Макорими ахлоқӣ ба чӣ маъност?

Макорими ахлоқӣ ба чӣ маъност?
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Фалсафаи беъсат, ба маънои ин аст, ки беъсат ва баргузида шудани ҳазрати Муҳаммад, ба паёмбарӣ асосан барои чӣ будааст.
Дар ҳадиси мубораке аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст, ки ман барои комил кардани макорими ахлоқ, яъне барои комил намудани ахлоқи хубу некӯ ва ахлоқи ҳасана, ба паёмбарӣ баргузида шудаам.
Дар ин ҳадиси муборак, Расули гиромии ислом, фалсафаи беъсати худро, яъне муҳимтарин далели ба паёмбарӣ баргузида шудани худашонро комил сохтани макорими ахлоқ ва ба иборати дигар, комил сохтани ахлоқи хубу некӯ донистаанд.
Албатта ҳамаи мо, дар маҷмӯъ, хабар дорем, ки ахлоқи некӯ кадом аст, аммо барои беҳтар фаҳмидани маъно ва мафҳуми ахлоқи некӯ, боз ҳам ба аҳодис руҷӯъ мекунем ва маънои макорими ахлоқ, ё ҳамон ахлоқи хубу некӯро аз баёноти аҳли байти Паёмбари Акрам(с) ҷустуҷӯ мекунем.
Дар ривояте, аз Имом Содиқ(р) чунин нақл шудааст: “Оё ба шумо бигӯям, ки макорими ахлоқ чист?
Гузашт кардан аз мардум, кӯмаки молӣ ба бародари динии худ ва бисёр ба ёди Худо будан”.
Бо ин ки бештари мавориди ахлоқи хубро ҳатто аз кӯдакӣ, дар муҳити хонавода ва мактаб, ба мо омухтаанд, аммо дар ин ҳадиси муборак, гузашт кардан аз мардумро аз муҳимтарин мавориди он донистаанд, ки бояд бештар рӯи он диққат шавад.
Масъалаи баъдӣ низ боз ба мардум ва мардумдорӣ бармегардад, он ҷо ки мефармоянд, кӯмаки молӣ ба бародари динии худ, ки аз мисдоқҳои ахлоқи некӯ ба шумор рафтааст ва низ дар ниҳоят, бисёр ба ёди Худо буданро ба унвони ин сифати неки инсонӣ зикр намудаанд.
Пас бо баёни ин матлаб, ба ин натиҷа мерасем, ки фалсафаи беъсати Расули Худо(с), ё яке аз иллатҳои аслии баргузида шудани ҳазрати Муҳмаад(с) ба паёмбарӣ ҳамин маворид аст, ки гуфта шуд:
Гузашт кардан аз мардум, кӯмаки молӣ ба бародари динии худ ва бисёр ба ёди Худо будан.
Худованд ҳамаи мову шуморо ба ин сифоти зебои инсонӣ ороста гардонад.
З.А.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сураи муборакаи Фотиҳа
Дубайтиҳо

Матолиби пурбоздид