Маскав: Ҳамкорӣ бо НАТО ҳеч фоидае надорад
Ахбори байналмилал
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, эҳёи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии Маскав бо Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО)-ро комилан бефоида хонд.
Зимни нишасти хабарӣ дар Кремл, Песков дар бораи НАТО гуфт: НАТО сулҳу субот намеоварад, аммо ин иттиҳоди низомӣ вазъро дар минтақаҳои ҳузури худ ноором мекунад. Мо хамкориро бо НАТО умуман муфид намешуморем.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ӯ ҳамчунин дар бораи тахриби сарбанди Каховка ва нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷануби Украина изҳор доштааст: “Дар назар нест, ки Путин аз манотиқи зериобмонда пас аз таркиши сарбанди Каховка боздид кунад”.
Сухангӯи Кремл дар ин бора тавзеҳ дод: “Кормандони имдод дар вилояти Херсон, ҳатто дар зери бомбаборони пайваста пас аз таркиши нерӯгоҳи Каховка фидокорона кор мекунанд”.
Инчунин Песков иттиҳоми Украина алайҳи Русия дар мавриди тахриби сарбанди Каховкаро рад карда, гуфтааст, ки режими Киев ин корро барои маҳрум кардани нимҷазираи Қрим аз об анҷом додааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн