Лути фардо аз куҷо созам талаб…

Адаб

Лути фардо аз куҷо созам талаб…

Ҷазирае буд сарсабзу пуралаф, ки гове дар он зиндагӣ мекард. Ҳар рӯз аз субҳ то шаб алафи саҳроро мехӯрд ва чоқу фарбеҳ мешуд. Ҳангоми шаб, ки вақти истироҳат аст, яксара дар ғами фардо буд, ки оё фардо чизе барои хӯрдан пайдо хоҳам кард?

Гов аз ин ғусса то субҳ ранҷ мебурд ва намехобид ва мисли мӯй лоғар ва борик мешуд. Субҳ, ки саҳро сабзу хуррам ва аз алафҳо пур ва то камари гов мерасид, дубора бо иштиҳо ба чаридан машғул ва то шаб мехӯрд ва чоқу фарбеҳ мешуд. Аммо боз шабонгоҳ аз тарси ин ки фардо алаф барои хӯрдан пайдо мекунад ё на, лоғар ва борик мешуд.

Солиёни сол кори гов ҳамин буд. Аммо ӯ ҳеч вақт бо худ фикр намекард, ки ман солҳост аз ин алафзор мехӯрам ва алаф ҳамеша ҳаст ва тамом намешавад, пас чаро ғамнок бошам?!

Як ҷазирай сабз ҳаст андар ҷаҳон,

Андар ӯ говест танҳо хушдаҳон.

Ҷумла саҳроро чарад ӯ то ба шаб,

То шавад зафту азиму мунтаҷаб.

Шаб зи андеша, ки фардо чӣ х(в)арам?

Гардад ӯ чун тори мӯ лоғар зи ғам.

Чун барояд субҳ, гардад сабз дашт,

То миён руста қасили сабзу кашт.

Андарафтад гов бо ҷуъулбақар,

То ба шаб онро чарад ӯ сар ба сар.

Боз зафту фарбеҳу ламтур шавад,

Он танаш аз пиҳу қувват пур шавад.

Боз шаб андар таб афтад аз фазаъ,

То шавад лоғар зи хавфи мунтаҷаъ.

Ки чӣ хоҳам хӯрд фардо вақти х(в)ар?

Солҳо ин аст кори он бақар.

Ҳеч нандешад, ки чандин сол ман

Мехӯрам з-ин сабзазору з-ин чаман.

Ҳеч рӯзе кам наёмад рӯзиам,

Чист ин тарсу ғаму дилсӯзиам?

Боз чун шаб мешавад, он гови зафт

Мешавад лоғар, ки о ваҳ! Ризқ рафт.

***

Паёме, ки Мавлоно Балхӣ мехоҳад бо ин ҳикоят бароямон бирасонад ин аст:

Нафс он гов асту он дашт ин ҷаҳон,

К-ӯ ҳаме лоғар шавад аз хавфи нон.

Ки чӣ хоҳам хӯрд мустақбал? Аҷаб!

Лути фардо аз куҷо созам талаб?

Солҳо хӯрдиву кам н-омад зи х(в)ар,

Тарси мустақбал куну мозӣ нигар.

Луту пути хӯрдаро ҳам ёд ор,

Мангар андар ғобиру кам бош зор.

(Манбаъ: kemya.org)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сервери марказии қатори “Исроил” ҳак шудааст
Изҳори хушҳолии мардуми Афғонистон аз пирӯзии миллипӯшони Эрон дар бозии футбол

Матолиби пурбоздид