Коҳиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон
Ахбори иқтисодӣ
Коҳиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон дар чаҳор моҳаи нахусти соли 2023.
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар чаҳор моҳаи нахусти соли ҷорӣ, беш аз 2,1 миллард доллар баровард шудааст, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли 2022, маблағи 67,2 миллион доллар камтар мебошад.
Муҳимтарин шарики тиҷории кишвар, ҳамчунон Русия аст.
Дар ин 4 моҳ, ду кишвар ба маблағи беш аз 512 миллион доллар доду гирифт доштаанд.
Баъд аз Русия, Чин бо 458 миллион доллар, Қазоқистон бо 319 миллион доллар, Узбекистон бо 130 миллион доллар ва Туркия бо 125 миллион доллар шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн