Ироқчӣ: Метавонем, аммо силоҳи ҳастаӣ намесозем!
Вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон: “Метавонем аммо қасд надорем силоҳи ҳастаӣ бисозем”
Ахбори байналмилал
Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира гуфт: “Эрон алъон силоҳи ҳастаӣ надорад. Силоҳҳои ҳастаӣ ҷузъи барномаҳои низомии Эрон нестанд. Амнияти мо бо шеваҳои дигаре таъмин мешавад ва силоҳи ҳастаӣ аз назари мо ҳаром аст.”
Вай афзуд: “Фатвои сареҳи раҳбари инқилоб дар ин хусус вуҷуд дорад, ки тавлид, нигаҳдорӣ ва истифода аз ҳамаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ аз ҷумла силоҳи ҳастаӣ ҳаром аст ва шумо маънои ҳаромро ба хубӣ мутаваҷҷеҳ мешавед.”
Ироқчӣ афзуд: “Ин ки оё мо тавоноии сохти силоҳи ҳастаиро дорем, бале ин тавоноӣ вуҷуд дорад ва қаблан ҳам ба он ишора шудааст. Вале оё иродае барои сохти силоҳи ҳастаӣ дорем, на, чунин иродае вуҷуд надошта ва алъон ҳам вуҷуд надорад ва мо чунин қасде надорем.”
Қаламонлайн