Ин хӯрданиҳо барои шумост
Ҳикоят
Рӯзе Мулло Насриддин ба маҷлиси меҳмонӣ рафта буд, аммо либосаш муносиб набуд, ба ҳамин ҷиҳат, ҳеч кас ба ӯ эҳтиром намегузошт ва эътиное намекард.
Мулло Насриддин аз яке аз дӯстонаш либоси нав қарз кард ва онҳоро пӯшид ва ба меҳмонӣ баргашт.
Ин бор ҳама ба ӯ эҳтиром гузоштанд ва бо иззату эҳтиром ӯро болои маҷлис нишонданд.
Мулло Насриддин ҳангоми сарфи ғизо — дар ҳоле ки ба либосҳои нав нигоҳ мекард — гуфт:
— Бифармоед, ин ғизоҳо моли шумост, агар шумо набудед, мардум маро дохили одам ҳисоб намекарданд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: