Маро мағрур махон дигар

Адаб

Маро мағрур махон дигар

Субҳӣ Ҷавҳаризода

Замоне, ки ман аз ҷўши ҷавонӣ хандаҳо карда,

Задам қоҳ-қоҳи мастона.

Ба узви хомхаёлиҳои хеш моҳро созам,

Ба дастони ту даспона.

Маро мағрур хондӣ ту.

Гиреҳ буд абрувонам мисли ресмони гиреҳбаста,

Даме, к-аз нобарориҳои хештан шарм медоштам.

Сарамро хам накардам, лек ба назди ҳар касу нокас,

Агарчанде миёни баҳру тўфон зиндагӣ кардам.

Маро мағрур хондӣ ту.

Замоне, ки сарамро кардам боло бо тафохур ман,

Задам чашмак ба ахтарҳои осмонӣ.

Даруни мавҷҳои зиндагонӣ ҷустам,

Баҳори бехазону хандаи гулҳои бодомӣ.

Маро мағрур хондӣ ту.

Нигар боре азизам, бар даруни дидагони ман,

Чӣ мебинӣ дар онҷо ту?

Ғуруру ман-мании навҷавониро?

Нигар боре ба чашмони ҳақиқат, гўям он гоҳ,

Маро мағрур махон дигар!

Субҳӣ Ҷавҳаризода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хонаҳои ҷаҳон моли туст!
Ғазза ва инсоният

Матолиби пурбоздид