Катибаҳо ва алвоҳи Тахти Ҷамшед
Нигоҳе ба таърих
“Бар асоси катибаҳои алвоҳи Тахти Ҷамшед ҷираи сафари коркунони Тахти Ҷамшед ба Шуш, Бобил ва соири манотиқи имперотурӣ низ мушаххас буд ва ҳатто ҷираи ғизои маркаб дар истабл ё ҳангоми сафар, дар алвоҳ омадааст.”
Алвоҳ ва катибаҳои ҳахоманишӣ, ки ахиран аз Омрико ба Эрон оварда шудаанд, иттилооти бисёр шигифтангезе дар бораи низоми идорӣ дар Имперотурии Ҳахоманишӣ ироа медиҳанд, аз ҷумла гузориши пардохт, ҷира ё дастмузд, подош, муҷаввизи сафар, гузориши сафари кормандон, гузориши умури муртабит бо ҷашнҳо, суратҳисоб, қимат, ҳукму иблоғ, расиди нақлу интиқоли искон, суратҳисоби ҷинсҳои анборшуда, расиди молиёт ва умури иҷтимоӣ ва зиндагии рӯзмарра, ва ҷолиб он ки тибқи ин катибаҳо, бонувони корманд дар Тахти Ҷамшед пас аз фарзанддор шудан подоши вежае дарёфт мекардаанд ва бонувон дар ин имперотурӣ нақши муҳимме дар иқтисоди он даврон доштаанд.
Ба гузориши Ирно, Марями Доро, устодёри Пажӯҳишкадаи забоншиносӣ, мутун ва катибаҳо, бо баёни ин ки алвоҳи ҳахоманишӣ (ки ахиран аз Омрико ба Эрон оварда шуданд) ҷузъиёти таърихи ин имперотуриро ҳатто дар бораи занон бозгӯ мекунанд, тасреҳ кард, ки модароне, ки дар Тахти Ҷамшед кор мекарданд, пас аз фарзанддор шудан подош мегирифтанд ва занон нақши муҳимме дар иқтисоди ин даврон доштанд.
Марями Доро, устодёри Пажӯҳишкадаи забоншиносӣ, мутун ва катибаҳо
Вай гуфт: “Алвоҳи ба даст омада дар Тахти Ҷамшед, ба забону хатти иломии ҳахоманишӣ, форсии бостон, оромӣ ва ҳатто фриҷӣ навишта шудаанд, ки бо вуҷуди кучак будани андоза, иттилооти бисёр арзишманде ироа мекунанд.”
Вай афзуд: “Ин иттилоот аз он рӯй аҳаммият доранд, ки бар хилофи катибаҳои шоҳии ҳахоманишӣ, ки дар онҳо аз сотропиҳо ва пирӯзиҳои шоҳон хабар дорем, дар ин алвоҳ аммо аз зиндагии рӯзмарраи коркунони Тахти Ҷамшед ва масоили молӣ ва идории имперотурӣ огоҳ мешавем.”
Ин забоншинос тасреҳ кард: “Ҳамчунин бар хилофи катибаҳои шоҳӣ, ки дар онҳо бузургнамоӣ барои пирӯз ҷилва додани шоҳон навишта мешуд, ин алвоҳ ҷузъиёти таърихи имперотуриро ҳатто дар бораи занон бозгӯ мекунанд.”
Бону Доро бо баёни ин ки бештари ин алвоҳ ба сурати тикка-тикка ё хурдшуда ба даст омадаанд, аммо шакли ин алвоҳ мутанаввеъ ва мутаносиб бо муҳтавои катибаи онҳост, гуфт: “Бештари ин алвоҳ шомили гузориши пардохтҳо дар як шаҳр ё маҳал ҳастанд.”
Ӯ баён кард: “Барчасбҳо дорои матни кӯтоҳу махрутишакл буданд ва ба колоҳо муттасил мешуданд ва номаҳо низ гоҳ пайнавишт доштанд, ки мушаххас мекард нависанда, баранда ва дарёфткунандаи нома кист, ва катибаи онҳо низ умдатан дар ҳамаи ваҷҳҳо ва ҳатто канораҳо низ навишта мешуданд.”
Устодёри Пажӯҳишкадаи забоншиносӣ, мутун ва катибаҳо, изҳор дошт: “Гузориши пардохт, ҷира ё дастмузд, подош, муҷаввизи сафар, гузориши сафари кормандон, нома, умури муртабит бо ҷашнҳо, суратҳисоб, қимат, ҳукму иблоғ, расиди нақлу интиқоли искон, суратҳисоби ҷинсҳои анборшуда, расиди молиёт ва умури иҷтимоӣ ва зиндагии рӯзмарра мавзӯъҳо ва умуре ҳастанд, ки дар алвоҳи Тахти Ҷамшед ба чашм мехӯранд.”
Вай изофа кард: “Иттилооти фаровоне дар бораи ҷузъиёти таърихи ҳахоманишӣ ироа мекунанд, ҳамчунин дар алвоҳи хазона оварда шуда, ки ин дастмузд гоҳ ба шакли нуқра пардохт мешуд.”
Ба гуфтаи ӯ, “дар Тахти Ҷамшед бештари алвоҳ шомили дастмузду ҷира, асноди идорӣ ва молӣ, молиёт, анбор кардани аҷнос, ҳамлу нақлу пардохтҳо мешаванд, ва дар воқеъ бо мутолеаи онҳо мушаххас мегардад, ки чӣ касе бо чӣ симате ба чӣ далел ба чӣ мизон аз чӣ ҷинсе ҷира ё дастмузд дарёфт мекардааст.”
Доро бо баёни ин ки колоҳое, ки ба шакли дастмузд ё подош пардохт мешуданд шомили маводди хом, ғалла (гандуму ҷав), анвоъи мева, равған, орд, нон ё ҳайвоноти аҳлӣ ҳамчун гову гӯсфанд буданд, гуфт: “Ин пардохтҳо рӯзона, моҳиёна ё солиёна пардохт мешуд.”
Ӯ тасреҳ кард: “Ҳатто модароне, ки дар Тахти Ҷамшед кор мекарданд пас аз фарзанддор шудан подош мегирифтанд, ки ин подош ба нисбати ҷинсияти писар ё духтар мутафовит буд.”
Ин забоншинос бо ишора ба ин ки алвоҳи ҳахоманишӣ дар маконҳои дигар монанди Балх ва Байнаннаҳрайн низ ба даст омадаанд, гуфт: “Мавзӯъҳои мутанаввеъе дар алвоҳи ҳахоманишии Ироқ (Байнаннаҳрайни бостон) зикр шуда, ки умдатан ба аккадӣ навишта шудааст.”
Ба гуфтаи вай, “дар Бобил алвоҳ шомили қарордоди хариду фурӯши замину хона, нома, суфта, вом, иҷора, гаравгузорӣ, молиёт, масоили марбут ба кохи шоҳӣ ва рафту омад ба Перспулис ва соири манотиқи имперотурӣ мешавад, ки дар онҳо номҳои форсӣ ва бобилии афрод низ оварда шудааст.”
Доро бо баёни ин ки дар Байнаннаҳрайн алвоҳ бештар марбут ба масоили молӣ ва иқтисодӣ ва умури роиҷи мардум аст, гуфт: “Дар тамоми алвоҳи ба даст омада аз муҳавватаҳои мухталифи ҳахоманишӣ машоғили он замон низ монанди наҷҷорӣ, филизгарӣ, ҳаҷҷорӣ, радаҳои мухталифи руҳониюн, ҳисобдорӣ, ошпазӣ ва меҳтарӣ оварда шудааст.”
Вай афзуд: “Бар асоси катибаҳои алвоҳи Тахти Ҷамшед ҷираи сафари коркунони Тахти Ҷамшед ба Шуш, Бобил ва соири манотиқи имперотурӣ низ мушаххас буд ва ҳатто ҷираи ғизои маркаб дар истабл ё ҳангоми сафар, дар алвоҳ омадааст.”
Ин пажӯҳишгар ва забоншинос хотирнишон кард: “Ҳамчунин ин катибаҳо кӯмак мекунанд, ки тақвими мавриди истифодаи ҳахоманишиён шомили номи моҳҳо (ба форсии бостон ва иломӣ) ва солҳоро бидонем, худоёне, ки парастиш мекардандро бишносем ва бо авзону мақодир ва номи маконҳо ва ашхос ошно шавем.”
Вай афзуд: “Ин алвоҳ гоҳ мамҳур (мӯҳрзада) мешуданд, ки барои ин кор аз мӯҳрҳои истомпӣ (штампӣ) ва устувонаӣ истифода мешуд ва гоҳ катибаи дорандаи мӯҳрро низ доштанд, ки ба анвоъи хаттҳои роиҷ дар Имперотурии Ҳахоманишӣ навишта мешуданд.”
Вай изҳор дошт: “Ҳатто занони дарборӣ низ мӯҳр доштанд ва дар умури иқтисодӣ ширкат мекарданд, ки бархе аз онҳоро ба кӯмаки ҳамин асари мӯҳрҳо мешиносем.”
Доро гуфт: “Бо қиёси алвоҳи Тахти Ҷамшед бо соири алвоҳи ҳахоманишӣ дар муҳавватаҳои дигар, танаввӯи мавзӯъҳо ва дар айни ҳол шабоҳати системи идорӣ дар сотропиҳои мухталиф мушаххас мешавад.”
Гуфтанист, алвоҳи ҳахоманишӣ дар пайи талошҳо ва ройзаниҳои байналмилалӣ аз сӯи дастгоҳҳои мухталифи Ҷумҳурии Исломии Эрон, баъд аз 84 сол ба Эрон бозгашт ва ба Музеи миллии Эрон мунтақил шуд.
Ин алвоҳи таърихӣ, ки бахши кучаке аз осори боқимонда дар Муассисаи шарқшиносии Шикогуи Омрикост, дар интиҳои солуни бахши Эрони бостон дар толори ҳахоманишии Музеи Миллии Эрон ба намоиш даромадааст.
Қаламонлайн