Истиқболи Эрдуғон аз оташбас миёни Эрон ва Исроил
Ахбори байналмилал
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар нишасти матбуотӣ дар Анкара гуфт:
Мо аз хабари созиши оташбас миёни “Исроил” ва Эрон истиқбол мекунем ва аз онҳо мехоҳем, ки ба он пойбанд бошанд.
Таҷовузи Исроил бояд дар тамоми минтақа мутаваққиф шавад.
Иқдомҳои бемулоҳизае, ки Исроил бар алайҳи Фаластин, Лубнон, Сурия, Яман ва то Эрон доштааст, қобили қабул нест.
Мо бар зарурати ноил шудан ба оташбаси доимӣ дар Ғазза, қатъи таҷовузи Исроил ва таъмини дастрасии бефосила ба кумакҳои башардӯстона таъкид мекунем.
Қаламонлайн