Истиқлоли таҷовузшуда – III

Истиқлоли таҷовузшуда – III

Бахши севвум

Меҳмоншо Шарифзода

Дар ин се-чор моҳи охир, то ин ки ба ин нуктаи интиҳоии гардиш дар вазъияти фарҳанги-сиёсии ин мардум расидем ва ин ҳукумати хусусишуда боз як бори дигар мардумро дар ҷаҳон ва ба хусус дар Руссия “рӯ ба раҳми худо” гузоштанд ва барои корҳои оилавии худ “рӯ” ба Аврупо карданд, чанд фикре зери унвони “вазъи фарҳанги-сиёсӣ” дар ин саҳифа кошта будем.

Акнун ин коштаҳоро боз якбори дигар зери унвони “истиқлоли таҷовузшуда” нашр мекунем то раванд равшантар шавад ва ба сатҳи биниши тамомтаре дар бораи вазъияти фарҳанги-сиёсии ин сарзамин расида бошем…ва хуб мешуд, мухолиф ва мувофиқ фикри худро зери ин матлабҳо меоварданд….

Вазъи фарҳанги-сиёсӣ (3)

Чи ҷодуест, ки мардум ба ҳам намеоянд?

Исфандиёр

Муддати ин солҳо, ки ин қавм шиори соҳибистиқлолиро баланд бардошта буданд фазои сиёсии (political space) мустақил надоштанд ва надоранд. Ҳукумати ин қавм ин солҳо ба – а) муҳочиру бегонаву ғариб кардани мардуми худ; б) куштани фикри таҳлили-танқидӣ барои нашинохтани воқеъият ва мушилиҳои намудаи буҳрон; в) аз байн бурдани мухолифони сиёсӣ ; г) фитна андохтан ва турктозӣ кардан; д) аз номи мардуми Тоҷикистон бечоранолӣ ва гадоӣ кардан …машғул буд ва ҳастанд.

Дар ин сарзамин шаҳрванд, яъне фарди огоҳ ва озод, ки бунёди истиқлоли аслиии ин сарзамин ҳастанд, надорем. Мутассифона, ҳануз ҳам зарфият ва қобилияти дарки моҳияти ин мушкилиро надоранд. Бубинед, чиро мардум аз ин сарзамин гурезонанд ва мехоҳанд шаҳрвандии давлатҳои дигарро дошта бошанд, зеро ба ҷуз хостаҳои табии худро бароварда кардан боз ба фазои солими сиёсӣ ва маънавӣ ниёз доранд. Чун “роҳбарон”-и ин давлат субъекти дигаронанд мардум ҳам дар пайи дарёфт кардани шаҳравандии дигар давлатҳоянд. Ин ки роҳбарони аввал барои хидмат аз Руссия нишони фахрӣ мегиранд ва мардуми худро дар вазъияти муҳоҷиру ғариб нигоҳ медоранд, ва ба мақомоти Руссия иҷозаи ба ҷанги зидди мардуми Украина бурдани Тоҷиконро медиҳанд, худ нишонаи дар фазои сиёсии дигарон зистанро дорад. Дақиқан, дар фазои сиёсии дигарон лофи ҳастӣ мезананд. Ин солҳо танҳо шоҳигарӣ доштанд, вале ҳукумат надоштанд, яъне ҳаёти лучи мардумро бо як шакли ҳаёти солим пушонидан натавонистанд. Мардум дар ин солҳо бо он ки шаҳрвандии ин мамлакатро доштанд “рӯ ба раҳми худо” буд ва ҳуқуқҳои инсонии онҳо аз тарафи ин қавми бефарҳанг поймол шуда буд…

Дигар ин ки фазои таҳлили-танқидиро, ки бунёди ташкили фазои сиёсӣ ва давлатдорист аз рузҳои аввал шикастанд ва фазои тарс, таъриф ва тамаъро инкишоф доданд ва имруз шабакаҳои васеъи чоплус-хабарчин-хабаркаш-бузҳоро дар ихтиёр доранд, ки дар ҳама музофоту маҳалҳои Тоҷикистон барои ин ҳукумати худкома ва золим дар хидматанд. Бубинед нависанда ва озодмардони ин миллат устод Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзодаро бо иттиҳоми “барангехтани адовати милливу динӣ ва маҳалгароӣ” зиндонӣ карданд вале наметавонанд фасод ва маҳалгароии худро дидан, ки чи мекунанд. Ин ҳама ҳуқуқшиносҳои музофотии донишгоҳи давлатӣ, ки қисме аз онҳо донишгоҳро ғоибона хатм кардаанд ва чи будани ҳуқуқ ва қонунро дарк ва ҳис накардаанд, қонунро бозичаи ҳукуматдорон ва ҳукуматро музофоти-маҳалли-оилавӣ карданд.

Дар ҳама давлатҳои воқеии дунё, масалан бунёдгузорони давлати Амрико аз он хавф мебурданд, ки дар мамлакат низоми ҳукумронии қонун вайрон нашавад, ки боиси аз байн рафтани давлат мешавад. Онҳо дар ин фикри он буданд, ки чи гуна метавон ба судяҳо ё қозиҳо қудрат дод, ки ба ниҳодҳои ҳуқуқбарор ва ниҳодҳои иҷрокунандаи қонун тобеъ набошанд. Воқеъан дар кадом сатҳи бешармӣ, беномусӣ ва ноодамӣ бояд буд, ки бо ин чи мегузарад чашм пушида бошед ва боз дар ин боварӣ бошед, ки “чизе дорад мегузарад”. Байни мардум ин гуна қавмро “тозатабиъати гу(ҳ)дарзону” меномиданд…Яъне қонунро таҷовуз мекунанд, маҳалгароиро ба сатҳи олӣ мерасонанд ва боз бо ин ҳама ифлосӣ, фасод ва пастӣ мардуми озодаро боздошт ва зиндонӣ мекунанд…Аҷиб аст, ки соли 2024- ро соли “маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардаанд. Ва пурсиш ин аст, ки “Ки ба ин маърифат зиёдтар ниёз дорад, прокурорҳои генералии ҷумҳурӣ, судяҳо, қозиҳо, сиёсат(бе)мадорҳо ва ё мардум?” …

Сиёсатмадор-прокурор-зиёиҳои хуталӣ дақиқан кори таърихӣ карданд ва ҳарфҳои Садри Зиёро ба воқеъият табдил доданд. Яъне давлатдориро зери суол бурданд. Албатта, намояндагони дигар музофотҳои Тоҷикистон ҳам дар ин кор даст доранд, вале, онҳо танҳо хокшапҳо, обдастгирҳо ва шогирдони ин қавманд. Шояд мардум баҳси атрофи давлатдории куҳистониҳо ва ё кулобиҳо, баҳси байни устодони зиндаёд акадекмикҳо М. Шакурӣ ва Р. Масов, баҳси атрофи ҳарфҳои Садри Зиёро дар бораи куҳистониҳо, ки баъди сулҳи Тоҷикон ва дар солҳои аввали ин садсола дар матбуот вуҷуд дошт дар ёд доранд, ки он замон қисме аз зиёиҳои Тоҷик ҳануз боварӣ доштанд, ки ин қавм ба коре қодиранд ва метавонанд фазои сиёсии миллӣ ва ҷаҳониро дар ин сарзамин ба вуҷуд овардан.

Вале мутассифона зери шиори “гузариш” онро амалан исбот карданд, ки мардум садсолаҳо аз буданаш метарсид ва ин ба қудрат расидани девест, ки ангуштарии Сулаймон дорад. Воқеан тавонистанд фасод, дуздӣ ва дуруғро ниҳодина кардан. Дигар баҳси идеология (коммунистӣ, демократӣ) нест, ин қавм “давлат” ва “давлатдорӣ”-ро ба ҳеҷ табдил доданд ва ҳама кори онҳо аз ҳукумронии нафси бетарбият дарак медиҳад.

Вале як ҳақиқати вақтро дуруст дарк накардаанд, ки замона дигар гаштааст ва ҳама кас таърихи худро имруз хоҳанд хонд. Яъне барои шинохтани касе ва чизе шарт нест як сол, бист сол, панҷоҳ сол ва ё садсол интизор шуд имруз оина дар баробари ҳама аст ва ҳамин ҳоло метавон фаҳмид, ки Ки кист…

Албатта ин номуваффақӣ дар давлатсозӣ худ дар фарҳанге номуваффақ реша дошт ва дар ин солҳо на танҳо дар Тоҷикистон балки дар минтақа буҳрони роҳбарӣ буд, ки фасод ва дуздӣ ҷавҳари ин руйдод буданд. Муаллифи китоби “Дуздони давлат: Чаро фасод ба амнияти ҷаҳони таҳдид мекунад” (Thieves of State: Why Corruption Threatens Global Security, by Sarah Chayes) дар мисоли Афғонистон ва баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ фасодро мушкили ҷаҳонӣ медонад. Дар Афғонистон Карзай, Ғанӣ ва ҳатто роҳбарони ҷиҳод ва муқовимат ба ин маризӣ гирифтор буданд ва оқибат мамлакатро боз ба Толибон супурданд. Сара Чайес менависад, ки мардум хабар доранд, ки ин пул нақд ва ба пуррагӣ ба Афғонистон ворид мешавад вале ба тавре нест мешавад, ки мардуми маҳалӣ дар баробари он ҳеҷ кор кардан наметавонанд. Аз соли 2002 то баромаданашон Америкоиҳо дар Афғонистон барои суботи ин мамлакат зиёда аз 100 миллиард доллар сарф карда буданд….

Ҳамчунин дар Руссияи солҳои навадум ва ибтидои ин аср олигархҳо (березовский, ходорковский, абрамович ва дигарон) Елтсини майзадаро лаҷом зада Путинро ба қудрат оварданд ва фасоду дуздиву дуруғро ниҳодина ва режими худкомаро пурқувват карданд. Дақиқан ҳамин рӯйдод, худ исботи ҳамин ҳарф аст, ки “фасод ба амнияти ҷаҳонӣ таҳдид мекунад”. Дар Тоҷикистон ҳам ин қавми сиёсат(бе)мадор мисли хоҷагони русияшон аслан ба фасод, дуздӣ ва дуруғ машғул буданд.

Ҳатто роҳбарияти Бадахшони худмухтор ҳам ин солҳо ба ҳамин маризиҳо гирифтор шуда буданд, ки мардум қисме аз онҳоро ҳамчун “дуздони хазина” шинохтанд ва ҳамин гуруҳ буданд, ки дар якҷоягӣ бо дуздони марказ ба дидгоҳ ва ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохони IV хиёнат карданд ва оқибат мардумро ба буҳрони сиёсии Бадахшон расониданд…

Ин ҳама ба буҳрони амиқи вуҷудӣ оварда расонида ва дигар ҳарф сари фарҳанги паст, фақри фарҳангӣ ва равонгусехтагии фарҳангӣ (cultural shizophrenia) намеравад. Дигар ҳарф сари одамакҳои паст, сустаносир ва дигарон нест. Акнун мардум дар баробари худ махлуқеро доранд, ки аз табиати худ бо фитнаҳо, фоҷеаҳо, даҳшатафканиҳо, боздоштҳо, фасод, дуздиҳо ва дуруғҳо хабар дод. Бо забони худ эътироф ҳам карданд, ки ҳукумронии нафси бад ё бетарбият аст…

Албатта, инсоне, ки гирифтори ҷодуи қудрат аст, вақте дар бораи чизе суҳбат мекунад, масалан вақте дар бораи “нафси бад” қисса мекунад, ӯ касеро намебинад, ҳис намекунад ва тассавур ҳам намекунад, ки ин ҳарфро касе тасдиқ ва ё инкор мекарда бошад. Воқеан дар маҷлисгоҳ ҳам чунин кас вуҷуд надорад ва ҷамъ омадагон танҳо барои қарсак задани навбати таёри мебинанд…Ин падида ба таҳқиқоте мустақил ниёз дорад …

Акнун дар маҷлисгоҳҳо ва стадионҳо мардуме ҷамъ мешаванд, ки онҳо дар воқеъияти даҳсолаҳои охир шакл гирифтаанд. Ҳама як маъшуқа доранд ва атрофи ӯ мерақсанд. Ин ҷашн нест, балки як гимнастикаи якҷояи мардумист. Ҳарф сари мардуми зиёди дипломдор меравад, ки лофи зиёӣ будан мезананд, вале дигар ҷавҳар надоранд, дарди мардумро ҳис намекунанд ва барои як кор сохта шудаанд, барои гусолаи тиллоиеро парастиш кардан.Чиро манқурт ҳамчун ғулом барои қабилаи Жун-Жуан арзишманд буд (Айтматов), зеро манқурт ҳақи худро талаб намекард, фикри танқиди-таҳлилӣ надошт ва муқовимат намекард. Манқурт барои ноне, ки барояш медоданд сипосгузор буд…

Ин субъектҳои сохтаи воқеъияти солҳои охир манқуртҳое барои низоми худкома арзишманд ҳастанд. Ғуломоне ҳастанд сипосгузор, ки дигар ба арзишҳои созандаи худӣ имон ва боварӣ надоранд ва акнун намояндагони дар қудрат” будаи як музофот хокшапҳои музофотҳои дигарро атрофи худ ҷамъ карда худро “миллат” ва “соҳибдавлат” эълон кардаанд…

Аслан вақти он расида, ки аз бисёр ниҳодҳо ва умуман аз ин фазо вожаи “миллӣ” бардошта шавад, зеро ин маънӣ дигар вуҷуд надорад…

Бубинед, дар ин муҳит; Вақте корвони иттилоотии ғуломони сипосгузор аз марказ ба музофотҳо ва аз музофот ба марказ то ба осорхонаи “ягонаи давр” қурутоб хурда ва шиор зада меоянд – рузноманигорон, ҳуқушиносон ва нависандагони ин миллат бегуноҳ дар зиндонанд; Вақте раиси ҷумҳурӣ аз дасти русҳо нишони фахрӣ мегирад – муҳоҷирон ҳазорҳо зери фишор ва мушту лагади пулиси русҳоянд; Вақте ҳукумат аз номи “миллат” ба бечоранолӣ ва гадоӣ машуғул аст – ҷавонони ин “миллат” ба хотири “наҷот дар охират” сафи интиҳориҳоро зиёд ва худро қурбонии бозингарони сиёсӣ мекунанд; Вақте “зиёии миллат” Талбаков фарҳанги исломии мардумро таҳқир мекунад ва бегона меҳисобад – раиси ҷумҳурии ин мардум худро бо шайхони араб бародар метарошад; …

Ин ҷо ба пурсиши шоири миллат Исфандиёр “Чи ҷодуест, ки мардум ба ҳам намеоянд?”- то ҷое ҷавоб додан мушкил аст. Метавон гуфт, ки ин ҷо танҳо як ҷодуст, ки мардумро намегузорад ба ҳам омадан, ба фарҳанги солими тоҷикӣ имкони будан додан ва соҳидавлат шудан… Ва ин ҷоду, хоҳиши сахти дар қудрат будани нафсест бетарбият, ки ангуштарии Сулаймон ёфта ва акнун ин ҷоду воқеъиятеро шакл дода, ки ҳамаро зери таъсир дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: Ба зудӣ амалиёти мо дар баҳри Медитарона оғоз хоҳад шуд
Тарбияти фарзанди шод

Матолиби пурбоздид