Исмоили Маҳмадзоир президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон таъин шуд

Исмоили Маҳмадзоир президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон таъин шуд

Ахбори варзишӣ

Ба гузориши Радиои Озодӣ, рӯзи 19-ноябр, дар ҷаласаи ғайринавбатии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин бора хабаргузории расмии «Ховар» иттилоъ додааст. Исмоили Маҳмадзоир, ки набераи калонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ин мақом ба ҷои Нурулло Лоиқов интихоб шуд, ки тибқи гузоришот, бо хоҳиши худ аз мансаб истеъфо додааст.

Ин ҷаласа бо ширкати «раҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзои кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон” баргузор шудааст.

Исмоили Маҳмадзоир то ин вақт ба дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб ва клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» кумакҳои иқтисодӣ намудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Номи забони мо дар куҳантарин манобеи торихӣ
Шокир куҷост?!

Матолиби пурбоздид