Кобусе бо номи колхоз – 2

Таърих

Кобусе бо номи колхоз – 2

Бахши дуввум

Сайфулло Муллоҷон

 Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон

Раванди саросарии колхозӣ

Дар Тоҷикистону дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пас аз соли 1930  ба колхозҳо ворид кардани кишоварзон бо шиддату хушунати бесобиқа ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ибтидои ҳамон сол қарори махсуси Ҳукумати Шӯравӣ ба тасвиб расид. Раванди маҷбурии узвият ба колхоз ва мусодараи замину амволи мардум дар саросари қаламрави Шӯравӣ муҷиби эътирозу норозигӣ ва ҳатто муқовимати мардум шуд. Ин ҳолат режимро тарсонд.

Садои эътирози мардум ба гӯши “доҳӣ” низ расид. Каҷравӣ ба андозае шуд, ки 2 марти соли 1930 Иосиф Сталин мақолае таҳти унвони “Фориғболӣ аз комёбиҳо”-ро нашр кард ва тамоми масъулияти ошубҳоро ба дӯши кормандони маҳаллӣ вогузошт. Дар ин мақола ба “каҷравиҳову ифрот” дар Осиёи Миёна низ ишора шуд. Чанд рӯз пас қарори вижаи кумитаи марказии ҳизб ба тасвиб расид, ки бар асоси он комиссияе таъсис ёфт, ки каме нармиш дар ин самтро зарур донист. Чун нисфи кормандони масъули умури колхоз кушта шуданд. Аҷиб он аст, ки ҳар қароре ки дар бораи суръати колхозӣ шудан ба тасвиб мерасид, омили нооромиву бесуботии бештар мегашт. Зеро иҷрокунандагони дастурҳои ҳизби болшевикӣ мардуме ғолибан нохондаву ифротӣ буданд ва ҳадду марзе дар амалкарди худ намешинохтанд.

Дар чанд моҳ садҳо колхозу комуннаҳое, ки ба таври маснуъӣ бунёд ёфта буданд, пош хӯрданд. Дар ин мақолаи Сталин инчунин таъкид ва ғайримустақим тавсия мешуд, ки ҳар кас мехоҳад колхозро тарк кунад. Аммо замину чорвои худро дигар наметавонист аз колхоз бозпас гирад. Хатои дигар дар ҷараёни ба сохти колхозӣ гузаштани кишоварзии Тоҷикистон он буд, ки маъмурони мо мехостанд, қафомонӣ дар барпоии сохти колхозӣ нисбат ба дигар қисматҳои давлати Шӯравиро дар муддати кӯтоҳ бартараф кунанд, ки он паёмадҳои ногувор дошта, дасту дили мардумро аз Ҳукумати Шӯро ва тадибрҳои он сард мекард.

Дар тобистони ин сол мардум ба таври оммавӣ колхозро тарк карданд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакат, дар давоми чанд рӯз колхозҳои навтаъсис барҳам хӯрданд, чун мардум медиданд, ки ба таври инфиродӣ кор кардану зистан беҳтар аст. Дар Кӯлобу Қӯрғонтеппаву Ҳисор низ ҳамин ҳолат ва барҳамхӯрии колхозҳо дар соли 1930 мушоҳида гардид. Дар Ӯротеппа (Истаравшан) мувофиқи омори расмии Шӯравӣ аз 2 ҳазор хонаводае, ки узви колхоз шуданд, дар чанд рӯз 1759 хонавода аз сафи колхоз хориҷ гаштанд. Мардуми раҳошуда гумон карданд, ки бо ҳамин сохти колхозӣ шикаст хӯрдаву ҳукумат дигар онро дунбол намекунад. Хонаводаҳое, ки ба таври инфиродӣ кор мекарданд каме осуда шуданд, вале ин тӯфоне пеш аз оромӣ буд.

Зеро дар ҳамин мақола Сталин гузаштан ба колхоз ва “дигаргунии кулли деҳот ба самти сотсиализмро бебаҳсу тамомшуда” номид. Тасмим қатъӣ буд ва чуну чаро алайҳи колхоз дар байни мардум дигар як кори беҳуда ва талафи вақт буд. Аммо ин воқеиятро қисмати хеле ками мардум, аз ҷумла табақаи нисбатан сарватманду миёнаи тоҷикон дарк карданд. Ин тадбирҳои кас надидаву нашунида дар ҳеч рӯзгор мардумонро ҳайратзада мекард. Ба дунболи нашри ин мақола Ҳукумати Шӯравӣ бо қабули чанд қарору дастур “ҷомаро чаппа пӯшида”дар роҳи колхозӣ шудан сиёсати шадиди фишору таъқибро пеш гирифт. Он даста аз хориҷшудагон аз колхоз ё бақияеро ки ҳанӯз кишоварзии инфиродиро пеша карда буданд, бо роҳи дигар ба зону даровард. Аз ҷумла, барои ҳавасандӣ колхозҳои Тоҷикистон аз молиёт озод, вале инфиродиҳо молиёти дучанд баста шуданд. Давлат ба инфиродиҳо ба ин васила фаҳмонд, ки роҳе ҷуз пайвастан ба колхозро надоранд. Ба инфиродиҳо ҳатто заминҳои начандон хубу ҳосилхез дода мешуд, то аз кори инфиродӣ даст кашанду ба колхоз бипайванданд.

Муқоисаи асноди бойгонии колхозҳо, гузоришҳои ба дастгоҳи марказии ҳизб расида ва шаҳодати чандин узви колхозҳо дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, ки банда шунидаам, нишон медиҳад, ки фишору таъқиб ба авҷ мерасад. Ҳамин тавр, ба таври иҷборӣ соли 1931 41 % хоҷагиҳои инфиродии Тоҷикистон ба колхоз ҷалб шуданд. Ноҳияҳои Нов, Қубодиён, Шаҳринав, Арал ва Конибодом дар сохти колхозӣ пешгом буданд ва асосан ба кишти пахта ихтисос дода мешуданд.

Таъсиси марказҳои техникӣ (МТС) дар Тоҷикистон соли 1929 бо овардани 41 трактор шуруъ шуда, соли 1932 теъдоди “аспҳои оҳанин” ба 1284 расид. Муҳимтарин таҳаввули деҳоти тоҷик истифодаи трактор буд, ки воқеан ба дастёри кишоварзон мубаддал гардид.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гулрухсор
Таҷовузи Омрико ва Англия ба Яман

Матолиби пурбоздид