Ин забони мазлуми форсӣ
Ба қалами Амирҳусайни Давлатшоҳӣ
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор…
Ҳикояти “Таърихи Систон” аз иқдоми муҳимми Яъқуби Лайс, амири саффории Систон, дар соли 254 ҳиҷрии қамарӣ дар ҳифзу тасбити забони форсӣ маъруф аст: “Он гоҳ ки Яъқуби Лайс бар шуморе аз татиммаи (боқимондаи) Хавориҷ пирӯз мешавад, шоирон мадҳи ӯро ба забони расмӣ ва идории он рӯзгор месароянд:
قَد اَکرَمَ اللهُ اهلَ المِصرِ والبَلَدِ
بمُلکِ یَعقوبِ ذِیالإفضالِ وَالعُدَدِ
Чун ин шеър бархонданд, ӯ олим набуд, дарнаёфт. Муҳаммад ибни Васиф ҳозир буд ва дабири расоили ӯ буд ва адаб некӯ донист ва бад-он рӯзгор номаи порсӣ набуд. Пас Яъқуб гуфт: Чизе, ки ман андарнаёбам, чаро бояд гуфт? Муҳаммад ибни Васиф пас шеъри порсӣ гуфтан гирифт… Ва чун Яъқуб Занбилу Аммори Хориҷиро бикушт ва Ҳиро (Ҳирот) бигрифт ва Систону Кирмону Форс ӯро доданд, Муҳаммад ибни Васиф ин шеър бигуфт:
Эй амире, ки амирони ҷаҳон хоссаву омм
Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом
Азалӣ хатте дар арш, ки мулке бидиҳед
Ба Абиюсуф Яъқуб ибни Лайси Ҳумом…”
(Таърихи Систон, с.209-210)
Ин забони форсӣ ё ба қавли Ҳофизи азиз “ин қанди порсӣ”, наслҳо сина ба сина аз аҳде ба аҳде дигар сафар карда ва хушиҳо ва ғамҳо дида ва шунида ва ривоят карда то имрӯз дар ихтиёри мо қарор гирифтааст. Забоне, ки пас аз мусалмон шудани эрониён, дар хидмати ислом қарор гирифт, аммо тавонист ҳувияти мустақилли худро дар баробари забони идорӣ ва девонии ҳокимони таъйиншуда аз сӯи хулафои Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос ҳифз кунад; забоне, ки дар баробари туркони ғазнавӣ ва туркмонони салҷуқӣ ҳамчунон қад барафрошт ва ононро низ шефтаи худ кард; ва забоне, ки аз сели вайронгари ҳуҷуми муғулу тотор низ ба саломат гузашт. Забоне, ки дар аҳди машрута низ гарчӣ гурӯҳе фаранграфта ё фарангимаоб, хоста ва нохоста бо вожагону истилоҳоти бегона теғу дашна бар пайкари он мезаданд, аммо ҳамчунон сари по монд, то худро ба мо имрӯзиён бирасонад, то мо аз паси ҳазор сол битавонем бениёз аз ҳар воситаи тафсирӣ ва ҳар фарҳанги луғатӣ, ба мисол ин байти Рӯдакӣ, падари шеъри форсиро бихонем ва бифаҳмем ва аз хондану фаҳмиданаш лаззат бибарем:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Ва ё ин байти маъруфи Саъдиро метавонем ба тамомӣ дарк кунем:
Ман аз он рӯз, ки дар банди туам озодам,
Подшоҳам, ки ба дасти ту асир афтодам.
Аммо як пурсиш: оё мумкин аст рӯзе бирасад, ки мо форсизабонон ҳамин байтҳои равону бениёз аз маъно карданро натавонем бихонем ва аз фаҳмидани маънои он оҷиз бошем? Кофист ба рафтори фардӣ ва иҷтимоиямон дар қиболи забони форсӣ биандешем.
Ба ростӣ чаро?
Ҳол биёем фориғ аз он чи дар сатрҳои пешин омадааст, ин чанд ҷумла ва иборатро аз назар бигузаронем:
“Ба ман месиҷ бидеҳ”; “Паки маводди ғизоӣ байни ниёзмандон тавзеъ шуд”; “Ду бокс обмаъданӣ бихар”; “Метарсам олержим авд кунад”; “Аз байни ойтемҳо якеро интихоб кунед”; “Окей! Қабул кардам”; “Фестиволи филми Фаҷр”; “Огаҳии истихдоми удитур”; “Эспикер барои компютер”; “Фулонӣ одами активест”; “Ирбеги утумубил”; “Аз фейсаш хушам омад”; “Принтери дасти дуввум”; “Пейҷи моро фолу кунед”; “Сафҳае чанд транслит мекунед?”; “Фардо тойми микоп дорам”; “Туристҳои чинӣ”; “Барои ман ҳотчокелт суфориш бидеҳ”; “Бояд балад бошӣ хуб призент кунӣ”; “Дедлойни пардохти бадеҳии бошгоҳ, охири ҳамин моҳ аст”; “Ренкинги тими миллии футболи Эрон дар моҳи ҷорӣ”; “Журнолистҳо хуб ин масоилро баладанд”; “Бояд мунтазири фидбуки ин моҷаро бошем”; “Ман дар филдҳои мухталифе тахассус дорам”; “Ин аконт фейк аст”; “Ҷавобро бароямон комент кунед”; “Як сиюи олӣ аз дарвозабони Оржонтин”; “Мо ба дунболи лидерҳои ин таҷаммӯъ ҳастем”; “Омӯзиши моркетинг”; “Точи мубойлам аз кор уфтода” ва ғайра…
Ин ҷумлаҳо ва иборатҳо ва садҳо ҷумла ва иборати инчунинии дигар, ки мо форсизабонони имрӯза дар гуфтугӯҳои муҳовираӣ ё ҳатто расмиамон ба кор мебарем, ба тарзи возеҳе бо фазои куллии забони форсӣ аз гузаштаи то ду се даҳаи пеш тафовут дорад. Ваҷҳи иштироки ҳамагии онҳо низ дар доро будани вожаҳое аз забони бегона аст; ва дардо ва дареғо, ки барои ҳамаи ин луғатҳои ғайрифорсӣ муъодилҳои форсии корбурдӣ вуҷуд дорад.
Оё ба воқеъ наметавон ба ҷойи “месиҷ” аз “паёмак” истифода кард? Ва ё “бастаи маводди ғизоӣ”-ро ба ҷойи “паки маводди ғизоӣ” ба кор бурд? Вожаи “ороиш” чӣ эроде дорад, ки ба ҷояш аз “микоп” истифода мекунем? Оё агар ба ҷойи “саррасид” ё “мӯҳлати пардохт”, бигӯем “дедлойн”, талабкор мӯҳлати бештаре ба мо медиҳад? “Радабандӣ” ва “бозорёбӣ” оё ба тартиб мафҳуми “ренкинг” ва “моркетинг”-ро намерасонанд? Агар дар мусоҳибаи истихдом, ба ҷойи “замина” ва “ришта”, аз “филд” истифода кунем, мутахассистар ба назар хоҳем омад?
Мутаассифона мисдоқҳо ва намунаҳои фаровон аст ва хонандагони гиромии ин гузориш агар каме таъаммул намоянд, худ даҳҳо намуна аз корбурди вожагони бегонаи дорои муъодили форсиро дар забони имрӯзиён хоҳанд ёфт.
Бетафовутӣ ё эҳсоси ҳақорат?
Нуктаи ғамангезтари ин достони талх, беаҳаммият будани вуруди чунин бегонагоне ба сарзамини бедифоъмондаи забони форсӣ аст. Шуморе аз мо мардуми форсизабон, гӯӣ дучори навъе ҳолати хосс шудаем, ки камтарин ирқу таъассуб ва ё дилбастагӣ ба забони таърихии сарзаминамон надорем. Ингор камтарин аҳаммияте бароямон надорад, ки форсӣ ҳарф бизанем ё англисӣ ё фаронса ва …
Гурӯҳе дигар низ ҳастанд, ки аслаш истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти фарангиро нишонаи хосс будан ё барӯз будан ё ба қавли маъруф “бо килос будан” медонанд ва ба амд исрор доранд, ки вожаҳо ва истилоҳҳои бегонаи бештар ва мутанаввеътареро дар каломи хеш ба кор баранд, то дар имрӯзӣ буданашон халале рух надиҳад ва аз “килосашон” сари сӯзане кам нашавад. Албатта ин нигариш, хосси имрӯз нест ва аз миёнаҳои аҳди қоҷорӣ ба ин сӯ, ки матбуот густариш ёфт ва равобит бо Урупо ва баъдҳо бо Омрико бештар шуд, ин тарзи нигариш ба забони форсӣ дар баробари забонҳои ғарбӣ низ рафта-рафта дар миёни бархе аз форсизабонон ривоҷ гирифт. Аммо дар солҳои ахир бо густариши нуфузи фазои маҷозӣ ва дастрасӣ ба он, талаққии худогоҳ ё нохудогоҳи ҳақорати забони форсӣ дар баробари забонҳои фарангӣ бо шитоби бештаре дар зеҳн ва тасаввури гурӯҳе аз ақшори ағлаб ҷавони ҷомеа дар ҳоли реша давондан аст.
Аз натоиҷи зоҳирии ниҳодина шудани чунин нигарише ба забони миллӣ ин аст, ки мебинем дар ҳамаи шаҳрҳои кучаку бузургамон бар сари дари бисёре аз мағозаҳо ва фурӯшгоҳҳо номҳои ғайрифорсӣ ва ғайриэронӣ ва ба хатти лотин худнамоӣ мекунад. Дар таблиғоти колоҳои тиҷорӣ кам намебинем маҳсулоти тавлиди Эронро, ки бо нишона ва номи тиҷории ғарбӣ арза мешаванд, то беҳтар ба фурӯш бирасанд. Афроде ҳатто дар муаррифии хеш дар сафҳаи маҷозиашон ҳам истифода аз забони форсиро навъе саршикастагӣ мепиндоранд ва дар канори инон, кам нестанд форсизабононе, ки ҳатто имзояшон низ ба забони англисӣ ва хатти лотин аст.
Албатта, дар баробари чунин нигаришҳои ҳамроҳ бо бетафовутӣ ва ё вододагӣ нисбат ба забони форсӣ, будаанд дилсӯзон ва дилбастагони ростини забони форсӣ, ки ҳамвора кӯшидаанд бо огоҳибахшӣ ба ҷомеа ва дастандаркорони умур аҳаммияти ҳифзи забони миллиро ёдовар шаванд ва дар ростои ҳифзи он бикӯшанд. Барои намуна, дар идома бахшҳое аз он чи яке аз дилсӯзони забону адаби форсӣ барои ҳифзи ин забон гӯшзад карда, омадааст.
Ин васвасаи шайтон аст
Марҳум устод дуктур Сайидҷаъфари Шаҳидӣ, яке аз устодони барҷастаи забону адабиёти форсӣ ва аз ҳамкорони аввалияи марҳум устод Деҳхудо дар тадвини Луғатномаи Деҳхудо будааст. Устод дар суханронии хеш дар анҷумани устодони забону адабиёти форсӣ, ки дар авоили даҳаи 50 (47 сол пеш) сурат гирифта, ибтидо бахшҳое аз чанд матни илмии кӯҳани форсӣ, ҳамчун “Рисолаи нафс”-и Ибни Сино, “Ат-тафҳим ли авоили синоъати танҷим”-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Таърихи Балъамӣ”, “Ҳудудул-олам мин ал-машриқ ило ал-мағриб” ва “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Сайидисмоили Ҷурҷониро барои ҳозирон мехонанд ва таъкид мекунанд, ки забони форсӣ имрӯз низ ин тавоноиро дорад, ки ҳамчун гузашта, ҳатто мафоҳими илмии ҷаҳони имрӯзро бо вожаҳо ва таъбирҳои форсӣ ба форсизабонон арза кунад, то ниёзе ба истифода аз айни вожаи бегона дар забони форсӣ набошад. Бахше аз суханронии марҳум устод Шаҳидиро бихонем:
“… Шояд ин пурсиш ё эътироз дар зеҳн биёяд, ки дар он давра теъдоди шохаҳои илм, ҳамчунин масоили марбут ба ҳар илм, маҳдуд буд, аммо бо пешрафти рӯзафзуни илм ва ба хусус тавсиъаи санъат дар асри мо чӣ метавон кард? Мо ҳар рӯз бо як ё чанд мафҳуми тозаи илмӣ ва ҷуз илмӣ рӯ ба рӯ мешавем; мафҳумҳое, ки мисдоқи айнӣ ва ё зеҳнӣ дорад. Ин мафҳумҳо дар гузашта набуда ва тоза пайдо шудааст, он ҳам дар кишварҳои Мағрибзамин… Мегӯед, боз ҳам забони форсӣ тавоноӣ дорад, ки қолабҳое барои ин мафҳумҳо биёбад? Ҳақиқат ин аст, ки фаровонии ин мафҳумҳои рӯзафзун аз як сӯ, ва ноошноӣ ё беэътиноии мо ба забони худамон аз сӯи дигар, сабаб шудааст, ки ваҳшатгунае моро бигирад. Ва ё равшантар бигӯям, ҳарчанд гуфтани онро хуш надорам, уқдаи ҳақорате дар зеҳни баъзе аз мо пайдо шудааст, ки бипиндоранд имрӯз дигар забони форсӣ наметавонад василаи таъбир аз мақсудҳои илмӣ бошад. Вале яқин дошта бошед, ки ин васвасаи шайтон аст, на нафаси Раҳмон.
Мо танҳо нестем, ки бо улуму адабиёти Мағрибзамин ошно шудаем ва ба истифода аз он ниёзмандем. Кишварҳои дигари осиёӣ ва офриқоӣ ҳам, чунин ниёзмандӣ ва ё душвориро доранд. Миср, Ҳиндустон, Туркия ва кишварҳои арабзабони шимоли Офриқо, вале мебинем онҳо ба ҷойи ин ки аз ин мушкил биҳаросанд ва худро бибозанд, бурдборӣ нишон медиҳанд ва фидокорӣ мекунанд; мафҳумро ба орият мегиранд ва муъодиле аз забони худ баробари он мениҳанд. Аз кишварҳои арабзабон намуна биёварам. Арабҳо барои калимаи “тонк”, ки айнан дар забони мо ба кор меравад, муъодиле сохтаанд.
Тонк дар рафтор, ҳамонандӣ бо ҷонварони сангинвазн ва ё кӯтоҳпо дорад, ки араб бад-онҳо “ҷунбанда” мегӯяд. Аз решаи “дабб”, ки ба маънии ҷунбидан аст, сифати “даббоба”-ро гирифтанд ва баробари тонк гузоштанд. Баробари родию, ки кори он пахши овоз аст, аз решаи “зиёъ” калимаи “мизёъ”-ро сохтанд.
Табиати забони форси чӣ аз назари сохтмон, чӣ аз назари пухтагии забон ва деринагии он ва фаровонии муфрадоти алфоз, қобилияти басазое барои таъбир аз ин мафҳумҳо дорад. Чаро мо барои бартараф кардани ниёзмандии худ чунон коре накунем? Чаро мутарҷимон ва гӯяндагон ва нависандагони мо аз андак сарфи вақте барои муроҷеа ба фарҳангҳо худдорӣ мекунанд? Чаро барои осонии кор ва ё тазоҳур ба фарангимаобӣ мекӯшанд вожаҳои фарангиро ба кор баранд, то андак-андак барои худ дар забони мо ҷо боз кунанд? Пайдост, ки сохтани вожаҳои илмӣ кори мутарҷим ва нависанда нест, аммо ба ростӣ забони мо он андоза бенавост, ки барои калимаҳое монанди ҷук, онекдут (anecdote), шу, фроншиз, пуртре, плон, турист, мокет ва амсоли он ҳам муъодил надорад?..”
Манбаъ: Irna
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: