Исроил ҳафт узви як гурӯҳи вобаста ба Созмони Милалро кушт

Исроил ҳафт узви як гурӯҳи вобаста ба Созмони Милалро кушт

Ахбори байналмилал

Ба гузориши France24, пас аз он ки созмони World Central Kitchen як киштии маводди ғизоиро аз тариқи як масири дарёӣ вориди Ғазза кард, Исроил худравҳои ҳомили аъзои ин гурӯҳро бомбборон кард, ки дар натиҷа 7 нерӯи имдодӣ ва як ронанда кушта шуданд.

Ин ниҳоди имдодии мустақар дар Омрико, дар баёнияе, зимни тайъиди кушта шудани аъзои худ гуфт:

“Шаҳрвандони Устролиё, Бритониё, Омрико, Конодо ва Фаластин дар миёни куштаҳо ҳастанд.”

Ин гурӯҳ гуфт: “Кормандон дар ҳоли таҳвили кӯмакҳои ғизоӣ буданд, ки рӯзи душанбе аз тариқи дарё расида буд.

Ниҳоятан дар охирҳои асри ҳамон рӯз мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва ду худрави мушаххаси онҳо мунаққаш ба орми WCK ва як василаи нақлияи дигар, тавассути Исроил бомбборон шуд.”

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Омрико дар шабакаи иҷтимоии X навишт:

“Мо аз ин ҳамла дилшикастаем ва амиқан музтариб ҳастем.”

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Устролиё хостори таҳқиқоти ҳамаҷониба дар мавриди ин ҳамла ва посухгӯии Исроил дар марги коркунон ин ниҳоди имдодӣ шуд.

France24

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафири Эрон дар Сурия: “Муқобила ба мисл хоҳем кард”
Намояндаи порлумони Эрон: “Сафорати Исроилро бизанед!”

Матолиби пурбоздид