Китоби “Шифо”-и Бӯалӣ чӣ китобе аст?

Таърих
Китоби “Шифо”-и Бӯалӣ чӣ китобе аст?
Муаррифии китоб
Китоби “Шифо” як асари фалсафӣ аст. Ин китоб шомили мантиқ, табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт мебошад.
1) Бахши мантиқ шомили 9 фанн аст:
– Мадхал;
– Мақулот;
– Иборат;
– Қиёс;
– Бурҳон;
– Ҷадал;
– Сафсата;
– Хитоба;
– Шеър.
2) Бахши табииёт шомили 8 фанн аст:
– Самоъи табиӣ;
– Само ва олам;
– Кавн ва фасод;
– Афъол ва инфиъолот;
– Маъодин;
– Нафс;
– Набот;
– Ҳайвон.
3) Бахши риёзиёт шомили чаҳор фанн мебошад:
– Ҳандаса (геометрия);
– Ҳисоб (математика);
– Мусиқӣ;
– Ҳайъат.
4) Бахши илоҳиёт шомили як фанн аст.
Ин фанн шомили 10 мақола аст. Матолиби мақолоти 10-гонаи илоҳиёт ба шарҳи зер аст:
– Мақолаи аввал шомили 8 фасл аст (мавзӯъ ва мартиба ва манфиати фалсафаи уло, иъодаи маъдум, хавосси воҷиб ва мумкин, тавҳид ва ибтоли сафсата);
– Мақолаи дуввум шомили 4 фасл аст (ҷавҳар ва ақсоми он, аҷзоъи ҷисм, ибтоли ҷузъи лоятаҷаззо, исботи ҳаюло, равобити ҳаюло ва сурат);
– Мақолаи севвум шомили 10 фасл аст (аъроз, ваҳдат ва ақсомаш, мақодир ва аъдод, тақобулҳои чаҳоргона, илм, кайфиятҳои мухтасс ба каммият, исботи доира ва изофа);
– Мақолаи чаҳорум шомили 3 фасл аст (тақаддум ва ақсоми он, қудрат, масбуқияти ҳодис ба модда, шарр, томм ва ноқис);
– Мақолаи панҷум шомили 9 фасл аст (куллӣ ва наҳваи вуҷуди он, фарқи ҷинсу модда, навъ, фасл, ҳадд ва маҳдуд);
– Мақолаи шашум шомили 5 фасл аст (иллатҳои чаҳоргона, равобит байни иллат ва маълул, ғоят ва посухи шубаҳоти перомуни он);
– Мақолаи ҳафтум шомили 3 фасл аст (лавоҳиқи ваҳдат ва касрат, ибтоли мисл ва таълимиёт);
– Мақолаи ҳаштум шомили 7 фасл аст (ибтоли тасалсул, исботи воҷиб таъоло, ваҳдати воҷиб таъоло, нафйи моҳият аз воҷиб таъоло, илми воҷиб таъоло, ошиқият ва маъшуқияти воҷиб таъоло);
– Мақолаи нӯҳум шомили 7 фасл аст (қадим будани олам, нафси фалакӣ, тартиби ъуқул ва нуфус, такаввун, духули шарр дар қазои илоҳӣ, маъод);
– Мақолаи даҳум шомили 5 фасл аст (қавси нузул ва суъуд, нубувват, ибодат, тадбири мадина (ҷомеа) ва хона, имомат).
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи ахлоқ – IX
Мақоми Модар дар каломи нуронии Паёмбар

Матолиби пурбоздид