Истиқлол ё Истеъмор?

Истиқлол ё Истеъмор?

Ёддоште аз Сайид Алиакбар Бурҳонов

Яке аз масоиле, ки ҳукумат ва роботҳои маҷозии он дар баробари ҳар интиқоде ба унвони нуқтаи қувват матраҳ мекунанд, истиқлолият аст. Ҳатто дида шудааст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба ҷаноби олияшон нисбат дода ва аз дастовардҳои Раҳмонов мешуморанд.

Ҷудо аз баррасии худи масъалаи истиқлоли Тоҷикистон ва чистӣ ва чигунагии ба даст омадани он ки дар ин мақол намегунҷад, як суолро мехоҳам матраҳ кунам:

Оё чизе, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад “Истиқлол” аст ё “Истеъмор”?

Истиқлол ба маънои саҳеҳи он, дар кадом масоили Тоҷикистон эҳсос мегардад?

Дар сиёсат?

Дар иқтисод?

Дар фарҳанг?

Дар масъалаи замин?

Аз назари низомӣ ва амниятӣ?

Дар кадом соҳа мардуми тоҷик метавонанд иддио кунанд, ки мустақил ҳастанд?

Аслан худи ҳокимият метавонад иддиои истиқлолият кунад?

То ҷое, ки мо фаҳмидем, дар соҳаи сиёсат, тасмимоти ҳукумати Тоҷикистон бар асоси манофеи миллӣ нест, балки ё бар асоси манофеи кишварҳое монанди Русия аст, ки дар ин сурат мо таҳти истеъмори сиёсии Кремлин ҳастем, ё бар асоси суду зиёни хонаводаи Раҳмонов, ки боз ҳам мешавад истеъмор аммо аз ҷониби як хонавода ба ҷои як кишвар.

Пас дар соҳаи сиёсӣ наметавон қотеона гуфт, ки мо соҳибистиқлолем!

Дар заминаи иқтисодӣ, он чизе ки аён аст, вобастагии бечуну чарои маишати мардум ва иқтисоди давлат ба муҳоҷирони корӣ дар Русия аст. Яъне бидуни пулҳое, ки тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварамон мунтақил мегардад, мо чархаи иқтисодӣ дар бонкҳоямон ҳам надорем, чӣ расад ба хӯрду хӯроки мардум!

Ин ба ин маъност, ки ҳаёти иқтисодии кишвару миллати мо бештар аз онки дар дасти як тоҷик, ҳатто ҳукумат бошад, дар дасти Маскав аст ва ҳар гуна тасмим дар Маскав, мустақиман ба иқтисоди мардум ва кишвари мо таъсиргузор мебошад.

Хуб номи ин чист?

Ман номашро мегузорам истеъмори иқтисодӣ!

Пас дар соҳаи иқтисод ҳам наметавон гуфт соҳибистиқлолем!

Дар масъалаи фарҳанг, чанд ҷараёни фарҳангӣ мешиносед, ки дар ин 30 сол эҷод шуда бошад? Чанд маркази фарҳангие, ки тавонад ҷавононро ба худ ҷазб кунад вуҷуд дорад? Танҳо дастоварде, ки метавон ном бурд ин тарвиҷи “маҳалгароӣ” ва “диктаторпарастӣ” ва “истеъморталабӣ” будасст, ки худи инҳо зиддифарҳанг ҳастанд.

Дар замонаи ҳозира, ҷавонони тоҷик ниёзҳои фарҳангии худро дар куҷо таъмин мекунанд? Бо як нигоҳ ба ҷомеа мебинед, ки бисёре аз ҷавонон ҷазби созмонҳо ва намояндагиҳои фарҳангии Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва минтақа гаштаанд ва арзишҳои ғарбӣ, ҷои одоб, суннатҳо ва фарҳанги тамаддунии тоҷикиро гирифта ва маълум нест дар оянда тоҷикҳо голубой мешаванд ё беғайрату чизҳои дигар….

Ҳамчунин дар масъалаи забону хат низ, мо ба ҷои ин ки ба фарҳангу тамаддуни худ нигоҳ кунем, аз хатти кириллӣ пайравӣ мекунем!

Бисёр мавориди дигарро метавон зикр кард, ки аз маҷол хориҷ аст.

Пас дар соҳаи фарҳангӣ низ, мо таҳти истеъмори русҳо ва ғарбиҳоем ва наметавон гуфт соҳибистиқлолем!

Дар масъалаи истиқлоли арзӣ ва замини кишвар ҳам, ки ниёзе ба тавзеҳ нест ва ҳамин кифоят мекунад, ки агар шумо то чанд соли пеш дар марзи Тоҷикистону Чин, ё марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва… сокин мебудед ва тоҷик ба ҳисоб меомадед, акнун шояд чинӣ ё қирғиз бошед!

Аз назари низомӣ, мо тафовути чандоне бо замони Шӯравӣ надорем, ҳануз ҳам Двизияи 201-и Русия дар хоки мо ҷой гирифта ва дар тамоми сохтори низомии мо муассир аст. Ҳатто дар давраҳое, нерӯҳои низомии бегона ба кишвари мо омада, эътирози мардумро саркуб карда рафтаанд. Пас аз назари низомӣ ва амниятӣ, иддаои соҳибистиқлол будан, хандаовар аст!

Инҳо дар ҳолест, ки ҳукумати феълӣ вақте ба қудрат расид, ки бисёреҳо заҳмат кашида Тоҷикистонро ба истиқлол расонда буданд. Вазифаи ҳукумат ҳифзи ин истиқлол буд, ки на танҳо онро ҳифз накард, балки моро ба давраи истеъморгарӣ баргардонд.

Хитоб ба фейкҳо, чоплусҳо ва роботҳои ҳукумат: Аз ин пас, вақте дар бораи истиқлолият хостед сухан бигӯед, каме сабр кунед, тафаккур кунед, ин масъалаҳоро аз зеҳн гузаронед ва баъд лаб ба сухан кушоед.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайид Алиакбар Бурҳонов

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раъюл-явм: Номаи Синвор ҳикоят аз омодагии комил барои набард дорад
Ҳурмуз ва вазирони падар

Матолиби пурбоздид