Кӯдаки боназми ман
Чӣ гуна кӯдакамро ба назм одат бидиҳам?
Назм аз муҳимтарин маҳорат дар зиндагии ҳар инсон аст.
Омӯзиши назм ба кӯдакон кори осоне нест, аммо агар мо ба аҳамияти масъала таваҷҷӯҳ дошта бошем ва ҳиммат намоем, ин масъала барои кӯдакон қобили омӯзиш ва ёдгирӣ хоҳад буд.
Одатан ҳамаи бачаҳо анбӯҳе аз васоили бозӣ ва бозичаҳои гуногун доранд. Дастабандӣ ва мураттаб кардани васоил ва бозичаҳоро ба худашон биспоред ва онҳоро ташвиқ кунед, то васоили қадимиашонро ба дигарон бидиҳанд.
Метавонед сандуқҳои гунгорангу зебое барои онҳо омода кунед то барои мураттаб кардани бозичаҳояшон дар он, ташвиқ шаванд.
Ёд додани маҳоратҳои муҳимми зиндагӣ ба фарзандон
Инсон ҳар шуғле, ки дошта бошад, бояд битавонад корҳои худ ва хонаашро анҷом диҳад ва кӯакон ҳам аз ин қоида берун нестанд…
Бинобар ҳамин, метавонед дар анҷоми корҳои хонадорӣ, корҳои осонтару сабуктар, мисли мураттаб кардани хона, ҷамъ кардани суфраи таом, аз кӯдакон кӯмак бигиред ва ё аз онҳо бихоҳед либосҳояшонро дар ҷои худаш қарор диҳанд.
Дар ҳангоми харид кардан кӯдаконро низ бо худатон бибаред ва онҳоро бо маводди хӯрокӣ ва масоили иқтисодии марбут ба хонавода ошно кунед.
Бо ёдгирии тадриҷии корҳои хона, кӯдакон дар бузургсолӣ ба хубӣ метавонанд аз ӯҳдаи корҳои шахсии хонаашон бароянд.
Қаламонлайн