Мактаби андеша
Луқмон Бойматов
Агар сиёсатҳо шаффоф нестанд, ҳатман фосиданд. Ва агар сиёсатмадорон фосиданд, дурӯғгӯёну дуздон ҳокиманд.
***
Қабл аз он ки сурати ҷомеаро беҳтар бикунед, сирати худро беҳтар кунед!
***
Сукути шумо – шикасти шумост!
***
Шумо, эй аҳли дониш, ки қодир ба тағйир додани хулқи худ нестед, чӣ гуна метавонед дунёи миллатро тағйир бидиҳед?!
***
Хеш аст, ки дар паи худхоҳияш хештан мешиканад.
***
Достоне, ки дар он адолат риоят нашавад, пас он василаи зулм аст.
***
Ҷаҳонсӯзон маншури хеш аз зулм гирифтаанд ва бад-ин хотир бедод ҳаргиз обистани дод нахоҳад буд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: