Зуҳра дар посухи вай гуфт: асос, поя ва рукни дин ду чиз аст: шаҳодат ба ягонагии Худованд ва шаҳодат ба рисолати Муҳаммад (с) ва ин ки он чи ӯ гуфтааст, аз ҷониби Худост. Рустам гуфт: ин ки айб надорад, дигар чӣ? Зуҳра гуфт:
وإخراج العباد من عبادة العباد إلى عبادة الله تعالى
Яъне “озод сохтани бандагони Худо аз бандагии инсонҳое монанди худ”.
Озодии маънавӣ
Вежагии дигари инсони озод ин аст, ки пас аз ташхиси роҳи дуруст аз нодуруст бо роҳнамоии ақл, дар паймудани роҳ низ озод бошад. Паймудани роҳи дуруст басо душвортар аз ташхиси он аст, зеро бо садҳо ва ҳазорон монеъа инсон дучор мешавад, ки бояд онҳоро аз сари роҳаш бардорад. Ва ба сухани дигар, инсон на танҳо аз назари ҷасад, балки руҳи ӯ низ озод бошад, ин озодиро озодии маънавӣ мегӯянд.
Озодии иҷтимоӣ дар баробари асорати берунӣ аст ва озодии маънавӣ дар баробари асорати дарунӣ. Тафовуте, ки миёни мактаби анбиё ва мактабҳои башарӣ ҳаст дар ин аст, ки пайғамбарон омадаанд, то илова бар озодии иҷтимоӣ, ба башар озодии маънавӣ бидиҳанд ва озодии маънавӣ аст, ки бештар аз ҳар чизи дигар арзиш дорад. Танҳо озодии иҷтимоӣ муқаддас нест, балки озодии маънавӣ ҳам муқаддас аст. Озодии иҷтимоӣ бидуни озодии маънавӣ муяссар ва амалӣ нест, аз ин рӯ дар омӯзаҳои динӣ дастёбӣ ба озодии дарунӣ ва маънавӣ, муборизае бисёр сахттар ва саъбтарро металабад, то мубориза барои озодии иҷтимоӣ. Дар ривоят аз он ба “ҷиҳоди акбар” яъне ҷиҳоди бузургтар таъбир шудааст. Ҳазрати Паёмбар (с) сипоҳеро ба ҷанг эъзом кард. Вақте баргаштанд, фармуд:
مَرْحَبا بقَومٍ قَضَوُا الجِهادَ الأصْغَرَ وبَقِيَ علَيهِمُ الجِهادُ الأكْبَرُ
“Хушомад мегӯям ба мардумоне, ки ҷиҳоди асғар (кучактар)-ро гузаронданд, вале ҷиҳоди акбар (бузургтар) ҳамчунон бар ӯҳдаи онон боқӣ мондааст.”
Пурсиданд: Эй Расули Худо! Ҷиҳоди акбар чист? Фармуд:
جِهادُ النَّفْسِ
“Ҷиҳод бо нафс”.
Асосан, ҷомеае, ки ба озодии маънавӣ нарасида, ба озодии иҷтимоӣ ҳам нахоҳад расид. Имрӯза дарди ҷомеаи башарӣ ин аст, ки мехоҳад озодии иҷтимоиро таъмин кунад, вале ба дунболи озодии маънавӣ намеравад, яъне наметавонад, қудраташро надорад, чун озодии маънавиро ҷуз аз тариқи анбиё, дин, имон ва китобҳои осмонӣ наметавон таъмин кард. Озодии маънавӣ муқаддимае барои расидан ба озодии иҷтимоӣ аст. Барои расидан ба озодии воқеии иҷтимоӣ, инсонҳо бояд нахуст аз даруни худ озод гарданд ва банда ва бардаи шаҳавот ва дилбастагиҳои дунявӣ набошанд.
Тақво ба инсон озодии маънавӣ медиҳад, яъне ӯро аз асорат ва бандагии ҳавову ҳавас озод мекунад, риштаи озу тамаъ ва ҳасаду шаҳвату хашмро аз гарданаш бармедорад ва ба ин тартиб, решаи бардагиҳои иҷтимоиро аз байн мебарад. Мардуме, ки бардаи пулу мақом набошанд, ҳаргиз зери бори асоратҳои иҷтимоӣ низ намераванд.
Посух ба як ишкол:
Мумкин аст ин ишкол матраҳ шавад, ки: тақво худ эҷоди маҳдудият ва занҷир бастан ба пойи инсон аст ва ин, бо озодӣ мунофот дорад.
Посух ин аст, ки тақво маҳдудият нест, балки масуният аст. Зеро маҳдудият замоне аст, ки инсонро аз саодат маҳрум кунанд, аммо чизе, ки хатарро аз инсон дафъ мекунад, масуният аст, на маҳдудият. Дар воқеъ тақво ба инсон озодии маънавӣ медиҳад, яъне ӯро аз асорат ва бандагии ҳавову ҳавас озод мекунад.
Дар қисмати баъдӣ, ба як ишколи дигар дар робита бо масъалаи озодӣ мепардозем, иншоаллоҳ.
Идома дорад…
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ақлгароӣ ё тақлид?
Таъсирпазирии меъмории исломӣ

Матолиби пурбоздид