Кобусе бо номи колхоз

Таърих

Кобусе бо номи колхоз

 Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон

Сайфулло Муллоҷон

Заминаҳои баргузории дигаргуниҳо дар самти кишоварзӣ

Дувумин барномаи ҳизби болшевикӣ пас аз санотишавӣ (идустриализатсия) бунёди сохти колхозӣ (коллективизатсия) буд. Анҷумани XIV-уми ҳизбро болшевикон анҷумани саноатишавӣ (соли 1925) ва анҷумани XV-ро анҷумани колхозӣ (1927) номидаанд. Ин ду барнома симои давлати Шӯравиро дигаргун карда, аз муҳимтарин мушаххасоти иқтисодии ин давлат шумурда мешаванд. Тоҷикистони Шӯравӣ бахше аз ин давлат буда, дар тасмимгириҳои бунёдии ҳизб ва давлати марказӣ нақше надошт ва ҳар қароре, ки дар марказ қабул мегардид, бечуну чаро ва камиву костӣ иҷро мешуд. Бештари раҳбарони ин давраи Тоҷикистон пас аз анҷоми ин барнома ё барканор ё кушта шуданд.

Дар инқилоби соли 1917-и Русия масъалаи замин яке аз мушкилот буд, ки бояд ҳаллу фасл мегашт. Ба ҳамин манзур Ленин ду декрет (фармон) содир кард. Якумӣ дар бораи сулҳ ва хориҷ шудан аз ҷанги ҷаҳонии аввал буд, ки ба болшевикон фурсати қомат рост кардан дод. Дигар фармон, бо номи декрети замин машҳур аст, ки заминро моликияти халқ (дурусташ давлат) эълон карду хариду фурӯши онро мамнуъ сохт. Болшевикон бо сармоядорӣ, моликияти шахсӣ ва ҳар гуна чизи ба он монанд мухолиф буданду мубориза мекарданд.

Иқдоми бошевикон дар масъалаи кишоварзӣ ва колхозӣ шудани бахши кишоварзӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ дошт, ки муҳимтаринаш инҳоянд:

  1. Солҳои 1926 ва 1927 кишоварзони давлати Шӯравӣ ҳосили хуб руёнданд, вале кишоварзон ин ҳосилро бо нархе ки давлат мехост намефурӯхтанд, чун саноати қафомондаи Шӯравӣ наметавонист чизе ба онҳо диҳад. Ба ҳамин хотир, ҳосилро нигоҳ медоштанд, ки сабаби гаронии қиммати нон дар шаҳрҳо гарид.
  2. Давлати Шӯравӣ ба пойгоҳе барои бунёди саноат ниёз дошт. Ҳукумати болшевикӣ мехост барои бунёди саноат аз маблағҳои бахши кишоварзие, ки дар ихтиёри давлат бошад, истифода кунад. Ҳамин тавр давлат, бо фурӯхтани маводи кишоварзӣ (гандум ва маводи зироатӣ) аз хориҷ барои саноати худ техника ворид мекунад.

3.Ниёзи саноат ба неруи корӣ буд ва қисме аз кишоварзон бояд ба шаҳр меомаданду неруи арзони корӣ дар шаҳрро фароҳам меоварданд. Чун воридшавии техника ҷойи одамҳоро мегирифт ва аз ин ҳисоб мардумоне ба шаҳрҳо сарозер мегаштанд.

  1. Давлати Шӯравӣ ин эҳтимолро мезад, ки ҷанги наве ҷаҳонро дар пеш аст. Давлат мехост ҳувияи миллӣ-давлатиеро дар миёни мардумони худ падид оварад. Чун кишоварзи шӯравӣ то ин дам аз зовияи манфиату ҷаҳонбинии худ ба дунё менигарист.
  2. Болшевикон ҳукуматро ғасб ва фаъъолияти ҳамаи аҳзоби сиёсиро дар қаламрави худ мамнуъ карда, мехостанд қудратро бо дасту дандон нигоҳ доранд. Барои ҳамин кишоварзонро мутеъи худ сохтанд.

Ҳамин тавр, авомили зикршуда заминае гардид, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи колхозӣ кардани деҳот пиёда шуд.

 

Вижагиҳои бунёди сохти колхозӣ дар Тоҷикистон

Соли 1928 муқаддимаи бунёди колхозҳо шумурда мешавад. Давлат ба кишоварзон додани имтиёзро шуруъ кард. Чизи аз ҳама ҷолиб ва судмани ин тадбир бунёди пойгоҳҳои мошинолоту техника буд, ки бо номи МТС машҳуранд. Зеро қарор буд, акнун “аспҳои оҳанин” ё тракторҳо заминро шухм зананду кори инсонро осон созанд. Тоҷикистон дар соли дувуми пиёдасозии сохти колхозӣ (1929) ба ҷумҳурии шӯравӣ табдил ёфт.  Аммо заминаҳои ин корро каме барвақттар оғоз кард. Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон, соли 1926 декрети Ленин дар бораи заминро асос карда, манъи хариду фурӯши заминро қонунӣ сохт.

Колхозӣ шудани Тоҷикистон вижагиҳои худро дошт. Аз вижагиҳои муҳимми бунёди колхозҳо дар Тоҷикистон ин буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаракати муқовимат дар қаламрави Шӯравӣ соли 1922 ба поён расид, вале дар Тоҷикистон то ибтидои солҳои 30-ум идома ёфт, ки гузарондани ҳар гуна маъракаеро душвор месохт.

Дигар вижагии Тоҷикистон он буд, ки дар давоми панҷоҳ соли охир бахше аз Тоҷикистони Шимолӣ дар таркиби империяи Русия (ва панҷ сол дар ҳайати Узбекистон) буду қисмати бақия дар итоаи иморати Бухоро, ки сатҳи тараққиёту низомҳои гуногун доштанд.

Савум, дар Тоҷикистони Шимолӣ қабл аз колхозӣ шудан, қисман ислоҳоти обу замин гузаронда шуд, вале дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ ин ҳолат шуруъ нагашт. Дар бештари қисматҳои Тоҷикистон бунёди колхоз ҳамзамон бо мусодираи замину амволи сарватмандон оғоз шуд, ки муҷиби эътирозу норозияти бештари мардум гардид.

Чорум вижагии сохти колхозии Тоҷикистон маҳдуд будани имконоти техникии минтақа ва нисбат ба Русияву гӯшаҳои дигар бештар дар шакли рафоқатҳои коркарди замин (ТОЗ) ва артелҳо фаъолият кардани онҳо буд.

Аз дигар вижагиҳои Тоҷикистон он буд, ки мардуми тоҷик ба амволи хусусӣ, ки замин низ қаблан ба он шомил мешуд, ва заминҳои муассисаҳои динӣ (вақф), эҳтиром қоил буда, дар заминҳои сарватмандону муассисаҳои динӣ (масҷиду мадраса), ки Ҳукумати Шӯравӣ зӯран мусодира карда буд, кор кардану аз маҳсули он истифода карданро нораво медонистанд. Мисолҳое мавҷуд аст ки ҳатто дар солҳои 70-80-уми асри ХХ, ки аз бунёди колхозҳо панҷоҳ сол мегузашт, аз баъзе заминҳо мардум хасе барнамедоштанд.

Охирин вижагии сохти колхозӣ дар Тоҷикистон он буд, ки агар дар Шӯравӣ он соли 1932 ба анҷом расида бошад, дар Тоҷикистон то соли 1937 идома ёфт.

Дар маҷмуъ, шиорҳои мардумии инқилоби болшевикӣ миёни аҳолии шаҳру деҳот ҳамовозии гарму ҷушон пайдо кард. Зеро то инқилоб на мардуми рус ҳолати хуб доштанд, на тоҷикону дигар халқҳои Осиёи Миёна дар рифоҳу шодмонӣ мезистанд. Аммо гузашти замон нишон дод, ки дар маслаки болшевизм аз шиор то амал фосилаи зиёд аст.

Сиёсати барномарезишудаи колхозӣ ва пуштибонии молиявии давлат аз он дар ду заминаи дигар корсозу созанда буд. Яке беҳтар гаштани низоми обёрӣ ва дигар бештар шудани заминҳои кишт (махсусан пахта) мебошад. Бузургтарин сохтмони солҳои сиюм ва давраи колхозӣ кандани канали Вахш аст, ки шона ба шонаи тоҷикон намояндагони дигар халқу миллатҳо низ дар кори он саҳми муносиб гузоштанд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

CNN: Русия хуруҷ аз Сурияро оғоз кард
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия: ДОИШ 52 низомӣ ва 18 ғайринизомиро дар саҳрои Сурия ба қатл расонд

Матолиби пурбоздид