Мавъиза ва ҳикмат

Адаб

Мавъиза ва ҳикмат

Маорифи исломӣ

“Тафовути мавъиза ва ҳикмат дар ин аст, ки ҳикмат таълим аст ва мавъиза тизкор (ёдоварӣ), ҳикмат барои огоҳӣ аст ва мавъиза барои бедорӣ, ҳикмат мубориза бо ҷаҳл аст ва мавъиза мубориза бо ғафлат, сару кори ҳикмат бо ақлу фикр аст ва сару кори мавъиза бо дилу отифа, ҳикмат ёд медиҳад ва мавъиза ёдоварӣ мекунад, ҳикмат бар мавҷудии зеҳнӣ меафзояд ва мавъиза зеҳнро барои баҳрабардорӣ аз мавҷудии худ омода месозад, ҳикмат чароғ аст ва мавъиза боз кардани чашм аст барои дидан, ҳикмат барои андешидан аст ва мавъиза барои ба худ омадан, ҳикмат забони ақл аст ва мавъиза паёми руҳ, аз ин рӯ шахсияти гӯянда дар мавъиза нақши асосӣ дорад, бар хилофи ҳикмат.

Дар ҳикмат руҳҳо бегонавор бо ҳам сухан мегӯянд ва дар мавъиза ҳолате шабеҳи ҷараёни барқ, ки як тарафи он гӯянда аст ва тарафи дигар шунаванда ба вуҷуд меояд ва аз ин рӯ дар ин гуна аз сухан аст, ки “агар аз ҷон бурун ояд, нишинад лоҷарам бар дил”, вагарна аз гӯши шунаванда таҷовуз намекунад. Дар бораи суханони мавъизаӣ гуфта шудааст:

الکلام إذا خرج من القلب دخل في القلب، وإذا خرج من اللسان لم یتجاوز الآذان

Сухан агар аз дил бурун ояд ва паёми руҳ бошад, дар дил нуфуз мекунад, аммо агар паёми руҳ набошад ва сирфан санъати лафзӣ бошад, аз гӯшҳо он тарафтар намеравад…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Сайре дар Наҳҷулбалоға)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пизишкиён солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт
Алис Вайдел: Олмон варшикаста аст!

Матолиби пурбоздид