Ироқчӣ: Музокирае дар кор нест

Ироқчӣ: Музокирае дар кор нест

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Фарорӯ, Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар мусоҳиба бо Алҷазира гуфт:

– Он чи акнун дар ҳоли рух додан аст, музокира нест, балки табодули паёмҳо ба сурати мустақим ё аз тариқи дӯстонамон дар минтақа аст. Ман ҳамчунон монанди гузашта паёмҳоеро ба таври мустақим аз Виткофф дарёфт мекунам, аммо ин ба маънои музокира нест.

– Паёмҳо шомили ҳушдорҳо ё дидгоҳҳои мутақобил аст, ки аз тариқи дӯстон мунтақил мешавад.

– Музокира бо ҳеч ниҳоди хоссе дар Эрон сиҳҳат надорад ва паёмҳо аз тариқи Вазорати хориҷа мунтақил мешавад ва байни дастгоҳҳои амниятӣ иртибототе вуҷуд дорад.

– Табодули паёмҳо дар чорчӯби мушаххасе аз тариқи давлат ва таҳти назорати Шӯрои амнияти миллӣ анҷом мешавад.

– Ҳеч посухе ба 15 пешниҳоди Омрико надодаем ва ҳеч пешниҳод ё шарте ироа накардаем.

– Ҳанӯз тасмиме дар бораи музокирот нагирифтаем ва дар бораи онҳо мулоҳизоте дорем. Шартҳои мо барои поён додан ба ҷанг мушаххас аст.

– Мо оташбасро намепазирем, балки ба дунболи таваққуфи комили ҷанг на танҳо дар Эрон, балки дар кулли минтақа ҳастем.

– Шартҳои Эрон шомили тазмини адами такрори ҳамалот ва пардохти ғаромат барои хасорот аст.

– Наметавон мардуми Эронро таҳдид кард ва раиси ҷумҳури Омрико бояд бо эҳтиром бо онҳо сӯҳбат кунад.

– Тангаи Ҳурмуз ба таври комил боз аст ва танҳо барои касоне, ки бо мо душманӣ мекунанд, баста аст.

– Тамомии иқдомоти лозим барои убури амни киштиҳои дӯстон аз тангаи Ҳурмузро анҷом додаем.

– Омодаи ҳар гуна рӯёрӯии заминӣ ҳастем ва умедворем душманон дар муҳосиботи худ иштибоҳе накунанд.

– Мо ба дӯстонамон дар халиҷи Форс ҳамла намекунем ва фақат пойгоҳҳо ва манобеи омрикоиро ҳадаф қарор медиҳем.

– Дар оянда барои бозсозии эътимод ба кишварҳои ҳамсоя душвориҳое хоҳем дошт, аммо мутмаин ҳастам, ки онро бозсозӣ хоҳем кард.

– Тангаи Ҳурмуз метавонад гузаргоҳе барои сулҳ бошад ва иқдомоти марбут ба он, ба кишварҳои ҳамҷивор вобаста аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп: Тағйири режими Эрон ҳадафи Амрико набуд
Тромп: Амрико дигар дар тангаи Ҳурмуз нахоҳад буд

Матолиби пурбоздид