Иртиботи банда бо Худо

Адаб

Иртиботи банда бо Худо

Унвони мақола: Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии маънавӣ
Навиштаи М. Ҳусейнова

Бахши аввал: Иртиботи банда бо Худо

а) Муҳаббат ва ишқ ба Худо

Муҳаббат ва ишқ ба Худо ба чӣ маъност? Қабл аз он ки муҳаббат ба Худоро таъриф намоем, ибтидо бо вожаи муҳаббат ошно хоҳем шуд: муҳаббат иборат аст аз майл ва рағбати табъ ба чизе, ки дар ёфтани он сабаби лаззат ва роҳат бошад.

Муҳаббат ва ишқ ба Худованд, яъне майл ва рағбати қалбӣ ва фитрӣ ба холиқ ва сонеи худ ва касби лаззат ва роҳат аз он. (1)

Муҳаббат ва ишқ ба Худо мавзӯест боаҳаммият; бар асари доштани муҳаббат ва ишқ ба Худо, инсон ба наздиктарин роҳ ба сӯи Худо ва авлиёи Худо мерасад. Муҳаббат ва ишқ ба Худо ғизои руҳу қалби бандагони хуби Худост.

Бар асари ин муҳаббат, инсон тақарруб ба Худо пайдо мекунад, ба мақоми шуҳуд мерасад, муттасиф ба сифоти маҳбуб мегардад, барои инсон аҷри ухравӣ дорад ва шахсияти инсон иртиқоъ пайдо мекунад. Бо вуҷуди ишқ ба Худо, ёрии Худованд насибаш хоҳад шуд. Сабаби нишоти дил ва таҳаррук ва ибодати Худо аст; сабаби сипосгузорӣ аз Худо ва итоат аз Худо аст.

Худованди бузург дар Қуръони Карим мефармояд: “Ононе, ки аҳли имонанд, камоли муҳаббатро ба Худованд доранд”, — яъне аҳли имонанд, ки камоли муҳаббат ва дӯстиро ба Худо доранд. (2)

Расули Худо (с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: “Ҳар кӣ муҳаббати Худовандро бар муҳаббати мардум тарҷеҳ диҳад, Худованд заҳмати мардумро аз ӯ кифоят мекунад (боз медорад)”. (3)

Ҳамчунин Имом Содиқ (а) мефармоянд: “Муҳаббати Худованд чун бар ботини бандае битобад, ӯро аз ҳар машғалае холӣ мекунад ва аз ҳар зикре, ҷуз ёди Худо боз медорад ва муҳибби Худо холистарини мардум аст барои Худо ба сурати пинҳонӣ ва ростгӯтарини онҳо, дар вафои ба аҳд бовафотарин, дар амал поктарин, дар зикр босафотарин ва обидтарини мардум аст. Малоика дар ҳангоми муноҷоти ӯ мубоҳот мекунанд ва ба диданаш ифтихор мекунанд, Худованд ба василаи ӯ шаҳрҳояшро обод мекунад, ба хотири раҳматаш балоҳоро аз мардум дафъ мекунад ва агар мардум медонистанд, чӣ мақоме назди Худо дорад, бо хоки пойи ӯ ба Худо тақарруб меҷустанд”. (4)

Мавлоно дар Маснавӣ бо тарғиби бандагон ба ишқи Худо, ин ишқро, ишқи ҷовидон дониста ва чунин гуфтааст:

З-онки ишқи мурдагон поянда нест,

З-онки мурда сӯи мо оянда нест.

Ишқи зинда дар равону дар басар,

Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.

Ишқи он зинда гузин к-ӯ боқияст,

К-аз шароби ҷонфазоят соқияст.

Ишқи он бугзин, ки ҷумла анбиё,

Ёфтанд аз ишқи ӯ кору киё.

Ту магӯ моро бад-он шаҳ бор нест,

Бо каримон корҳо душвор нест. (5)

Шоир дар абёти боло мегӯяд, чун ки ишқи мурдагон поянда нест, бад-ин далел, ки мурда наметавонад ба сӯи мо биёяд. Аммо ишқи зинда дар чашму ҷон пайваста ботароваттар аз ғунча аст.

Бинобар ин, ишқи он зиндаи ҷовидро баргузин, ки ишқи ҷовидон аст ва мудомтар аз шароби ҷонфазо сероб мекунад.

Ишқи Худоеро баргузин, ки ҳамаи анбиё аз Ӯ қудрату тавон ёфтанд.

Магӯ, ки моро ба боргоҳи ӯ роҳ нест, бидон, ки бо саховатмандон зудтар метавон канор омад.

* * *

б) Бархӯрдорӣ аз илми илоҳӣ

Илм чист? Ва чӣ гуна аз илми илоҳӣ баҳраманд шавем? Илм иборат аст аз идроки ашё ва ҳусули сурати онҳо назди ақл. Ба иборати дигар, илм — яъне эътиқоди қатъӣ, ки мутобиқи бо воқеъ аст.

Илм беҳтарин камол аст ва шарифтарин сифоти ҷамол; илму дониш бузургтарин сифати Худованди Мутаол аст. (6)

Илму дониш инсонро ба дараҷоти болое мерасонад, ба касби илм, инсон ба савоб ва подоши илоҳӣ низ даст пайдо мекунад. Илм сабаби нишоти ҳақиқӣ ва шахсият ёфтани нафс хоҳад гашт. Касби илму дониш ба инсон қудрати ташхиси ҳаққу ботилро медиҳад ва мӯҷиби муваффақияти олим дар ҳидояти мардум ва хидмат ба онон мегардад.

Дар Қуръони Карим ба илму дониш ва касби он мукаррар таъкид шудааст ва ҳамчунин аввалин ояте, ки бар Расули Акрам(с) нозил шуд, дар мавзӯи илм буд: “Бихон ва парвардигорат гаромитар аст. Он кӣ ба қалам биёмӯхт инсонро ончӣ намедонист”. (7)

Расули Акрам (с) низ мефармоянд: “Касе, ки дар пайи дониш барояд, биҳишт дар пайи ӯст.” (8)

Инчунин дар арзиши илму донишу доноӣ мефармоянд: “Дониш гумгаштаи мӯъмин аст, ҳаргоҳ сухане омӯхт, сухани дигаре матлуби ӯ гардад”. (9)

Дар ҳадиси дигаре фармудаанд: “Ҳеч кас фазилате монанди дониш ба даст намеоварад, ки соҳибашро ҳидоят намояд ё хатареро аз ӯ дафъ кунад ва дини касе устувор нашавад то ин ки ақлаш солим гардад.” (10)

Дар Маснавӣ низ мақоми илму дониш ва касби он сутуда шудааст ва болотарин илмро илми илоҳӣ дониста ва дар мақоми касби он ва роҳи бархӯрдорӣ аз улуми илоҳиро ба тариқи зайл баён мекунад:

Ҳамчу оҳан з-оҳане беранг шав

Дар риёзат ойинаи безанг шав

Хешро софӣ кун аз авсофи худ

То бубинӣ зоти поки софи худ

Бинӣ андар дил улуми анбиё

Бе китобу бе маъиду Ависто

Гуфт Пайғомбар, ки ҳаст аз умматам

Ку бувад ҳам гавҳару ҳам ҳимматам

Мар маро з-он нур бинад ҷонашон

Ки ман эшонро ҳамебинам бидон

Бе саҳеҳайну аҳодису рувот

Балки андар машраби оби ҳаёт

Сирри “амсайно лакурдиё” бидон

Рози “асбаҳно аробиё” бихон (11)

Мавлавӣ мегӯяд, монанди оҳан, ранги оҳан буданро бигзор ва бо риёзат ба ойинаи соф бадал шав. Худро аз сифоти хеш бизудой то зоти поку софи худро бибинӣ; ки дар дили худ бидуни китоб ва устод улуми анбиёро хоҳӣ дид.

Паёмбар (с) мегӯянд, миёни уммати ман касоне ҳастанд, ки бо ман сириште ва ҳиммате ҳамонанд доранд. Ҷони онон маро ба ёрии нуре мебинад, ки ман ҳам ононро бо ҳамон нур мебинам. Онон Паёмбарро бидуни ёрии Саҳеҳи Муслим ва Саҳеҳи Бухорӣ ва аҳодис ва ровиёни онҳо дар канори чашмаи оби ҳаёти маърифат мебинанд. Бидон, ки рози “ба шаб расидем, курд будем” чист ва рамзи “саҳаргоҳи араб шудем”-ро дарёб.

 

Пайнавиштҳо:

(1) Биҳишти ахлоқ, саҳ.663

(2) «والذین آمنوا اشد حبا لله» — сураи Бақара, ояти 165

(3) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 3151

(4) Мисбоҳ-уш-шариа, саҳ.192

(5) Маснавӣ, Дафтари аввал, Қиссаи фиристодани подшоҳ расулонро ба Самарқанд

(6) Биҳишти ахлоқ, саҳ.147

(7) Сураи Алақ, ояти 3-5

(8) Канз-ул-уммол, ҳадиси 28842

(9) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 2493

(10) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 2496

(11) Дафтари аввал, Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон дошт

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил таҳдиди ҷанг бо Ҳизбуллоҳ кард
Дирҳамҳои бобаракат

Матолиби пурбоздид