Ифротгароии толибон дар Афғонистон ва авоқиби он

Таҳлили хабарӣ

Ифротгароии толибон дар Афғонистон ва авоқиби он

Нависанда: Фотима Наҷафӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳамроҳии бархе аз ҳампаймонони худ дар вокуниш ба ҳамалоти террористии 11-сентябри соли 2001, дар зоҳир бо ҳадафи сарнагунии толибон, ҷанги сахту сангинеро дар Афғонистон ба роҳ андохт.

Толибон он замон сарнагун шуд, аммо баъд аз 20 сол, ҳамзамон бо хуруҷи ишғолгарон (Амрико) бори дигар қудратро дар даст гирифт. Ҳарчанд ки дар ибтидои қудратгирии муҷаддади ин гурӯҳ, бархе бар ин бовар буданд, ки дар тафаккуроти толибон тағироти чашмгире рух додааст, аммо воқеият ин буд, ки инқилоб ва тағире дар онон шакл нагирифтааст, ба ҳамин ҷиҳат, бо зуҳури дубораи толибон, демукросӣ ҳаргиз дар ин кишвар ниҳодина нашуд ва озодиҳои нимбанди мавҷуд низ беш аз ҳар замони дигаре дар маърази осеб қарор гирифт.

Алорағми он ки ҳузури низомии хориҷӣ дар Афғонистон бо ҷангу куштор ҳамроҳ буд, вале дар заминаи фаъолияти расонаҳо дастовардҳое дошт, ки умед мерафт, идома ёбад, аммо билофосила, пас аз тасарруфи Кобул тавассути толибон, қавонини ҷадиде барои расонаҳо вазъ шуд, то ҷое ки шиканҷа ва боздошти рӯзноманигорон дар дастури кор қарор гирифт; ин дар ҳолест, ки толибон дар аввалин конфронси хабарии худ ваъдаи озодии расонаҳоро дода буд, аммо пас аз гузашти беш аз яку ним сол, нишоне аз нармиш дар мавзеи раҳбари ин гурӯҳ дида намешавад ва озодии расонаҳо ва талошҳо барои озодии баён дар ин кишвар нодида гирифта шудааст, то ҷое ки маҳдудиятҳои рӯзафзун алайҳи расонаҳо дар Афғонистон интиқодоти густардаеро низ дар саросари ҷаҳон дар пай доштааст.

Мавзӯи дигаре ки пардохтан ба он аҳамияти зиёде дорад, баҳси ҳуқуқи занон дар Афғонистон аст. Толибон аз замоне ки рӯи кор омад, иддао дошт, дар ҳоли талош барои муносибсозии маҳалли таҳсил барои духтарон ва занон аст, аммо то кунун бисёре аз занону духтарон, на танҳо аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум шудаанд, балки бахши умдае аз фурсатҳои дигари ҳузури худ дар иҷтимоъро низ аз даст додаанд, то ҷое ки фаромини маҳдудкунанде монанди мамнӯияти сафар бидуни як ҳамроҳи мард, манъи вуруд ба поркҳо ва марокизи тафреҳӣ ва мамнӯияти кор барои маъмуриятҳои Созмони Милал барои занони афғонистонӣ дар дастури кор қарор гирифтааст.

Эъмоли маҳдудиятҳо алайҳи расонаҳо ва нодида ангоштани ҳуқуқи занон ва бархе дигар аз мушкилоте, ки бо зуҳури толибон ба вуқуъ пайваст, боис шуд то бархе аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилал дар паи роҳкорҳое барои бурунрафт аз бӯҳрони ифротгароии ҳоким бар ҷомеаи Афғонистон бошанд ва ахиран низ иҷлоси Самарқанд бо ҳузури кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, шомили Эрон, Покистон, Туркманистон, Чин ва Узбекистон баргузор шуд то ин кишварҳо вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва таъсири он бар амнияти минтақаиро ба баҳс бигузоранд.

Бар асоси баёнияи поёнии ин иҷлос, ширкаткунандагон дар хусуси эҷоди як низоми ҳукмронии фарогир ва ҷомеъ дар Афғонистон, мубориза бо таҳдиди маводди мухаддир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон, аз ҷумла ҳуқуқи тамоми гурӯҳҳои қавмӣ, занон ва кудакон гуфтугӯ карданд.

Дар ин баёния, бар аҳамияти эҷоди як низоми ҳукмронии фарогир ва ҷомеъ дар Афғонистон, ки мунъакискунандаи манофеи ҳамаи ақшори ҷомеаи афғон аст, таъкид карданд. Вузарои умури хориҷаи ҳозир дар иҷлос ҳамчунин хотирнишон карданд, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ, Алқоида, Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Таҳрики толибони Покистон, Артиши озодибахши Балучистон, Ҷундуллоҳ, Ҷунбиши Ал-Адл, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҷунбиши исломии Узбекистон ва дигар созмонҳои террористии мустақар дар Афғонистон ҳамчунон таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон ба шумор мераванд. Онҳо ҳамчунин аз толибон хостанд, “ин ҳаққи баробарро барои тамоми шаҳрвандони Афғонистон фароҳам оваранд, то дар шууни сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он кишвар мушорикат кунанд”.

Дар чунин шароите Амрихони Муттақӣ, вазири умури хориҷаи толибон, ки дар ин иҷлос ҳузур дошт, бидуни ишора ба маҳдудиятҳои шомили маҳрумият аз кор ва таҳсил, ки толибон алайҳи занони афғонистонӣ эъмол кардаанд, изҳор дошт: Толибон ба унвони як ҳукумати масъулиятпазир омода аст то ба тааҳҳудоти худ амал кунад.

Муттақӣ ҳамчунин изофа кард, ки толибон мутааҳҳид аст, ба ҳеч гурӯҳ ё фарде иҷоза надиҳад, ки аз хоки Афғонистон барои иқдом алайҳи кишварҳои минтақа ё соири кишварҳо истифода кунанд. Вазири умури хориҷаи толибон муддаӣ шуд, аз беш аз бист моҳ қабл, ки толибон ба қудрат бозгаштааст, Афғонистон оромиш, сулҳ ва як давлати марказии муқтадир дорад, ки кишт ва тиҷорати маводди мухаддирро мамнӯъ карда ва омодаи ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақа аст. Толибон мӯътақид аст, масъалаи занон як масъалаи дохилӣ аст ва дигарон ҳаққи дахолат дар ин масъаларо надоранд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Густардагии забони форсӣ дар кишварҳои арабӣ
Забони модарӣ

Матолиби пурбоздид