Ироқчӣ: Интишори ахбори дурӯғин Амрикоро аз варшикастагии иқтисодӣ наҷот нахоҳад дод
Ахбори байналмилал
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон:
“Интишори ахбори ҷаълӣ мардуми Амрикоро аз суномии иқтисодӣ наҷот нахоҳад дод.
Мақомҳои Иёлоти Муттаҳида бо интишори ахбори ҷаълӣ, дар ҳоли дасткории бозор ҳастанд.
Ин кор онҳоро аз суномии таварруме, ки худашон бар мардуми Амрико таҳмил кардаанд, наҷот нахоҳад дод.
Бозорҳо бо бузургтарин нуқсон ва шикоф дар таърих рӯ ба рӯ ҳастанд; бӯҳроне, ки аз маҷмӯи таҳрими нафтии арабҳо дар соли 1973 ва ишғоли Кувайт тавассути Ироқ дар соли 1990 низ бузургтар аст”.
Қаламонлайн













