Китоби ҷадиди Холиқназар Ҷумъаев аз чоп баромад
Муаррифии китоб
“Ашкҳои зери борон”, китоби сеюми Холиқназар Ҷумъаев аст, ки ба тозагӣ аз чоп баромадааст. Ин китоб, дар мавзӯи муҳоҷират буда, дар он ҳафт достони детективии нависанда гирдоварӣ шудааст.
Инчунин “Орзуҳои хокистаршуда”, “Бозгашт аз он дунё”, “Доми фиреб”, “Рӯзи сиёҳи муҳоҷир”, “Қафас” ва “Даҳшат дар таҳхона” аз достонҳои дигаре мебошанд, ки нависанда дар ин китоб овардааст.
Муаллиф дар китоби «Ашкҳои зери борон» аз дарду ранҷ ва доғҳое ҳикоят мекунад, ки бе оби чашм хондани он хеле душвор аст. Саргузаштҳои талху зиндагии тоқатфарсо, иҷрои корҳои вазнину фиребхӯриҳо, афюнфурӯшиву маҳбасҳо, ба доми фиреб афтодану муҷозот шуданҳо, муносибати хушунатомези миллатчиёну скинхедҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва даҳҳо мушкилоти дигаре, ки ҳамсафари ҳамватанони мо дар диёри ғурбат мебошанд, дар ин китоб баён шудаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн