Инсоф

Инсоф
Маърифат
Аз ҳазрати Расули Акрам (с) сухане нақл шудааст, ки бояд ба оби тилло навишта шавад; мефармоянд:
حُبُّكَ الشيءَ يُعْمي ويُصِمّ
“Алоқаи ту ба чизе, чашмонатро кӯр ва гӯшҳоятро кар месозад.”
(Ин ривоятро Бухорӣ дар таърихаш ва ҳамчунин Аҳмад нақл кардаанд.)
Ҳадиспажӯҳон, бо ин ки дар санади ин ривоят ҳарфҳое доранд, аммо ҳамагон ин гуфторро ба лиҳози мазмун сад дар сад саҳеҳу дуруст мешуморанд. Албатта, ба ҷуз ҳазрати Паёмбар (с), аз дигарон ҳам, аз ҷумла аз ҳазрати Алӣ, шабеҳи чунин гуфторе нақл шудааст.
Ин гуфтор, дар айни он ки аз як воқеияти талх дар миёни инсонҳо ҳикоят мекунад, аммо як ҳушдор ҳам аст. Мехоҳад бигӯяд, вақте ту ба чизе алоқаманд шудӣ ва ё нисбат ба чизе дар ту нафрат пайдо шуд, ин алоқа ва ин нафрат, туро кару кӯр месозад. Ба ин маъно, ки: дар сурати алоқа ба чизе, чашмони туро аз дидани айбҳои шаъйи мавриди алоқаат (ҳоло он шайъ чӣ як инсон бошад, чӣ як гароиш бошад ва ғайра…) нобино ва гӯшҳоятро аз шунидани айбҳои он чиз кар месозад. Ва дар сурати пайдо шудани нафрат нисбат ба чизе ҳам, чунин аст. Яъне чашмонатро аз дидани некиҳои шайъи мавриди нафрати ту кӯр ва гӯшҳоятро аз шунидани некиҳои ӯ ношунаво месозад.
Ва ҳушдор аст аз ин ҷиҳат, ки мегӯяд, вақте дар ту ба чизе алоқа пайдо шуд, саъй кун ин алоқа туро аз ҷоддаи инсоф берун насозад. Агар шаъйи (ё фарди) мавриди алоқаи ту айбе дорад, алоқаи ту монеъ аз дидани ин айб нагардад. Ва ҳамчунин, агар шаъйи мавриди нафрати ту хубӣ ва некӣ дорад, он хубиҳоро бибин, кару кӯр мабош, беинсоф набош. Масалан, агар ту нисбат ба ислом ва омӯзаҳои исломӣ ва мусалмонон нафрате дорӣ (ки ин албатта дар дастони худат нест, зеро ҳуббу буғз чизҳои ихтиёрӣ нестанд), бо ин ҳама аммо саъй кун, аз ҷоддаи инсоф берун нашавӣ. Яъне, набояд чунин бошад, ки як фарди мазлум, ки мусалмон аст, аз он ҷо, ки мусалмон аст, мазлумияташро набинӣ. Ин беинсофӣ аст. Албатта, як мусалмон ҳам набояд чунин бошад. Дастури сареҳи Қуръон аст, ки мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ وَلا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلا تَعْدِلُوا اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ
“Эй касоне, ки имон овардаед! Барои Худо ба адлу дод қиём кунед ва ба адолат шаҳодат диҳед. Набояд душмании гурӯҳе бо шумо, монеъ аз он шавад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки он, ба тақво наздиктар аст. Аз Худо парво доред, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.” (Сураи Моида, ояти 8).
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба Фаластини ишғолӣ хуш омадед!
Одам бош!…

Матолиби пурбоздид