Мавлоно ва мо 

Мавлоно ва мо 
Тафриқа афкан ва ҳукумат кун!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Аз замони Мавлоно то ба имрӯз ҳудуди 7 қарн, яъне 700 сол мегузарад. Замоне ки ӯ Маснавиро эҷод кард, шояд ба ин умед онро эҷод карда буда, ки лоақал пас аз 100 ё 200 сол ҳарфҳо ва пандҳо ва дарди дилҳои ӯро башар бахусус ҳаммиҳанон ва ҳамойинҳояш бифаҳманд ва дарк кунанд. Аммо ҳайҳот! Пас аз 700 сол ҳам даркаш накарданд.
Дар пойин достонеро аз Маснавӣ меоварам. Азизон бо диққат бихонанд. Ба назари шумо, Мавлоно бо овардани ин достон чӣ паёмеро мехоҳад ба мову шумо бирасонад?!
Ба назари шумо, пас аз 700 сол, ба умқи ин достон ва паёми он, оё мо имрӯзиҳо, пай бурдаем?!
Лутфан, бо диққат ва тааммул бихонед!
* * *
Рӯзе се дӯст ва рафиқи мусалмон, ки ҳар як гаройише хосс ва мутафовит доштанд – яке фақеҳ, дигаре шариф (яъне сайид ва аз авлоди Паёмбари Акрам (с)) ва севвуме сӯфӣ – вориди боғе мешаванд ва бо ҳам дар он боғ нишаста саргарми гуфтугӯ мегарданд. Боғбон, ки намедонист онҳо бо чӣ ангезае вориди боғ шудаанд, ин пиндор бар ӯ чира мегардад, ки накунад барои дуздӣ ин ҷо омада бошанд ва аз ин рӯ пеши худ мегӯяд, ҳол бояд коре бикунам ва ин се нафарро аз байн бибарам, аммо чун бо ҳам ҳастанд, ман наметавонам ба танҳоӣ бо онҳо муқобила кунам:
Боғбоне чун назар дар боғ кард,
Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.
Як фақеҳу як шарифу сӯфие,
Ҳар яке шӯхе, баде, лоюфие. (1)
Гуфт: бо инҳо маро сад ҳуҷҷат аст,
Лек ҷамъанду ҷамоат қувват аст.
Барнаёям як тана бо се нафар,
Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар.
Ҳар якеро з-он дигар танҳо кунам,
Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам.
Яъне инҳо ҷамъ ва бо ҳаманд ва ман ба танҳоӣ наметавонам аз паси инон бароям, аз ин рӯ, бояд ин се нафарро аз якдигар ҷудо кунам ва чун ҳар як танҳо шуд, сабили ӯро меканам.
Ҳила карду кард сӯфиро ба роҳ,
То кунад ёрон-шро бо ӯ табоҳ.
Гуфт сӯфиро: бирав сӯйи висоқ, (2)
Як гилем овар барои ин рифоқ. (3)
Яъне боғбон найранге ба кор баст ва сӯфиро ба роҳе равона кард, то назари руфақоро нисбат ба ӯ тираву табоҳ созад. Бинобар ин, ба сӯфӣ гуфт, бирав ба утоқ ва барои ин ду дӯстонат як гилем бардор ва биёвар.
Рафт сӯфӣ, гуфт хилват бо ду ёр:
Ту фақеҳӣ в-ин шарифи номдор.
Мо ба фатвои ту ноне мех(в)арем,
Мо ба парри дониши ту мепарем.
В-ин дигар шаҳзодаву султони мост,
Саййид аст, аз хонадони Мустафост.
Кист он сӯфӣ, шикамхори хасис,
То бувад бо чун шумо шоҳон ҷалис?
Яъне вақте сӯфӣ ба дунболи гилем рафт, боғбон аз набуди сӯфӣ истифода кард ва ба он ду нафар гуфт: ту як фақеҳӣ ва ин ҳам як сайиди номовар. Мо ба баракати фатвоҳои дурусти ту нон мехӯрем, яъне зиндагии худро ба осудагӣ сипарӣ мекунем ва ба василаи пару поли дониши ту парвоз мекунам. Ва ин яке низ, ки шоҳзода ва подшоҳи мост, сайиде аз хонадони ҳазрати Мустафо (с) аст. Он сӯфии шикампарасти фурӯмоя кист, ки бо шумо шоҳони ҳақиқӣ ҳамнишинӣ кунад?
Чун биёяд, мар варо пунба кунед,
Ҳафтае бар боғу доғи ман занед.
Боғ чӣ бвад? Ҷони ман, они шумост,
Эй шумо буда маро чун чашми рост.
Боғбон идома дод ва гуфт: ҳамин ки сӯфӣ ин ҷо омад, бигиред ва он қадр бизанедаш, ки монанди пахта шавад. Он вақт ба подоши ин кор, як ҳафта дар боғу бӯстони ман хуш гардиш кунед. Боғ чӣ арзише дорад? Ҷонам азони шумост, эй шумое, ки барои ман монанди чашми рост азизу арзишманд ҳастед!
Васваса карду мар эшонро фирефт,
Оҳ, к-аз ёрон намебояд шикефт.
Чун ба раҳ карданд сӯфирову рафт,
Хасм шуд андар паяш бо чӯби зафт.
Гуфт: эй саг, сӯфие бошад, ки тез (4)
Андароӣ боғи мо ту аз ситез?
Ин Ҷунайдат раҳнамуду Боязид?
Аз кадомин шайху пират ин расид?
Кӯфт сӯфиро, чу танҳо ёфташ,
Нимкушташ карду сар бишкофташ.
Гуфт сӯфӣ: они ман бигзашт, лек
Эй рафиқон, поси худ доред нек.
Мар маро ағёр донистед, ҳон?
Нестам ағёртар з-ин қалтабон. (5)
Ин чи ман хӯрдам, шуморо хӯрданист
В-ин чунин шарбат ҷазои ҳар данист.
Ин ҷаҳон кӯҳ асту гуфтугӯйи ту
Аз садо ҳам бозояд сӯйи ту.
Яъне боғбон найранг ба кор гирифт ва он қадр он ду (фақеҳ ва сайид)-ро васваса кард, ки гӯли ҳарфҳояшро хӯрданд. Оҳ, ки набояд ва нашояд ҷудоӣ аз дӯстонро сабр кард. Ҳамин ки фақеҳ ва сайид сӯфиро роҳӣ карданд ва аз худ ҷудо намуданд, душман (боғбон) чӯбе бузург гирифт ва ба дунболи сӯфӣ рафт ва он гоҳ ба вай гуфт: эй саг! Оё тасаввуф ҳамин аст, ки бе иҷоза ба боғи мо ворид шавӣ? Ин роҳро Ҷунайд (аз сӯфиёни бузурги таърих) ба ту нишон дода ва ё Боязид (яке дигар аз сӯфиёни бузург)? Ин одати зишт аз кадом шайх ва пири тариқат ба ту расидааст?
Ва он гоҳ боғбон сӯфиро сахт кӯбид; ба тавре ки ӯро нимаҷон кард ва сару каллашро шикаст. Сӯфӣ дар он ҳоли зор бо худ гуфт: навбати ман, ки гузашт, вале эй дӯстон, хуб мувозиби худ бошед. Шумо воқеан маро бегона пиндоштед, вале ман ҳар кӣ бошам, бегонатар аз ин даюс нестам. Ин кутаке, ки ман хӯрдам, шумо низ ҳатман хоҳед хӯрд ва ин гуна шарбат, подоши ҳар фурӯмояе аст. Ин ҷаҳон ҳамонанди кӯҳ аст ва гуфтугӯи ту дар он, бар асари танину инъикоси савт ба сӯи худат бозмегардад.
Чун зи сӯфӣ гашт фориғ боғбон,
Як баҳона кард з-он пас ҷинси он.
К-эй шарифи ман, бирав сӯйи висоқ,
Ки зи баҳри чошт пухтам ман руқоқ. (6)
Бар дари хона бигӯ қаймозро,
То биёрад он руқоқу қозро.
Яъне ҳамин ки боғбон хиёлаш аз ҷониби сӯфӣ роҳат шуд, баҳонаи дигаре аз ҳамон навъ тарошид ва ба сайид гуфт: эй сайиди бузургворам! Бирав ба тарафи утоқ, ки ман барои чошт қадре нони нозук пухтаам. Бирав, дар хона ба навкарам Қимоз (номи навкар) бигӯ, то он нони нозук ва мурғобиро биёварад.
Чун ба раҳ кардаш, бигуфт: эй тезбин,
Ту фақеҳӣ, зоҳир аст ину яқин.
Ӯ шарифӣ мекунад даъвои сард,
Модари ӯро кӣ медонад то кӣ кард?
Бар зану бар феъли зан дил мениҳед?
Ақли ноқис в-онгаҳоне эътимед?
Хештанро бар Аливу бар Набӣ
Бастааст андар замона бас ғабӣ. (7)
Яъне боғбон ҳамин ки сайидро роҳӣ кард, ба фақеҳ гуфт: эй одами борикбин! Ин мусаллам ва возеҳ аст, ки ту як фақеҳӣ. Ин сайид, ки иддаои номаъқуле мекунад ва мегӯяд, ман авлоди паёмбарам, аз куҷо медонад, ки чӣ одаме бо модари ӯ омезиш кардааст? Оё шумо бар зану кирдори зан дил мебандед? Оё метавон ба ақли ноқиси ӯ эътимод кард? Бисёре аз аблаҳон дар рӯзгори мо худро ба ҳазрати Алӣ ва Паёмбар нисбат медиҳанд.
Ҳар кӣ бошад аз зинову зониён,
Ин барад зан(н) дар ҳақи раббониён.
Ҳар кӣ баргардад сараш аз чархҳо,
Ҳамчу худ гарданда бинад хонаро.
Он чӣ гуфт он боғбони булфузул, 8
Ҳоли ӯ буд, дур аз авлоди Расул.
Гар набудӣ ӯ натиҷай муртадон,
Кай чунин гуфтӣ барои хонадон?
Инҷо Мавлоно мегӯяд, ҳар кас ки зинозода ва зинокор бошад, дар ҳаққонияти мардони илоҳӣ гумони бад хоҳад бурд. Ба унвони мисол, ҳар кас даври худаш бичархад, сараш гиҷ меравад, ӯ дар ин ҳол гумон мекунад, ки хона низ ҳамчун ӯ мечархад. Яъне, ҳар чи он боғбони ёвагӯ дар бораи фарзандони Расулуллоҳ (с) гуфт, дар воқеъ васфи ҳоли худаш буд, яъне он ёвагӯиҳо лоиқи худи ӯ буд. Агар он боғбон аз насли муртаддон ва аз наводаи динбаргаштагон набуд, чӣ гуна мумкин буд, ки дар ҳаққи хонадони Паёмбар (с) чунин ёваҳое бар забон ронад?
Хонд афсунҳо, шунид онро фақеҳ,
Дар паяш рафт он ситамкори сафеҳ.
Гуфт: эй хар, андар ин боғат кӣ хонд?
Дуздӣ аз Пайғамбарат мерос монд?
Шерро бачча ҳамемонад бад-ӯ,
Ту ба Пайғамбар ба чӣ монӣ? Бигӯ.
Яъне он боғбон ба қадре суханони найрангомез ба гӯши фақеҳ хонд, ки ӯ низ он ҳарфҳоро бовар кард. Он гоҳ боғбони ситамкор ва нобихрад ба дунболи сайид равон шуд ва ба сайид гуфт: эй хар! Чӣ касе туро ба ин боғ даъват карда? Оё дуздӣ ва сирқат меросе аст, ки аз Расулуллоҳ (с) барои ту мондааст? Ба унвони мисол, баччаи шер ба худи шер шабоҳат дорад, ҳол бигӯ бибинам, ту бо Паёмбар чӣ шабоҳате дорӣ?
Бо шариф он кард марди мултаҷӣ, (9)
Кӣ кунад бо Оли Ёсин (10) хориҷӣ.
То чӣ кин доранд доим деву ғул
Чун Язиду Шимр бо Оли Расул.
Яъне он боғбон, ки ба ҳилаву найранг паноҳ бурда буд, бо сайид ҳамон кард, ки Хавориҷ (11) бо хонадони Паёмбар (с) карда буданд. Кинае, ки шайтон, ғули биёбонӣ, амсоли Язиду (12) Шимр (13) дар ҳаққи авлоди Паёмбар (с) доштанд, боғбон низ ҳамон кинаро дошт ва интиқом гирифт.
Шуд шариф аз захми он золим хароб,
Бо фақеҳ ӯ гуфт: ман ҷастам аз об.
Пой дор, акнун ки мондӣ фарду кам,
Чун дуҳул (14) шав, захм мехур бар шикам.
Гар шарифу лоиқу ҳамдам наям,
Аз чунин золим туро ман кам наям.
Ҳоли сайид аз заработи он ситамкор вахим шуд ва дар ҳамон вазъ пеши худ гуфт: эй фақеҳ! Ман ки аз об паридам ва гирифтори он нашудам. Инак пойдорӣ кун, ки якка ва танҳо мондаӣ, ту ҳамонанди табл шав ва заработро бар шикам таҳаммул кун. Агарчи ман сайид ва сазовор ва мусоҳиб нестам, вале аз ин ситамгар низ барои ту камтар нестам.
Шуд аз ӯ фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!
Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.
Фатвият ин аст, эй бубридадаст,
К-андаройиву нагӯйӣ амр ҳаст?
Инчунин рухсат бихондӣ дар “Васит”? (15)
Ё будаст ин масъала андар “Муҳит”? (16)
Гуфт: ҳаққ астат, бизан, дастат расид,
Ин сазои он ки аз ёрон бурид.
Яъне ҳамин ки боғбон хиёлаш аз ҷониби сайид ҳам роҳат шуд, ба суроғи фақеҳ омад ва гуфт: эй фақеҳ! Ту чӣ фақеҳе ҳастӣ? Эй, ки мояи нангу ори ҳар нодоне ҳастӣ! Дастат бурида бод! Оё фатвои ту ҳамин аст, ки вориди боғ шавӣ ва суоле накунӣ, ки оё иҷозае дар кор ҳаст ё нест? Оё чунин рухсатеро дар китоби “Васит” хондаӣ, ё ин масъала дар китоби “Муҳит” будааст?
Фақеҳ ба боғбон гуфт: ин ҳарфи ту воқеан ҳақ аст, бизан, ки акнун ғалаба бо туст! Ин аст сазои касе ки аз ёрони худ ҷудо шавад.
* * *
Пайнавишт:
(1) Лоюфӣ; вафо намекунад. Дар ин ҷо ба сурати васфӣ ба кор омадааст, яъне бевафо ва паймоншикан.
(2) Висоқ; хона, утоқ, ҳуҷра.
(3) Рифоқ; дӯстон, рафиқон, ҷамъи рифқа.
(4) Тез; бебок.
(5) Қалтабон; даюс, беҳамият.
(6) Руқоқ; нони нозук.
(7) Ғабӣ; гӯл, камдониш, камфаҳм.
8. Булфузул; нодоне, ки худро доно намояд. Киноя аз ёвагӯ.
(9) Мултаҷӣ; касе ки ба ҷизе паноҳ бурда. Манзур, боғбоне, ки ба ҳилаву найранг паноҳ бурда.
(10) Оли Ёсин; хонадони ҳазрати Паёмбар (с).
(11) Хавориҷ; гурӯҳе аз мусалмонон, ки бо Алӣ ва хонадонаш ҷангидаанд.
(12) Язид писари Муовия, ки Имом Ҳусайн ибни Алӣ, ҷигаргӯшаи Расули Акрам (с)-ро куштааст.
(13) Шимр ибни Зилҷавшан, касе ки сари мубораки Имом Ҳусайн ибни Алиро аз тан ҷудо кардааст.
(14) Дуҳул; табл, доира.
(15) Васит; яке аз китобҳои муҳимми фиқҳӣ.
(16) Муҳит; яке дигар аз китобҳои муҳимми фиқҳӣ.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаким чӣ касест?
Ҳунари гуфтугӯ

Матолиби пурбоздид